Бахшҳо
06 сен 2014 11:37Хабарҳои ҷаҳон

Изҳороти Обамаву Кемерон бар зидди Русияу ДИИШ

Барак Обама -- раиси ҷумҳури Амрико ва Девид Кемерон -- нахуствазири Бритониё бо пахши як изҳорот эълон доштаанд, ки кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО танҳо дар якҷоягӣ тавони мубориза бо Русия ва “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” (ДИИШ)-ро доранд. Дар изҳороти Обама ва Кемерон аз ҷумла таъкид шудааст, “дар якҷоягӣ, хоҳ дар муқовимат бо Русия ё дар мубориза бо ДИИШ, қавитарем”.

Ин ду раҳбари кишварҳои қудратманди дунё аз давлатҳои узви НАТО даъват кардаанд, то дар ҷаласаи Нюпорт гирди ҳам омада, ин созмони низомиро ба як “шабакаи пурсамари амният”, ки ба гуфтаи худи онҳо “ба сулҳу субот дар ҷаҳон мусоидат мекунад”, табдил диҳанд.

“Шабакае, ки роҳбарии он аз ҷониби Бритониё ва Амрико идома хоҳад ёфт. Ин на танҳо бо мақсади он, ки аз нуқтаи назари маънавӣ дуруст аст, балки бо он мақсад, ки тавассути дастгирӣ аз сулҳ, демократия ва ҳуқуқи башар дар тамоми дунё, мо амнияти халқи бритониёӣ ва амрикоиро таъмин хоҳем намуд”,-гуфта шудааст дар изиҳороти Обамаву Кемерон.

Раҳбарони Амрикову Бритониё дар идома афзудаанд, ҳоло ҷаҳон бо таҳдидҳои зиёд рӯ ба рӯст ва онҳо дар меҳвари чолишҳо қарор доранд. “Дар шарқ, Русия тавассути тасарруфи ғайриқонунӣ ва раванди худэътирофшудаи Қрим ва даровардани қушӯнҳо дар Украина, ки ба мустақилияти давлат таҳдид мекарданд, маҷмӯи қоидаҳоро вайрон кард. Дар ҷануб бошад, як қатор бесуботиҳо аз шимоли Африқо ва Саҳели то Шарқи Наздик ба назар мерасанд”,-гуфтаанд онҳо.

Барак Обама ва Девид Кемерон дар гузориши худ навиштаанд, баъзеҳо иддао доранд, ки бояд дар ҳалли ин таҳдидҳо дахолат накунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, “модоме Русия як давлати мустақилро бо истифода аз аслиҳа маҷбур месозад, то аз ҳуқуқаш ба демократия даст кашад, мо бояд ҳуқуқи Украинаро барои муаяйн намудани ояндаи демократии худ дастгирӣ намуда, кӯшиши худро дар рушди иқтидори он идома диҳем. Рӯйдодҳое, ки дар дигар қисмати дунё, хусусан дар Ироқ ва Сурия ба амал меоянд, ба бехатарии кишвари мо таҳдид мекунанд. Мардуми мо бовар дорад, агар ҷаҳон рушд ёбад ва ҳифз гардад, он дам мо низ инкишоф ёфта зери ҳимоя қарор хоҳем гирифт”.

Аз ин рӯ, навиштаанд Обамаву Кемерон, “мақсади мо сохтани дунё, ки дар он мактабдухтарон рабурда нашаванд, занон ҳангоми ҷангу ҷанҷол зери таҷовуз қарор нагиранд, ва хонаводаҳо аз нуқтаи назари ақидаи мазҳабиву сиёсӣ ба қатл расонида нашаванд. Маҳз бо ин мақсад мо маркази Ал-Қоидаро пароканда намуда, аз халқи авғон дастгирӣ кардем. Маҳз бо ин мақсад дар мубориза бар зидди ДИИШ устувор хоҳем буд. Агар терористон гумон кунанд, ки дар назди таҳдиди онҳо мо таслим мешавем, иштибоҳ хоҳанд кард. Дар ҳифзи арзишҳоямон мо боз устувортар хоҳем буд, чун ҷаҳони озод –ин як қисми асосии усули ҳифзи халқамон мебошад”.
Мӯҳр
точик
Худохохад Росия дар якчояги бо аъзоёни ШОС мукобили ин ноадолатон истодаги мекунанд.

Гуе талоши барои сулх доранд хол он ки Ироки осударо хамин Амрико ба хун огушта кард дируз мардуми осоиштаи бесилохро бомбаборон кард аскарони бедину нопокаш ба номуси занхои ироки тачовуз карданд на бар ккдак рахме карданд на бар пиру барчомонда ва имруз иддао доранд аз номуси занхо химоят мекунанд дар Афгонистон гуе Алкоида аз байн бурданд хол он ки худ млнанди рубох дар гурезанд имруз Ироки чабодидаву мазлум бо ярок бархостааст ва инхоаз дур улос мекашанд ва дигар гайрати ру ба ру шудан дар майдони чангро надоранд ва зуд дар мотами худ бинишинанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)