Бахшҳо
05 сен 2014 10:20Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми сентябр дар Душанбе хостори арзоншавии нархҳо, болоравии фарҳанги муоширати савдогарон, бартарафсозии монополия ва сохтмони бештари фурӯшгоҳҳои муосир шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи маҷмааи савдои «Пойтахт - 90» дар Душанбе суҳбат мекард, бо зикри афзоиши аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт дастур дод, ки барои таъминот бо маҳсулоти арзон бо деҳқонони навоҳии атрофи пойтахт ва вилояти Суғду Хатлон созишномаҳои мустақим банданд. Раисиҷумҳур хостааст, болоравии беасоси нарх, рақобати носолим ва бартарафсозии омилҳои инҳисорӣ, яъне монополия ба баъзе намудҳои маҳсулот бартараф карда шаванд ва ҳукумати Душанбе ин масъаларо зери назорат гирад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаст, ки феълан дар Душанбе 36 ҳазор соҳибкор фаъолият доранд ва афзудааст, хизматрасонӣ дар самти савдову хизматрасонӣ бо риояи меъёрҳои муосир ва фарҳанги миллӣ ба роҳ монда шавад: “Беҳуда нагуфтаанд, ки бозор баёнгари сатҳи зиндагӣ ва нишонаи маданияти хизматрасонӣ мебошад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номуътадилӣ дар бозори озуқаи ҷаҳонӣ бори дигар аз сокинон хоҳиш намудааст, ки барои ду сол ғизо захира намоянд ва бо ёдоварӣ аз гузашта таъкид намудааст, ки ин иқдом дуруст будани худро собит намудааст.

Маҷмааи савдои “Пойтахт-90”, ки имрӯз кушода шуд, беш аз 900 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда, дар масоҳати 33 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Ин маҷмаа дорои нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла 82 мағоза, тарабхона, ошхонаву қаҳвахона, толори маҷлисгоҳ, сардхонаву бағочхона, инчунин озмоишгоҳ ва истгоҳи воситаҳои нақлиёт мебошад.


Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)
Мӯҳр
Хайрон
Наход дар забони точики дигар ягон номи зебову мувофиктар ефтан мумкин набошад е лексикон аз се чор калима иборат аст? Охир чанд иморат мавзеъ номи пойтахт дорад. Кариб дар хар кучаи Душанбе ягон корхона бо номи пойтахт вучуд дорад. Охир худи Душанбе пойтахт мебошад, боз дар дохилаш 10 - 20 пойтахти дигар чи лозим? Як назар кунем номи Пойтахт ва Душанбе мондашудааст. Ба фикри ман ин нишонаи кашокии лугати ва чахонбинии танги номгузорон мебошад.

Салим
Бозори калон хуб асту чояш номквофик. Барои ба бозор рафтан аввал масъалаи транспорташро бояд хал кунанд. Он тараф ба фикрам ягон наклиёти чамъиятй нест. Метарсам ки баъди 10 руз холй мемонад.

Шод
Гизое набошад аз кучо захира кунем. Оё бо ин маошу бо ин нарху наво захира кардан мумкин бошад?

Чошам созай номшам созай,
Маркази савдои муосирай

r
Салим,
rost megi barodar..i Tojikoi mo..namedonum ki bosha i disayneri i Poytaxt..Poytaxtsha monden 90 ush chi mano dora..rangi gudakbozi..Хайрон,
Хайрон,

Ба чои сипосгузори меноланд Хаминкадар ободихо бар замми ин норозианд охир ношукри накунед . Номшузории пойтахт 90 бар он аст ки имсол 90салагии Душанбест ман 100% АЗ Чаноб ва ободкорихои у мамнунам бигузор хамеша гамхори миллат бошад
Салим,

АА
Салим,
Бародар ин бозор барои ману ту нест - факат барои пулдор.........

хазорсола шавед мухтарам чаноби оли бисер суханони худ агар дар хамин бозори корвон участкови млиса кор кунаду кудакони мактабхонро ба мактаб равон кунад бехтарин мешавад махсусан дар чое ки контенерхое ки уйгурхо савдо мекунанд кудакони мактабхон ба тичорати материал машгуланд адаб нест муошират нест кош ин хонандагони мактабхои хисору кургонтепа душанбе дар мактаб бошанд озодагон ба фоидаи давлату милатай чопш бикун

Darvesh
Khudovand barori korta btad Janob. Man dar donishgoh dars medihum, 650 somoni maosh megirum. Dokhili in bino daromada 1 poyafszolro narkhashro pursidam 650 somoni meistad. Maosh va narkhi 1 poyafzol ki 1 boshad pa 100 hayfi omuzgorii mo.... Fikr kardam in bozorro baroi mo nevu baroi khudton sokhted!!! 1 jahon tashakur!!!

Ассафох
Мухтарам пеш аз баромад назди ВАО,ки хар нутки нотакрори Шуморо ба мардум мерасонанд бояд тахлил кунед. Имруз миллати точик (танхо точик зеро аквоми узбакия хело сарватманданд) кудрати оростани дастурхони идонаро надоранд аз кучо метавонанд чизе захира кунанд?? Маош бесуръат ва нархи гарони озукаи истехсоли ватани ва пардохти гарони барк,об, кулли точики дар ватанбудаи БЕ ватанро мотамзада кардааст.

илтимос хукумати шахр бозори зеленийро нарасед накучонед мо душандегие ин бозорро дуст медорем мо дар хамин чо калон шудем мо мехри ватан дорем илтимос нарасед хамин щелений бозорро

Дар шахр бо мафкураи шахрй бояд зист. Ташаккур ки шахрдор чунин як мачмааи зеборо бунёд кардааст. Вакти аз байн бурдани бозори Зелёний омад. Баовар кунед бозори Зелёний чои тавлиди хама гуна касалихост. Раиси шахр ба пеш!

2 РУЗА ЗАХИРА КАРДА НАМЕТАВОНЕМ 2 СОЛА РОХИ ДУР БОГБОН БОГ ДОРИ ДОРАМ

ГАНДУМ ЗАХИРА КУНЕД БАСАЙ ШУМОДА НОНИ КОК ЧОЙИ КОК ШУМО ГУРГЕН КИ ГУШТ ХУРЕН ХА ХА ХА 1 ЧАХОН ТАШАККУР

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)