Бахшҳо

Ҷавоб ба Меҳмоншоҳ Шарифзода: “Аз забони ҷанг бипарҳезед”

Нафаре бо номи Ҳафиз зери мусоҳибаи ихтисосии “Озодагон” бо рушанфикри тоҷик - Меҳмоншоҳ Шарифзода шарҳ навишта, Шарифзодаро дар “таҳаммул карда натавонистани назарҳои дигарон” муттаҳам кардааст. Ин шарҳро ҳоло пешниҳоди хонандаҳо мегардонем.


“Муҳтарам Меҳмоншоҳ!

Ба ин тарзе ки шумо бори дигар қазияи "Ҷаҳонбинии оянда”-ро бардоштаед, худ гувоҳи он аст, ки назарҳои дигарро таҳаммул карда наметавонед. Тибқи масал, алами Исоро аз Мусо гирифтаед. Агар мушкилие бо қудрату ҳукумати рӯз доред, бо онҳо рӯирост гӯед. Чӣ зарурат аст, дар пардаи ғафси мавҳумот қасдгирӣ кардан!

Баъдан, агар мавқеи қавми “ҷаҳонбинии оянда”-ро фаҳмидан хоҳед: аввалан, аз забони ҷанг бипарҳезед. Мо қавме нестем, ки шумо мехоҳед. Сипас, мо ба демократияи якшаба бовар надорем. Шумо, ки англисидон худро мешуморед, як ифодае аст “overnight”, яъне афсонаи тағйири якшабаро як сӯ гузоред, бародар. Бовар дорам, агар пешвоёни шумо, чун Кабирӣ ҳам сари қудрат оянд, даҳсолаҳо дар ғами авлодашон хоҳанд шуд, чунки ин қавми авлодпараст аст. Инро ҳамон донишмандони англису аврупоӣ дар мавриди Осиёи Марказӣ бозгӯ кардаанд, чун Роу, Коллинз ва дигарон. Агар мо дар “бутилка” бошему аз воқеият бехабар, онҳо ин ҷомеаҳоро даҳсолаҳо омӯхтаанд.

Мо ба ин боварем, то тафаккури ин мардум иваз нашавад, онҳо дар банди ғуломӣ, қабила, авлод, мулло, шоҳ, бегона... мемонанд. Боқӣ ба инсофи шумо. Воқеан, мо номусро як мафҳуму падидаи хурофотӣ гуфтаем, аммо онеро ки шумо таърифу ташвиқ мекунед”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Асрор
Аъзои нави "Фабрикаи чавоб" бидай ин бачча, агане гапро аз Исову Мусо сар намекад, ва ё гапум дуруг нест...

Ба Ҳафиз!
Дар куҷои матлаби мусоҳибаи Меҳмоншоҳ даъвват ба ҷангро Шумо кашф кардед. Аз навиштаатон маълум аст, ки Шумо ҳам мисли муфтии Тоҷикистон дар хобу бедорӣ танҳо шабаҳи фитнаву ҷангу таҳаммулро мебинед. Чаро иттиҳом мебандед ва мегӯед,ки Меҳмоншо Кабириро хоҷаи худ медонад. Магар Шумо фолбинед,ки ҳар ки хилофи майлу назари шумо ҳарф бизанад дар мисоли ӯ пайраву тобеъи Кабириро мебинед?. Ҳарфҳои шумо дар мавриди ин ки тамоми мардуми тоҷик бардаву ӯулом ҳастанд, худ илқои ин матлаб ҳастанд,ки шумо байни сиёҳу сафед, донову нодон фарқ намегузоред. Ман мутиаинам Меҳмоншо барин ародро ҳамеша таҳаммули сухани дигаронро доранд, аммо амсоли ту баринҳо таҳаммули ҳарфи ғайри хоҳишу ҷаҳонбинии худро надоред ва ангезаи эродатон ба суханони Меҳмоншоҳ далели возеҳи ҳамин гуфта аст.

уновнчу
"Бовар дорам, агар пешвоёни шумо, чун Кабирӣ ҳам сари қудрат оянд, даҳсолаҳо дар ғами авлодашон хоҳанд шуд, чунки ин қавми авлодпараст аст." Ана инро файласуфи дуняви ва равшанфикри милли мегуянд! Барои хамин ин миллат авлодпараст боки мондааст, ки мисли шумо ба ном равшанфикрон хамеша чунин далелхои беасосро тарошидаед ва дар ихтиёри авлодпарастону коррупционерхо гузоштаед. Яъне, шумо, хукуматдорон гунахкор нестед, хамин рафторатонро идома додан гиред, дигарон хам биёянд мисли шумо мекунанд. Чи кадар хурсанд шуданд холо аз ин сухани шумо ва фахр карданд, ки чунин файласуфи дуняви доранд, ки авлодпарастхои худиро химоят мекунад.
Вакте, ки бо Мехмоншох бахс кардаст, пас худащро дар сатхи у медонад е болотар, вагарна, вориди ин масоил намешуд. Ман хам аз хамин метарсам, ки ин тоифа бо чунин фахмиш миллатро ба кучо мебурда бошанд? Агар равшанфикраш, файласуфаш дар хамин сатх бошад, ки "шояд дигарон аз инхо бадтар бошанд, пас ин бадхои худи хубтаранд", бояд фотехаи ин миллатро хонд. Афсус!

Сипосгузорам Хафиз! Ин чавоб бисёр саривакти ва ба маврид аст. зеро Мехмоншох як модернисти исломи ки марчаъи таклидаш Газзоливу Икбол хаст, у норохат аст, ки дар Точикистон дигарандешоне мисли намояндагони мактаби фалсафии Чахони андеша" пайдо шуданд ва мавкеи худро часурона баён менамоянд. "Чахонбинии оянда"- ро, ки онхо пешниход намудаанд барои хамаи инсоният аст. Арзиши асоси дар ин фалсафа зиндагии инсон новобаста аз эътикодаш аст. Вале ояндаи чомеаи инсониро дар илми вокеи мебинад, на хурофоту тасаввуру тахайюли асри миёнаги. Махфили "Чахони андеша" чои озодандешону рушанфикрон аст, на чои суфиёну орифон.

Рости навиштаҳои бародар Меҳмоншоро ҳар кас фаҳмидан наметавонад. Бади мутолиаи ҳар навиштаи ин марди оқил руҳияи банда нисбати ояндаи миллат хyбтарy беҳтар мегардад ва ба дараҷае яъсy навмеди аз инсон бартараф мегардад. Инхел мардонро қадр кардан лозим ва аз илмy марифат ва дурандешивy таҷориби инҳо истифода бyрдан даркор.

Мехр
М. Шарифзода бадахлоки карда дигаронро руйрост беномусу барзагов гуфтааст, мисли бекорхочахои сари рох. Ин маълум шахсияташ хамин будааст. Аммо чаро "Озодагон" ин тахкири озодагонро нашр кардааст нафахмидам.
Вакте озодии сухан бизнес мешавад, натичааш хамин аст.Асрор,

Тоҷикистонӣ
Офарин акаи Ҳафиз, Шумо ба ин гуна шахсони "ватандорони" беватан, ки худро ғамхору дилсузи миллат ҳисоб мекунанд, ба мисли Меҳмоншову дигару дигарҳо ҷавоби сазовор додед. Ҳамин Меҳмоншоҳ чи хизмат ба миллат, давлат ва ё халқаш карда бошад, ба фикрам ҳеҷ чиз, ба ғайр аз гапҳои хушку холӣ.

Додхох аз Ватан
Вокеан Хафиз вокеияти имрузро дуруст тахлил кардааст, зеро Мехмоншо чанд соли охир аст, ки факат мафхуми худиро гаштаву баргашта калимаи "худиро" нодуруст шарху тафсир мекунад.
Зихи Хафиз ва мисли Хафиз афроде ки дурандешу афкори созанда а вокеиву илми доранд!!!
Ба Хафиз рохи сафед ва андешаи ояндасозиро тмаанно дорем

Ба хеч гас гапи рост маъкул нест. Хандаоварш ин ки худро озодандеш хисоб мекунанд, лекин аз руи талаби ин ё он фармоишгар акида доранд. На ин на он ягон гапи нав намегуянд ва боз якдигарро муттахам месозанд. Аввал худ дар хакикат ягон кашфиёте кунед, агар Хафиз худро озодандеш хисобида ддар амал озодандешии каси дигарро дида наметавонад, дигаре низ гуломи фармоигари ккаси дигар мебошад. Ин миллат бо чунин озодандешону мутаффаккирони бузур кучо меравта бошад?

Шодибой ту аз суфиёну орифо киро и кандар хуб медони ки боз онхоро ба хурофот айбдор менамои. Бовари надорам ки ин равшанфикрону ту ва худат аз фалсафа хабар дори ё на.

tojikiston
офарин Бехруз дар хакикат мисли Хафиз ва Шодибой аз фалсафа дарак хам надоранд боз бахси фалсафи мекунанд.
Додхох аз Ватан,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)