Бахшҳо
04 сен 2014 10:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Мушкили мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе бо оғози соли нави таҳсил печидатар шудааст.

Ҳамарӯза субҳ ва наздики шом дар кӯчаҳо одамони зиёдеро дидан мумкин аст, ки интизори нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофиркашҳоянд. Талабшоҳ Норов, донишҷӯи тоҷик мегӯяд, бо далели кам будани нақлиёт сари вақт наметавонад дар дарсҳо иштирок намояд. “Ҳар рӯз қариб аҳвол ҳамин аст”,-илова мекунад ӯ. Ба гуфтаи Шоҳҷаҳон Диёров, сокинони шаҳри Душанбе, вай бо мусофиркаши хатсайри 8 ҳар субҳ ба кор меравад: “дар ин хатсайр одам зиёд аст, мусофиркашҳое ки ҳастанд, наметавонанд мусофиронро сари вақт ба ҷои зарурӣ бирасонанд”.

Бархе мусофирон мегӯянд, маҷбуранд аз хизматрасонии таксӣ истифода намоянд, ки хисороти ҷиддие ба вазъи молияшон мезанад. Марде, ки тақрибан 60 сол дошт, шикоят намуд, ки “ноилоҷ бо таксӣ ҷои кор меравам. Маошам харҷи роҳро ҳам намепӯшонад”. Бархе аз мусофирон мегӯянд, ронандаҳое ҳастанд, ки аз вазъият истифода намуда, арзиши роҳкироро баланд мебардоранд. Малоҳат, як сокини пойтахт мегӯяд, баъзан ба ҷои як ду сомонӣ ва ба ҷои 2, чор-панҷ сомонӣ мегиранд: “намедонам ин ҳолат то кай идома мекунад?”


Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)
Мӯҳр
Инсоф
Чунин ба назар мерасад, ки вазъияти нақлиёту мусофирбарӣ дар Душанбе ба "самотек" монда шудааст, ягон хозяйственнике нест то дар ин ҷо тартибро ҷорӣ намояд. Наход, ки дар соатҳои зарурӣ (час пик) яъне аз 7:30 то 8:30 субҳ ва 17:00 то 18:00 натавонед ҳамин вазъиятро саришта намудан ?????!!!!! Хайрият, ки дар ихтиёри шумо бузургон мегаполисҳо набудааст, дар се ҳафта харобаш мекардед, чунки ба дарди мардум вокуниш надоред. Ҳамин проблемаи нақлиёт дар Душанбеи на он қадар калон чанд сол мешавад, аз рӯи инсоф гӯед!!! Аммо ҳал намешавад, механизмашро пайдо намоед, охир салоҳият ва ҳатто масъулият доред!Бе зургӯию дағалӣ, ҳаминро ҳал намоед.

Офарин ба озодагон, ки чунин проблемахои чиддиро пайгри мекунад. Бовари дорам хатман масъулин барои худро сафед кардан посухе медиханд, ки чуз умумигуйи чизе нестанд.

э бовар кунед...хар руз кати ронандахо чанг шуда меоям...то якташ 2 сом.мегирад як хелаш 3 сом....ина бояд Раиси шахр ба назорат гирад...

Манам студент хастам, хамин масъалаи наклиёта чидди ба рох монда хал кунед, охир хар сахар ба як зури мошин дастрас мекунам, Старекс ку тамоман сахар дар хатти 8 нест, хаму мошинои майдаи шахмиям ки 3 сомон мегиран ба зури дастрас аст.

ташакур Озодагон! ин мавзуи бенихоят мухим, бояд на як бор дар ин бора навишт. зеро рохбарияти шахри Душанбе ва вазоратхо парвои халли ин масъаларо надоранд. Чунки онхо ва кудаконашон ягон бор аз наклиёти мусофирбар истифода намекунанд. Дина ман аз шофёри хатсайри 16 40 дирам бакияпули пурсидам ва гуфтам ки у хукук надорад аз ман 2 сомон гирад. У чунон дар газаб шуд ки, маро конунчи гуфт. Ман раис мебудам, ба чои флагштоки 40 миллиондоллара автобусхои бехтаринро дар Душанбе чори мекардам. Аз тарафи дигар мардуми мо бенихоят пурсабр аст ва аз ин мутаассифона хукуматдорон истифода мекунанд. Агар дар Русия ин хел транспорт мебуд, мардумаш кайхо раисошро аз вазифа мегирифт. лекин по точикем - ба акидаи ман миллати бемаданият ва бешуур хастем аксари мо. Узр барои чунин навиштан - ин хулосаи ман аз хаёти имрузи пойтахти кишвар аст.

852
Чи гуна шахрест ки наклиети чамъияти надорад ба умеди 2-3 маршруткаи буйгину чиркин ин магар пойтахт аст.Машруткаи раками2 аз 1советский то комплекси газет барори 2 сомони мегирад агар гап зани карори 260 -и шахрро мисол меорад илтимос хамон карора беэътибор куненша агане ойлукамон ба рахпули намерасад.Баъдан чаро автобусу тролебус нест дар шахр?аз дуду чанги мошинхо мардум гаранг шидан охи.

Зафар
Бародарони гироми, аз руи инсоф гуед магар дар давоми хамин хукуматдори боре хам проблемаи наклиёти шахр оё хал шуд, не албатта, фарки шахр бо наклиёту тозагиву шабакахои оби гарму хунук аз авул фарк мекунад. Аз хамин се шарт кадомаш хал шудааст, хич як, сад бор мегуям хич якаш хал нашудааст. Инхо хама кахрамон, хамса фаришта, аллома, бузургвор ва хоказо, аммо

Мехроч
Сари махал пулро пардохт манамоям дар автакаллонаи 2927 Аммо Раиси автокалонна Шарифхон капида ракамхои мошинамро канда аз ман бо пули 150- 200 сомониамро гирифта Боз ракамхоямро пас гардонида Ронандахоро безор аз чон кардагиастанд чораашро бинед илтимос пули кор кардагиам ба ба хамон корхо меравад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)