Бахшҳо

ҲНИТ ба Вазорати адлия дар бораи фишорҳо мактуб мефиристад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди фишорҳо таваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти ҳизб бештар шудааст.

Дар ҷаласаи моҳонаи ҲНИТ, ки имрӯз, 8 сентябр баргузор шуд, шӯъбаи омор ва назорати ҳизб гуфтааст, “бо вуҷуди идомаи фишорҳо, нишондодҳо дар моҳи август нисбат ба моҳи июн ду баробар афзудааст. Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҳизб аз тарафи қишрҳои гуногун, ба хусус, ҷавонон бештар гаштааст”.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили маҷлиси намояндагон дар шарҳи болоравии натиҷаҳо ва беҳтар шудани нишондодҳои ҳизб гуфтааст: “Сиёсати пешгирифтаи мо, яъне, пеша кардани сабр ва таҳаммул дар баробари монеъаҳо ва фитнаҳо натиҷаҳои худро дода истодаанд ва дар оянда натиҷаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Амалҳои носанҷида, ғайриқонунӣ ва фитнаангезии баъзе доираҳо таваҷҷуҳи мардумро бештар гардонд ва саволҳоро ба вуҷуд овард, ки чаро алайҳи як ҳизби қонунии кишвар чунин иқдомҳо якбора оғоз гаштанд. Оё дар як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд чунин кор имкон дорад? Таҳлили вазъ ва талош барои пайдо кардани ҷавоб ба ин савол мардумро ба хулоса меорад, ки инҷо ҳатман мушкилие вуҷуд дорад”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ афзуда, “модоме, ки наҳзат сиёсатҳояшро тибқи қонун ва бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ва дур аз фитнаву эҳсосот пеш мебарад, пас мушкил дар касонест, ки ин ҳама мушкилотро ба вуҷуд меоварад. Ин ҳама боиси шинохти беҳтар ва таваҷҷуҳи хубтари мардум гаштааст, ки дар нишондодҳои ахир инъикос ёфтаанд”.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, яке аз масъалахои баррасишуда, эҷоди маҳдудиятҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб будааст. Манбаъ мегӯяд, “тасмим шуд, ба Вазорати адлияи Тоҷикистон номаи расмӣ дар ин мавзӯъ фиристода шавад, то паҳлуҳои қонунии ин масъаларо шарҳ бидиҳанд, зеро мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба дархости расмии ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар бораи додани толор барои ҷаласа ҷавоби мусбат намедиҳанд ва дар манзилҳои шахсӣ гузаронидани ҷаласаҳо аз тарафи мақомот низ пешгирӣ мешавад”.
Мӯҳр
Бехруз
Аввал ин, ки дуруг махз аст, ки ХНИТ дар зери фишору таъкиб карор дорад. Домулло Кабири руйрост дуруг гуфтааст. Сабаби афзудани шумораи аъзои ХНИТ дар вактхои охир, он аст, ки имруз бештари чавонони гумрох гардида, майли ифроту тафрит ва таассубу фанатизми динии исломи гирифтор шудаанд, яъне аз фарханги миллии худ ба фарханги биёбонии араб куч бастаанд.

нигин
БО ИН ГАПХОЯТ РУЗАТ БЕХ ШАВАД МАЙЛАТ ВАЛЕ......

Ном
Ба Бехруз: Аввалан ин ки суханхои худат дуруғи махз аст, сониян ин ки хамон фарханги биёбонии араб буд, ки Сино Сино шуду Хофиз Хофиз...

Малатси ман хам тарафдори шумо!!! хамин демократхо 23-сол боз чи коре кардандки аз ин пас кунанд. Терорист мегуянд намегуянд ким кадом гарангхо бигзор хамин ХНИТ мувафак шавад як руз не як руз аз Худо тарсида ягон кори хуб мекунад мисли ин аз Худо бехабархо нею

Мухаммадали, бародари азиз, агар нахзат муваффак шавад, хохарони мову шуморо Кабири шавхар медихад. Ба точик ё турк ё араб касе аз мо намепурсад. Шумо магар хаминро мехохед?!

Кадом фишор?, чихел фишор? харчи аён аст хочат ба баён нест! огои Кабири.

Шахсое,ки ин суханора гуфтестиян онхо соли
1991-ро дидаги нестан? Инро дониста монед,ки
Мардуми мо намешава барои Исломи. Шояд. Кабири
Босавод бошад лекин. Фишори берунада Мухидин Кабири
Таслим мешавад. Инро дониста гиред

Фарход
Ба Мухиддин, хозир хизби хоким хохархоятонро ба хитоиву ба рус дода истодааст, чаро хомушед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)