Бахшҳо
10 сен 2014 16:31Тоҷикистон / Сиёсат

Танишҳои лафзии сафирони Русияву Украина дар Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе ҳарфҳои ҳамтои украинии худ – Виктор Никитюкро танқид кардааст.

Дар ин баёния, ки дар саҳифаи Фейсбуки сафорати Русия дар Тоҷикистон нашр шудааст, андешаҳои Никитюк дар мавриди Русия, ки як расонаи маҳалӣ нашр кард, “ҳарфҳои зидирусӣ” хонда шудааст.

Ба гуфтаи Игор Лякин-Фролов замоне, ки раҳбарони Русияву Украина барои пайдо кардани роҳи бурунрафт аз буҳрони Украина кушиш мекунанд, “Виктор Никитюк аз сандуқчааш берун мешавад”. Сафири Русия меафзояд, Никитюк бори дигар бо нишонаҳои зидди Русия ва далелҳои таҳрифшуда сухан кардааст. Ин дуруғи навбатӣ ба мардуми Тоҷикистон дар остонаи иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки раҳбари ин кишвар барои баргузорияш заҳматҳои зиёд кашидааст, рехта мешавад. “Бидуни тартид, ин иҷлос қадами навбатие дар роҳи қувват бахшидан ба муносиботи дӯстонаи кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла миёни Русия ва Тоҷикистон мебошад”, афзудааст сафир ва илова карда ки “рушан аст, сафири Украина мехоҳад муносибатҳои Тоҷикисон ва Русияро халалдор кунад”.

“Дар дохили як кишвар алайҳи шарики калидии он иғвоангезӣ кардан боз ҳам нишонаи набуди оддитарин ахлоқи дипломатӣ аст”,-навиштааст сафири Русия.

Сафири Украина сафари рӯзи 14 августи Владимир Путинро ба Қрим аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносиботи мутамаддини байни давлатҳо ғайри қобили қабул хондааст: "Рушан аст, ки чунин пиарҳои Русия дар зери пардаи "башардустӣ" барои дур кардани таваҷҷуҳи шаҳрвандони Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҷовузи Русия ба Украина, мушкилоти иқтисодӣ, демографӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии худи Руссия равона шудааст",-афзудааст сафири Украина дар Тоҷикистон.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рахим

Таксисти точикро дар Душанбе куштанду боз бахузур баромада рафТАНД. Мо хама хап, моро дар он мулкашон мекушанд мо хап. Лётчикхоро бо тахкир аз мо бурданд мо хап.
Эй мардум то кай инхо хамаро ранч медиханд, то кай.

укроинхо мардуми бисер хубанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)