Бахшҳо

Ифтитоҳи парванда нисбат ба як сокини Кӯлоб, ки дар Сурия меҷангад

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбат ба як сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар Сурия меҷангад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои торнамои ВУД, ин нафар Фарухҷон Боронови 31-сола мебошад. Манбаъ навиштааст, кормандони Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлон муайян кардаанд, ки Боронов “моҳи феврали соли ҷорӣ, ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш, бо мақсади дар роҳи Ислом ҷиҳод намудан ба Сурия рафта, ба ҳайати ташкилотҳои хусусияти террористӣ дошта дохил мешавад”.

“Айни замон Фаррухҷон Боронов ба муқобили низомиёни ҳукумати конститутсионии ҷумҳурии Сурия ҷангида, дар муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок карда истодааст”,- менависад торнамои ВУД.

Ифтитоҳи парванда алайҳи Боронов дар ҳолест, ки ахиран аз кушта шудани Бобоҷон Қурбонов,як сокини маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб, мулаққаб ба “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” хабар расид. Сомонаҳои наздик ба созмони Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом навиштанд, ӯ “ҳангоми ғасби фурудгоҳи Табқа”-и минтақаи Раққаҳи Сурия ҳалок шудааст. Ба гуфтаи Даврон Қурбонов, бародари Бобоҷон, 26-уми август нафари ношиносе ба ӯ занг зада, барои дар Сурия “шаҳид” шудани бародараш табрик намуда, талаби "дуо" кардааст. Аз ин пештар расонаҳо дар мавриди марги Бахтиёр Шеров, сокини дигари шаҳри Кӯлоб навишта буданд.
Мӯҳр
Сарабек
Шахид нашуда муред-е! Боз барои мурдан табрик мекардаанд. Фанатизми ошкоро. Барои пул чанг рафтам гуеду монед-дия. Бехунарони дангоса! ба гуфти Ислом Каримови узбак.

Исломиёни ифротӣ! Онҳо дарди сари олами мутамаддун шудаанд. Мусалмон бошӣ намозатро дар вақташ хонда, рӯза гиру хайру саховатмандӣ карда, дурӯғ нагуфта, дар тиҷорат фиребу найранг накарда, зиндагӣ карда гард. Ҷиҳод дар асри 21??? Ин худфиребие беш нест! Он лидерони исломие, ки ҷавононро бо ҳар роҳ ба ҷиҳод мекашанд, фардо, ки қозию, оятуллоҳу эшону президенту дигар ва дигар шуданд, шарикони ҳамсангарашонро базудӣ фаромӯш хоҳанд кард. Ин гуна мисолҳо дар таърих бисёранд. Ба роҳи ҷиҳод фақат марди бесаводу тангназар, беҳунар ва аз падару модар ва зану бача безоршуда, меравад. Ғайр аз ин, як марди хориҷӣ чӣ ҳақ дорад рафта, муқобили шаҳрвандони кишвари бегона биҷангад? Ин рафтори ҷинояткорона на ба қонуни ислом дуруст меояду на ба қонуни дунё! Пешвоёни ҲНИТ бояд ба мухлисони хеш ин тарафи масъулиятро ҳар рӯз шарҳ диҳанд. Президенти мо нисбат ба баъзе исломиёни ифротӣ сахтгирӣ карда, дуруст мекардааст! Ҳукумати собиқ Шӯравӣ ҳам ҳамин тавр мекард. Онҳоро ба ҳоли худ гузорӣ, ҳамаро аз кори дунё дилсард карда, мактабу донишгоҳҳоро мебанданд. Мамлакатро ба зулмот табдил медиҳанд. Ҳоло ки арафаи интихоботи парлумони Тоҷикистон аст, мардум бояд дар он оқилона ва ҳушёр иштирок бикунад. Агар каме нотинҷӣ шавад, на тоҷир тиҷораташро карда метавонаду на муаллим муаллимиашро ва ғайра....Дунё барои зиндагӣ офарида шудааст, на барои ҷиҳод!

Агар мо аз суханони ниёгони хеш огохи медоштем имруз дар фиреби ин котилони аср намеафтидем сарчашмаи хамаи бадбахтихо чохили аст Душманро дар хар либосе бояд шинохт.(шеър)
ИБОДАТ БА ЧУЗ ХИДМАТИ ХАЛКНЕСТ,
БА ТАСБЕХУ САЧЧОДАВУ ДАЛК НЕМТ.
КАДАМ БОЯД АНДАР ТАРИКАТ НА ДАМ,
КИ АСЛЕ НАДОРАД ДАМИ БЕКАДАМ.
Саъдии Шерози

кулоби
Сарабек,
Акли ту кобилияти фахмиши чунин холатхоро надорад.

мухочир
барои дар Сурия “шаҳид” шудани бародараш табрик намуда, талаби "дуо" кардааст. Ба фикрам Фарухчон Боронови 31-сола, ки дар Россия буд, депортатсия карданд ва барои чиход, аниктараш кор ба Сурия рафтаст. Худованди Бузург рахматаш кунад

Ин гуна Шахси чохила. Худованд. Рахмат намекунад
Бар акс барои. Инкадар хуни Нохак дар назди Худо
Чавоб мета. Фарк Байни Инсон ва Хайвон Акл аст.

dilsuz
Модари бечора, андӯҳгин мешавадСарабек,
Сарабек,

1003
Rustam,
Шумо намехохед ки Ислом да тамоми дунё пахн гарда ва кофирхо мусалмон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)