Бахшҳо
05 сен 2014 10:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

А.Ғойиб дар бораи ихтилофи мафкуравию мазҳабӣ, бархӯрди манфиатҳо ва андешаҳои бегонапарастиву ифротгароӣ

Абдуфаттоҳи Ғойб, раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлолият аз тобеин ва сокинони кишвар хостааст, дар мубориза бо фасод масъулиятшинос бошанд.

Абдуфаттоҳи Ғойиб дар матлабаш, ки аз ҷониби дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасод нашр шудааст, ба зиракии сиёсӣ даъват намуда, афзудааст, дар шароити имрӯза инсоният гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ гаштааст: “Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо нуфуз пайдо кунанд ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошем”.

Ӯ мубориза бо коррупсияро яке аз омилҳои таъмини амнияту субботи кишвар хондааст, чун ба ақидааш, “коррупсия ҳамчун як зуҳуроти номатлуб оромӣ, субботи ҷомеа, ҳисси боварии мардумро ба оянда, ба мақомоти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ коста мегардонад.”

Бо зикри ин Абдуфаттоҳи Ғойиб таъкид кардааст, ки ҳар як корманд бояд дар таъмини амният, ошкор ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо дасту дили пок фаъолият намояд.
Мӯҳр
Субхи бачи Насри
Абдуфаттох, дилу дасти худу кормандонатро аввал пок гардон, бад ба халки бечора гап зан.

Ака худутда дахл
а бача хар руз дар вахдат як корманди заминсозии шахро бо пора мекапанд лек рохбар ки чияни гул ш...ай пул гирифта чавоб метан ф. саидов ана коргарони шумо фикру андеша кунед.. озодагон чоп намо аз расми шабнам ин хубтар аст.

мухочир
АГЕНТИИ ФАСОДИ НАЗДИ ХУКУМАТИ ТОЧИКИСТОН

Инсоф
дар бораи ин омилҳо Кумитаи амният гап занад ва ё Вазорати корҳои дохилӣ гӯянд ман мефаҳмам, чунки амният ва аз он ҷумла амнияти иҷтимоӣ таҳти масъулияту салоҳияти онҳост. О, ин барои чӣ ба ҳама чиз фарогирона, бо насиҳат муроҷиат мекунад. Ба имиҷи контораи худ аҳамият деҳу ба ҳама масъалаҳо ворид нашав, ифротгароиву тундравию таассуб "моли" ту нест.

Абдуфаттох аввал худта ба даст гир дилу имони худта пок дор ту барин ба дину мазхаб чи кор доред бе ин хам чоят маълум мухтарам

Саид
"Бале андешахои авлодгарои, трайболизм, кавмгарои ва махалгарои чои бегонапарастиро гирад ва мардуми Сухд, Бадахшон, Зарафшону Рашту Хисору Вахдат бегонаанд".

Инсоф, О,бардоар чи таъна мезани, ин кадаме ба унвони илми, ФатохАком аз ки кам хама вазирон акдамеку профессор, аком истад ми. Ин хам як тадкикоти илми кардаст чашми ту халидми....

Агар хохед ки дар Точикистон бо коррупсия фасодкори набошад мубориза баред. бояд тамоми мардум мубориза барад. Коррупсия аз сари худи мардум сар мезанад. Мисоли одди. Дар дилхох чойхои чамъияти навбати мардум ба вучуд меояд. Мардуми мо мисли оддат тагодавонию порадихиро сар мекунад, то ки 5 дакика интизор нашавад. Масъалаи дигар бетарафи. Хар руз хамаи мо шохиди хазорхо фасодкори мешавем, яъне чиноят лекин ягон кас ариза наменависад ё шикоят намекунад. Танхо овоза ана дар Точикистон хама фасодкор хама порахур . Яки писараш ё дигар хеши худаш аз авбоши ё дигар хукуквайронкуни дар дасти милитсия афтад маблаги - порааш дар дасташ пеш пеш аз ин тараф аз он тараф одам ёфта он пораро дода писарашро халос мекунад. Дилхох муносибат аз тарафи конунхои Точикистон ба танзим дароварда шудаанд. Аммо бинобар сабаби танбали нофахми такабури, ки 5 дакика игнтизор нашава, рохи осони корро ёбам, аз чавобгари гурезам, фоида орам гуфта, хамаи мардум ба фасодкори даст мезананд. Шиори мардум инхоаст; Агар пора гирифтану пора дода натавони ту тормоз тарсончак ё беакл хасти агар ба органхои давлати оиди фасодкорию дигар чиноятхо хабар дихи ту "буз" хасти. Ахсан мардуми бузург. Ба пеш зиндаги кардан гиред хамин хел. Шиорхои бехтарин Факат як чиз гилаю нола накунед. Мисли кудакони гирёнчак барин дар хамин шабакахои ичтимоии чунон гиря мекунед, ки дили кас месузад.Як конфети бобоги бошаду дар дастатон бидихи онро

Ватандуст
А. Гоиб шахси ватандуст буда дасту дили пок дорад. Дар хакикатан мубориза бар зидди фасодро мебарад. Агар дар сурати набудани чунин чавонмардон сатхи коррупсия дар чомеа руз ба руз авч мегирад. Инчунин дар Точикистон танхо А.Гоиб бо шахсони воломансабе ки дигар кормандони макомоти хифзи хукук мутахаманд мубориза мебарад. Мо бо Шумоем Абдуфатохи Гоиб !!! Алох нигахдорат бод бародар (Шери нари Точик)

Бародаро шумо нисбати як макомот ягон далел надоред, хавои гап назанед, ки дуруггуи ва игвоандозиро Худованд намебахшад. Фардо рузи киёмат барои ин хама гапхои надониста навистаамон чавоб медихем.

Назарали аз Кулоб
Дустони азиз дар хакикатан хам А.Гоиб мансабдорони порахуреро чазо медихад, ки дигар макомоти кудрати метарсанд, ин далели гуфтахост ки онхо мутахаманд. Мо низ бояд бетараф набошем ва якчоя сатхи фасодро дар Точикистон кам кунем. Зеро ки дар Куръони карим низ порахурию порагири харом омадааст.

яке аз адолатмандон
Биёед бас кунем то ба кай айби якдигар мечуем чунин марди покчуй Худо насиб гардондааст шукр кунед агар мисли Абдуфатохи Гоиб боз якто мебуд бозам зиндагонии мо хуб мешуд Худо икболу часорататро аз инхам зиёд кунад

Зафар
Охир ин кучову мафкура кучо, эээ воойййеее вооооййй!!! Мафхуми мафкураро бо камтарин маъни агар хамин нафар фахмонад-ку, юовар кунед бехтарин муъчизаи олам зухур хохад кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)