Бахшҳо
06 сен 2014 11:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷовид Муқим: Имтиёз додан хатои маҳз аст, ҳар кас мувофиқи дониш донишҷӯ шавад

Дар пайи сару садоҳои зиёд сари имтиёз ба бархе довталабон зимни супоридани имтиҳони Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон “Озодагон” аз масъулин ва коршиносон пурсид: Имтиёз ба донишгоҳҳо зарурат дорад?

Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм
Бояд гуфт, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ва миқдори табибон зиёд ва дар баъзеи дигар ин нишондиҳанда бениҳоят кам мебошад. Чунин ҳолат Вазорати тандурустиро водор месозад, ки ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати соҳаи тандурустӣ чораҳои ба танзимдарории вазъияти ҷойдоштаро амалӣ созад. Баъди қабули “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2015”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №600 тасдиқ шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки он беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолӣ бо теъдоди зарурии табибон ва бартарафсозии нобаробарии ҷуғрофии онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳамасола барои ноҳияҳои ба табибон камтаъмин, ба танзим даровардани бозори меҳнат ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо мутахассисони соҳа ҳангоми супоридани имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳи мазкур коэффитсиент ҳамчун имтиёз муқаррар карда мешавад. Аз ин рӯ, чунин коэффитсиент ба ноҳияҳое дода шудааст, ки дар онҳо эҳтиёҷот ба мутахассисони соҳаи тиб бештар аст ва ҳар ноҳияе, ки дар рӯйхат ҷой дода шудааст, на аз рӯйи 100 ё 1000 нафар, балки аз рӯйи 10 000 нафар ҳисоб карда шудааст.

Масалан, барои 10 000 нафар аҳолии ноҳияи Нуробод 5,6 табиб рост меояд, ё барои 10 000 нафар аҳолии ноҳияи Вахш 6,5 табиб, ноҳияи Данғара-8,2, ноҳияи Рӯдакӣ-9,1, шаҳри Кӯлоб-4,7, ноҳияи Бохтар-4,5 нафар табиб ба сари 10 000 нафар аҳолӣ рост меояд. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду шаҳри Душанбе барои 10 000 нафар аҳолӣ ин нишондиҳанда аз 20 то 80 нафар баробар аст. Танҳо ҳаминро бояд дар назар дошт, ки бо чунин коэффитсиент на ҳама метавонад донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино гардад, танҳо нафароне сазовори номи донишҷӯӣ мегарданд, ки холл (бал)-ҳои заруриро соҳиб гардидаанд.

Ҷовид Муқим, устоди ДМТ
Муайян кардани имтиёз барои довталабоне, ки мехостанд шомили донишгоҳи тиббӣ шаванд, боиси ноадолатӣ ба нафароне, ки аз дигар ноҳияҳо довталаби ин донишгоҳ буданд, гаштааст. Мумкин ҳадаф он бошад, ки гӯё дар ин ноҳияҳо духтур намерасад, вале мувофиқи қонуни маорифи мактабҳои олӣ нафароне, ки ба шакли буҷавӣ донишгоҳро хатм мекунанд, ҳатман бояд 2 сол дар ҷое ки онҳоро мефиристанд, кор кунанд. Яъне, ин мушкил бе ҳамин ҳам метавонад ҳал шавад. Бигзор мутахассисро ба ҳамон ноҳияе фиристанд, ки ба духтур ниёз дорад, на ин ки нафаре, ки дониши казоӣ надорад шомили донишгоҳ шаваду онро ҳамчун нимчадухтур хатм кунад ва рафта мардумро табобат намояд. Имтиёз додан хатои маҳз аст, бигзор ҳар кас мувофиқи дониши худ шомил шавад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос
Ин иқдом вайрон намудани тамоми қонунҳост. Дахолати вазири тандурустӣ дар фаъолияти вазорати маориф ва илм мебошад. Чун ба ҳама маълум аст, ки тартиби қабул ва супоридани имтиҳонҳои дохилшавии довталабон аз ҷониби вазорати маориф ба танзим дароварда мешавад. Имрӯз вақте сухан маҳз дар бораи донишгоҳи тиббӣ меравад ва вазири тандурустӣ ба бархе ноҳияҳо имтиёз додаст, ин куллан ғайриқонунӣ ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ мебошад. Агар аз нигоҳи қонун гирем, бояд вазири тандурустӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Зеро бар ҳамаи мо маълум аст, ки Тоҷикистон имсол дар раванди ислоҳот дар системаи маориф соли аввали системаи навро мегузаронад, ки ин ҳам яке аз барномаҳои сиёсати ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешгирӣ аз ришваву дохилшавии шахсони тасодуфӣ ба донишгоҳҳо ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта дар муассисаҳои вазорати маориф буд.

Имрӯз аз ҷониби вазир ба ину он ноҳия имтиёз пешниҳод мешавад, ки беадолатист. Чаро имрӯз довталабе, ки воқеан аз имтиҳон гузаштаст ва дониш дораду ҳамаи шартҳои аз ҷониби маркази миллии тестӣ барои дохил шуданро иҷро кардааст, ба донишгоҳ қабул нашудааст. Сухани вазир дар бораи инки гӯё дар ноҳияҳои соҳибимтиёз духтур намерасад, нодуруст аст. Дар тамоми давраи Шӯравӣ ва истиқлолият вақте мутахассис дар ноҳияе намерасад, аз донишгоҳ ба онҷо равон мекунанд. Имтиёзе, ки вазири тандурустӣ додааст, маънои онро дорад, ки як бесавод соҳиби унвони донишҷӯ шуда ба донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад ва вақте дар имтиҳони қабул норасо буд, ману шумо пагоҳ чи хел саломатии худро ба хатар гузошта, ба ин духтур муроҷиат мекунем. Ҳукумат бояд ба ин бесарумонӣ расидагӣ кунад.

Лола Олимова, муҳаррири IWPR
Илова кардани 30 хол ба довталабони ноҳияҳои дурдаст, ба фикри ман, ҳеч бадие намедошт, агар нисбати онҳое, ки донишҳои нағз доштанд, беадолатӣ нишон намедоданд. Албатта нарасидани духтуронро вазорати тандурустӣ хубтар медонад, аммо сифати хатмкунандагони Донишгоҳи тиббиро вақтҳои охир сахт зери танқид мегузоранд. Ин оқибатҳои додани бартарият ба онҳое, ки камсавод ҳастанд, мебошад. Духтурӣ касбе ҳаст, ки барои соҳиб шудан ба он ба хешутаборбозӣ ва хариду фурӯш набояд роҳ дод. Боиси таъассуф аст, ки номи ин касби муқаддасро дар ватани мо паст задаанд.

Ҳикматуллоҳи Саъидиён, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Ваҳдат”
Чун вазир аз номи ҳукумат баромад мекунад ва қарор баровардан ба соҳаҳое, ки марбути вазорат мебошад, ҳақ дорад. Аммо ин ҷо сухан аз ҳаёт ва мамоти довталаб меравад ва ба вазир ин ҳуқуқро ҳеч гоҳ ҳукумат дода наметавонад. Ҳукумат худ "квота" гуфтанӣ гап дорад. Вазир ҳеч гоҳ ин ҳуқуқро надорад ва бе ин ҳам поймол шудани ҳуқуқи довталаб дар даврони имтиҳонот маълум аст.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршинос
Солҳои қаблӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ танзим нашудани масъалаи дар мактабҳои олӣ тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун имрӯз боиси он гаштааст, ки дар як зумра ноҳияҳои мамлакат мутахассисони ин ё он соҳа намерасанд ё баръакс, мутахассисони як соҳа аз меъёр зиёд мебошанд. Дар айни ҳол дар мавриди мутахассисони соҳаи тиб дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, тавре аз посухи дар рӯзномаҳо ба табъ расидаи вазири тандурустӣ бармеояд, ҳамин масъала матраҳ аст. Аз ин ҷиҳат, ба андешаи ман, аз тарафи вазоратҳо танзим шудани масъалаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ амали дуруст аст. Танзими тайёр кардани мутахассисон инчунин барои он ба мақсад мувофиқ аст, ки дар як маҳал мутахассисони як соҳа аз меъёр зиёд нашуда, мутахассисони мавҷуда ҷойи кор пайдо мекунанд. Дар акси ҳол мутахассисони нав мактабҳои олиро хатм карда ҷойи кор пайдо накарда, сафи мардикоронро пурра мекунанд.

Мунаввари Мунавварзод, таҳлилгар
Ин масхарабозист, на қарори дуруст. Оё довталабон ва маркази тестӣ қаблан аз ин огоҳ буданд? Инро ҳуққабозӣ мегӯянд.
Мӯҳр
Зафар
Агар дар ин холат мардуми муайян дархакикат худро чабрдида эхсос карда бошанд, метавонанд ба суд мурочиат карда баъдан дар холати хал нашудани масъала ба суди байналмилал мурочиат намоянд. Ин албатта ба он хотир ки дар оянда дар ин самт корхо муназзамтар шаванд.

дуст
Рости гап ягон хатое аз тарафи вазири тандурусти нест. Апаи Лола аз осмон сухан накунед. Дар донишгохи тибби мутахассисон дарс мегуянд ва чавонони болаёкат бисёр аст аз давраи шурави дида хозир чавонон тибб хуб шуда истодаанд агар ба он шарте,ки калонсолон ба онхо коркуни монанд. Вазир барои бехбудии сохаи худ пешниход кардааст. Ман хамчун як шахрванд кабул мекунам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)