Бахшҳо

Эълони Назриев дар бораи барканории Ғаффоров аз раёсати ҲСТ

Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба ҳайси номзад дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат хоҳад кард.

Назриев ин нуқтаро дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошта таъкид намуд, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи сабтиномшудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон наметавонад дар ин самт монеа шавад: “Вақти мушкил эҷод кардани ў гузашт. Аъзои ҳизб аз Абдуҳалим Ғаффоров пуштибонӣ намекунанд ва эҳтимолан то интихоботи парлумонӣ аз вазифаи раисии ҳизб барканор шавад”.

Назриев муътақид аст, ки дар арафаи интихобот ҳар ду ҷиноҳи ҳизб якҷо шуда, баъди сабт дар Вазорати адлия ҷиноҳи ғайриҳукуматии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷуманҳо тасмимгирӣ хоҳад кард.

Мусоҳиби “Озодагон” таъкид кард, феълан аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон рӯйхати 18 номзад барои иштирок дар интихобот таҳия шудааст ва эҳтимол аст, дар оянда боз такмил дода шавад.

Мирҳусейн Назриев, ки худро раиси бахши ғайриҳукуматии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон меномад, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба эътилофи интихоботӣ пайваст, вале аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади мухолифин пуштибонӣ накард. Абдуҳалим Ғаффоров раиси ҷиноҳи расман сабтиномшудаи Ҳизби сотсиалистӣ, ки аз ҷониби Назриев шахси ба ҳукумат наздик ном бурда мешавад, аз ҷониби Вазорати адлия раҳбари ин ҳизб эътироф шудааст.
Мӯҳр
Саид
Ман шахсан хамин Абдухалим Гаффоровро бадбахтона мешиносам ва бовар кунед намедонам дар бораи ин фард чи гуям, ман кариб хар руз бо у вомехурам ва аз дидан зачр мекашам. Эхх акаи Гаффоров, Гаффоров, хатто боре хостед ки ман узви хизби шумо шавам, худоё наход ман он кадар сода бошам.

Гапи рост
акаи Мирхусейн Назриев милёнмаротиба аз Гафоруф дида босавод, олим ва чиддиву якру аст, масоили хизбиро дуруст пеш бурда метавонад, сиёсатмадори пухта, дурандеш, ватанхох мебошад.

Гаффоров аз хирадмандтарин ва хоксортарин ашхос аст.Арзандаи рохбарии хизбниз аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)