Бахшҳо

Сензура, маддоҳию шахспарастӣ ва маҳалгароию коррупсия- бохтҳои замони истиқлол

Муҳаммад ТИЛАВЗОДА

Аз истиқлоли Тоҷикистон 23 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат Тоҷикистон чӣ бурду чӣ бохт дошт? Суолест, ки ба он коршиносон ҷавоби яксон надоранд. Гуруҳе муътақиданд, истиқлоли Тоҷикистон бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омад, ки аз бохтҳои бузурги он аст. Гуруҳи дигар бар инанд, оғози истиқлол барои миллати тоҷик замони худшиносӣ ва дастёбӣ ба озодӣ буд, ки бо шуруи ҷанг саркуб шуд ва овози истиқлолҳохии мардум хомӯш гашт.

Шодӣ Атоӣ, ходими пешбари Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шарҳи бохтҳои истиқлол мегӯяд, “рушанфикрону сиёсатмадорони мо беҳадаф ва бе барнома рӯйи майдон омаданд, ки ин ҳолат сабаби ҷанги шаҳрвандӣ шуд”. Аммо ба гуфтаи ӯ, дастоварди 23 соли истиқлол ин аст, ки дунявият ҳамчун асоси сохтории Конститутсия дар ҷумҳурӣ мақом ёфт: “Соли 1994 давлат дунявӣ эълон шуд. Дунявият ҳамчун принсипи меҳварии Сарқонун ояндаи дурахшони шаҳрвандонро кафолат медихад, зеро дар давлати дунявӣ инсонҳо новобаста аз ҷаҳонбинӣ озод ва ҳуқуқи баробар доранд. Танзим кардани адолати иҷтимоӣ дар давлати дунявӣ аз худи шаҳрвандон вобаста аст, на аз принсипи дунявият”.

Ба иддаои Мунаввари Мунавварзод, рӯзноманигори тоҷик, аз дастовардҳо дида, бохти истиқлол зиёдтар аст. Ӯ мегӯяд, бурди истиқлол ин аст, ки Тоҷикистон ба сифати давлат дар харитаи ҷаҳон ҷой гирифт, вале: “камдом як бохташро гӯям?”. Ҳуқуқдони шинохта Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, истиқлолхоҳӣ ва озодиталабие, ки мардум солҳои 90-ум доштанд, имрӯз камтар эҳсос мешавад. Ба гуфтаи ӯ, солҳои 90-ум рушанфикрон ва созмонҳои иҷтимоӣ талош карданд, то як сохтори мустақил ва мутамаркази давлатдорӣ ба вуҷуд биёяд ва дар он шаҳрвандон қадру манзалату озодиҳояшонро ҳифз кунанд, вале ин ормон имрӯз амалӣ нагашт: “имрӯз оид ба эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби тақрибан 200 давлату созмонҳои байналмилалӣ менависанду наворҳои телевизионӣ ва барномаҳои радиоиро ба бинандаю шунаванда пешкаш мекунанд. Вале воқеияти зиндагии мардум, иқтисодиёти миллӣ, сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи давлат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар муқоиса, аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, то ҳол дар ҷаҳони муосир кишвари мо эътибору нуфуз аҳамият ва таъсири камтар доштааст. Аксарияти барномаю лоиҳаҳо оид ба моҳияти давлати демократию иҷтимоӣ доштани давлатдорӣ ва шакли ҷумҳурии он дар Конститутсия ва дигар санадҳои сиёсию идеологӣ вуҷуд доранд, аммо дар амал то ҳол рақобати солим, на дар муносибатҳои иқтисодӣ ва на дар муносибатҳои дигари ҷамъиятӣ ба назар намерасанд. Сензура дар фаъолияти эҷодӣ, маддоҳию шахсияпарастӣ дар сиёсат, маҳалгароию коррупсия ва парастиши мансаб на илму дониш дар муносибати ҳамарӯза ба раванди маъмулӣ табдил ёфтааст”.

Аммо ба таъкиди Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар 23 соли истиқлолият бурди Тоҷикистон аз бохташ зиёд аст, зеро дар ин давра сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд гашта, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар давлатҳову созмонҳои ҷаъиятӣ густариш ёфт. “Агар мо як соли пешинро муқоиса кунем, сатҳи камбизоатӣ 45-46 дар садро ташкил медод, имсол бошад, то ҳудуди 35 дар сад паст шудааст. Ҳоло Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурии соҳибистиқлол аъзои созмонҳои байналмилалӣ аст, ҳамчунин ташаббусҳояш низ дар сатҳи байналхалқӣ пазируфта шуда истодааст. Ҳамаи ин нишонаҳои бурди замони истиқлолият мебошад”,-меафзояд ӯ.

Ба назари ҷаноби Солеҳ ягона бохти истиқлол ақиб афтодани кори неругоҳи Роғун аст, ки бо хулосабарориҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳалли худро хоҳад ёфт: “Бохти Тоҷикистон агар бозмонии сохтмони Роғунро гӯем, ин ба сабабҳои дохилӣ вобастагӣ надошта, ба омилҳои беруна тааллуқ дошт, ки хушбахтона ин мушкил бо баровардани хулосаи Бонки ҷаҳонӣ дар бораи эҳтиёҷоти энергетикии Тоҷикистон сохта шудани неругоҳи мазкур ҳал мешавад”.

Аксари коршиносону таҳлилгарон додани як қитъаи замин ба Чинро бохти ҷиддии замони истиқлол мегӯянд. Аммо Усмон Солеҳ онро роҳи халосӣ аз ҷанҷол бо Хитой ва ҳамзамон бурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд: “Аввалан дар он мавзеъ ҳеҷ чиз намерӯяд ва ҳама шаху кӯҳпораҳо аст ва дигар ин, ки бо шарофати ҳамон чанд ҳазор гектаре, ки дода шуд, мо аз ҷанҷоли бисёр калонтар халос шудем. Чунки Хитой аз ин зиёдтар талаб дошт ва хубахтона бо додани камтар замин ба ин баҳс нуқта гузошта шуд. Бинобар ҳамин фикр намекунам, ки ин бохт бошад, баръакс ин бурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Чин аст”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Не -че -го се -бе... Усмонбойчон! Заминро ба давлати бегона додан ин дар кучо бурд шудааст? Гарчанде ба гуфти шумо замини бекора бошад хам.. Оё шумо намедонед, ки дар таги ин "кухпорахо" чикадар бойигари вучуд дошт?

Cпартак
ХАмин Шоди Атои хакикатан бесавод будааст ё инки зардушти ... . Хамин дунявият аст ки мардуми точикро гуломи русу бадбахт кард ва ту барин ходимони илмро муаллими точики бечора кард ки аз дини мардум нафрат доред

истиклол
истиклол гуфта чавонон яне хатмкунандагон на барои дохил шудан барои омухтани касб фикр мекунанд барои ба кичо рафтани мухочират ба кор ки кидатшон накнан фиикр мекнан кисми камиш барои дохил шидан барои ба хзмат нарафтан на барои касб омухтан фикр мекнан истиклолият хамихай бояд брай кор кни биёй зан гири бо барои хонаандози коркни брай и с т и к л о л и я т муборак

Мухаммад
Агар таффакури сухангуи ХХДТ хамин бошад,......

мадина
МЕБАХШЕД АКАЧОН
ЗАМИН ХАРЧИ БУД ВАТАНИ МО БУД.ЧИ КАСЕ ЧАНЧОЛ БАРДОШТ ГУФТА БО ДУ ДАСТИ АДАБ ПЕШКАШ КУНЕД ИНРО БУРД МЕПИНДОРЕД!!??????

манзаршо аз хоруг
Аммо Усмон Солеҳ онро роҳи халосӣ аз ҷанҷол бо Хитой ва ҳамзамон бурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд: “Аввалан дар он мавзеъ ҳеҷ чиз намерӯяд ва ҳама шаху кӯҳпораҳо аст ва дигар ин, ки бо шарофати ҳамон чанд ҳазор гектаре, ки дода шуд, мо аз ҷанҷоли бисёр калонтар халос шудем. Чунки Хитой аз ин зиёдтар талаб дошт ва хубахтона бо додани камтар зами.....

оё инсони бо шараф ба худ ичозат медихад ки дар ивази тачовуз ба номуси у ё ахли оилааш анчом шудани мочароеро ба худ муносиб донад сархадро СССР ва Чин чудо карда буданд агар Чин даъвое дошт он замон бояд хал мекард. Созмонхои байналмилали хастанд мисли СММ вазифа дорад ки чунин чанчолхоро хал кунанд. пораи хоки ватан мукаддас аст онро додану фурухтан бешарафист. фардо ба узбаку каргиз ба афгону дигар хам додан гиред хокиВАТАНРО ва бигуед чизе намеруид. магар ту намедони уране ки дар таркиби ин хок аст фардо аз нафт 1000 маротиб киматтар бозор хохад дошт. як мешак-архар кимати 16 хазор долар дорад ки як боги водии точикистон ин даромадро надорад. чарогоххо ва дараю конхои ин пораи фурухташуда беназир буданд.. бурдхои сиёсии шумохо точики сарбаланро ба чамшуду рофшан табдил дод...
дар замони зардуштия ориёинажод гуломи арабу турку мугул набуд...
вакте румиён хучум оварданд озодагон найзаву шамшар дар даст гуфтанд чони моро бигир вале ба Ватан нагузар ...
хама тан ба тан сар ба душман дихем,
аз он бех ки кишвар ба душман дихем.......

шосайид
аслан Чин бо точикистон даъвои мантикиву конунии худуд надорад. аз кадимулайём дар туркистони и Чини имруза милионхо уйгур ва хазорон точикон зиндаги мекарданд. ягон чинои дар хоки мо решаи кадими надорад. танхо дар ёрканду Тошкурган 50-60 точики бадахши дорем ки 1000 солахо ватани он чо будаастю ин мо бояд даъво кунем ки замини мо он чост на онхо
аммо чи кунем мисли усмонбой сийсатмадорон дорем

Ба Манзаршо ва Озар... Пушти компютер нишаста аз худ герой натарошед сиёсату давлатдори кори осон нест. Кани хамон созмонхои байналмилали ва СММ ки Крим, Донетск ва дигар шахрхои Украинаро аз дасти Россия гирад.

Dev
Cпартак,
Durust megu , pajravoni dini Zardushti dar Tojikiston hele zijodand, garchande ovoz namebarorand.Ohir chi guna zijod naboshand dine,ki guftori nek, raftori nek, kirdori nekro talkin mekunad

Матчаи из Матчаи
Шармандаги,ки фурухтани пораи ВАТАНРО бурд номи...Ин дунё магар БЕСОХИБ аст,ки Хитой метавонист бо зури пораи ВАТАНИ МОРО ГИРАД? Агар ин кадар аз чону вазифаи худ метарсед дар ин масъала дахонро во накунед.ТАЪРИХ,МИЛЛАТ,ХАРГИЗУ харгиз шуморо нахохад бахшид."кахрамону генералхои"имруз дар таърих он замон хамчун хоинони миллат ба китобхои дарси дохил хоханд шуд.

хаким
ман хеле мутаассифам ки замини ватанро додан , бурд будааст.
бадтар аз ин кор намешавад.
оё ин далел мешавад, ки дар онҷо чизе намерӯйид?
ин мардАК тоҷик бошад?????????
фаҳмиши як сиёсатмадор,??? бозҳам мутаассифам.

Пари
Аз андешарониашон шарми ман меояд Офарин заминро фуршед 93 фоизи Бадахшон кух аст дар аксари он мавзеъхо чизе намеруяд пас он чойхоро низ ба чинихо хадя кунед Офарин усмон солех

Самандар
У Солех дуруст гуфтаст. Як бор назари Маркази тадкикоти стратеги ва вазири собики хоричаро хонед баъд мефахмед, ки гап дар кучост. Хитой тамоми Бадахшонро даъво дошт. Акнун масъала хал шудаст. Ба умеди СММ нашавед. Агар онхо ягон чизро бе гараз хал мекарданд, масъалаи Карабог мебуд. Дигар инки агар ба ин чиз розй намешудем, то имруз кашокаш давом мекарду на рох месохтему на тунелу на заводи семент. Хар чизро бо номи худаш бояд шинохт, бародарон..

Зур зур аст. Агар Хитой мисли Русия чи хеле Кримро гирифт, Бадахшонро мегирифт чи хам мекардед? Амрико Ирок ва Афгонистонро гирифт. У Солех дуруст гуфтаст. Чор вачаб замин кати киргизо чанчола соф када наметонем-ку.

58
нафароне ки барои додан овоз доданд имрузхо нафакаи нагз гирифта хузур доранд

мухочир
23 СОЛ ПЕШ СВЕТ БУД!!!ХОЛО НЕСТ!ГАЗ буд!!!ХОЛО НЕСТ.Дарачаи фасод,ноадолати дар макомоти кудрати даххо маротиба паст буд.Холо ба дарачаи олиаш.Пешрави бошад барои як оила ва як гурух шуд.99фоиз мардум баръакс

Самандар,
Киёс кардани Крым,ки садсолахо аз русхо буду холо 90 фоизи ахолиаш рус аст,бо ПОМИР,ки хато як хитои нест аз аблахие БЕШ нест.Крымро соли 1953 Хрущев ба Украина такдим кард ва он хам бошад гайриконуни.Он рроху заводхое,ки ту мегуи бо пули карз сохта шуда аз хисоби бучет,чяъне кисаи боз хамин мардуми Точикистон баргардонида шуда,фоидаашро боз хамон шахсоне гирифта истодаанд,пораи ВАТАНИ моро ба Хитой фурухтанд.Наход барои як заводуяк рох шуда,он хам бошад аз хисоби худи Точикистон пораи ВАТАНРО фуруши?Магар вичдони шумо бо задани чунин суханхо азоб намекашад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)