Бахшҳо

Кабирӣ: Родикалҳои дунявӣ ҷавононро ба самти ифротгароӣ мебарад

Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон аз ин ҳизб аз фаъолшавии гуруҳҳои ифротгаро дар минтақа ҳушдор дода гуфтааст, ҳукуматҳо бо саркӯби неруҳои муътадили исломӣ роҳро барои тундгароён боз хоҳанд кард.

Раиси ҲНИТ рӯзи 4 сентябр дар пайи як ҷаласаи ҳизбияш гуфтааст, шароити бади иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии минтақа ба паҳншавии андешаҳои гуруҳҳои ифротӣ суръат мебахшад, ки бисёриҳо аз он дар ғафлат мемонанд. Муҳиддин Кабирӣ аз суръати гаравиши ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ифротгаро нигаронӣ карда, бетаваҷҷуҳии ҳукуматдорон ба ояндаи миллатҳои худро дар минтақа ташвишовар хондааст: “Мутаассифона, ҳукуматҳои минтақа ояндаи миллатҳо ва минтақаро дуруст таҳлил накарда, ҳоло муборизаро алайҳи нирӯҳои муътадил пеш гирифтаанду Исломро дар маҷмуъ ҳадаф қарор додаанд. Ин ҳукуматҳо бо саркуб ва тазъиф кардани нирӯҳои демократӣ ва муътадили исломӣ заминаро барои пайдоиш ва рушди гурӯҳҳои тундрав муҳайё карда истодаанд, ки оқибати ин корҳояшон барои миллат ва кишварҳои минтака таассуфбор хоҳад буд."

Ӯ дар идома аз раҳбари Шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ хостааст, барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонони тоҷик ба неруҳои ифротгаро чораандешӣ намуда, роҳҳои берун овардани насли наврас аз вазъияти дилсардию маъюсиро пайдо кунад. “Вазифаи мову Шумо, бахусус Шӯъбаи ҷавонон ин аст, ки ҳамзамон бо ҷалби чавонон ба равандҳои демократӣ ва қонунӣ, мисли маъракаи интихоботии дар пеш истода, боз барои дарозмуддат роҳҳои пешгирӣ кардан аз рушди ифротгароии динӣ ва дунявиро пайдо кунем. Вақте мо дар бораи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ суҳбат мекунем, набояд фаромуш кард, ки як бахши пайдоиши тундгароии динӣ родикалҳои дунявӣ ҳастанд, ки бо иқдомҳои носанҷида ва ифротгароёнаи худ вокуниши тарафи дигарро ба вуҷуд меорад ва ҷавононро ба самти ифротгароӣ савқ медиҳанд”,- афзудааст Муҳиддин Кабирӣ.
Мӯҳр
Аслиддин
Чаноби Кабирй, Шумо суханонеро иброз доштед,ки Президенти кишвар дар бисёр суханрониаш онхоро таъкид месозад. Пас дар ботини худ хулоса бароред, ки оё амалхои Президент ва Хукумат дуруст нест?

гапатон рост чаноб Кабири, вале бояд кушиш кард рохи пеши ин ифротиенро гирифт. ин ифротихоро амрикоихои яхуди тарбия менамоянд.

Саид
Кабири сад дар сд рост мегяд. Ин амале, ки хукуматдорони мо кардаистодаанд як руз не як руз бар сари худашон бало мехаранд!!!

Ассафох
Ишколи хукумати феъли дар он зохир мегардад,ки ба хеч вачх фарханги аслии миллати хеш (ислом)ро пазиро нест ва хама вакт бо он дар ситез аст.Ислом як нишонаи ташаккули миллати точик буд хаст ва хохад монд.Аммо хукумат ва институтхои тахлили он то хаде дар гафлатанд,ки муборизаи бе амонро бо исломи муътадил сар карда бадин восита кишри парастори онро ба ифрот мекашад. Магар лозим аст хар (бо ном мулло) фохишро дастгир карда онро намояндаи хизби нахзат хонд ва бадин восита шаъну шарафи онро коста карда мардуми вобастаи онро ба ифрот мекашад

Мусулмон
Офарин Муҳиддин Кабирӣ, ако ҳамаи гапҳотон сад фоиз рост-дия, аммо афсӯс, ки ҳамаи ин бадбахтиҳои мардуми тоҷик аз ҲНИТ аст, биё ҳамин ҲНИТ атонро бо Раёсататон аз Тоҷикистони азиз тамоман гум кунед, хизмати Шумо Муҳиддинако барои халқу Ватан беандоза мешавад.

Star
Имруз мубориза хам бар зидди Ислом ва хам бар зидди хизби нахзат рафта истодааст.
Афсус, ки мусалмон хукуки озод зиндаги карданро надорад.
Аммо ба хамаи ин корхо холо чавобгари дар суди байналдуняви хаст.

доно
Тухми ифротгароии дини хамин дин аст, на дунявихо. То замоне ки ислом вучуд дорад, заминаи пайдоиши толибону ДИИШ хам вучуд дорад ва ин ба дунявихо ягон дахл надорад. Новобаста аз мунсибати дунявихо бо диндорон ифротгарои дар чомеъаи мусалмонон пайдо мешавад. Чун талаботи ин дин хамин аст. Касе холисона куръонро ханад инро ба осони дарк мекунад.

star . Чи хел мусулмон озод набудааст. Ман 25 сола хам ман хам падарам озодона рафта дар масчид намоз мехонем то кунун ягон нафар сади рохи масчид нашудааст. Як ба Узбакистон ё киргизу казок рав баъд ба кадри озодии мусулмонхои Точикистон мерасию шукри масчидхои пур аз намозхони кишвари Точикон мегуи. Аллох нигахбони ШУМО

оор
Радикал боши бехтар аст. Аккалан аз ту метарсанд ва бо ту яку ду мекунанд. Шуморо, ки тахаммул карда мегардед ва накши худро танхо дар пахш кардани изхорот мебинед (дар асл тарсончак хастед), пустаки таги по кардаанд.

boi
зодруз.муборaк.устод.сaбридин.мухидин.кaбири
.худо.шуморо.нигaхдорaд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)