Бахшҳо

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

Ҳасан Рўҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар мулоқоташ бо олимону донишмандони тоҷик дар Душанбе аз шиаситезӣ, забони форсӣ, фарҳанги исломӣ ва ифротгароию роҳи ҳалли он суҳбат кардааст.

Тавре манобеи “Озодагон” аз ҷараёни ин мулоқот хабар доданд, Ҳасани Руҳонӣ гуфтааст, “ҳар касе, ки ба забони форсӣ сухан бигӯяд ва забони Ҳофиз, Саъдӣ, Рудакиву Фирдавсӣ ва Мавлавиро бифаҳмад шаҳрванди ифтихории Эрон маҳсуб мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, ки шаҳрванди Эрон аст ё Тоҷикистону Афғонистон ва забони форсиро тоҷикӣ меномад ё дарӣ.”

Руҳонӣ дар идомаи суханаш гуфт: “ Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил, пораи тамаддун ва фарҳанги Эрон аст ва Эрон фарҳанги басе фарохтар аз Эрони сиёсӣ аст”.

Ба таъкиди Руҳонӣ, “забони форсӣ фақат қасидаву ғазалу рубоӣ набуда, балки як омили муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст ва суханварони форсизабон фақат нозими калимоти зебо набудаанд”.

Раисиҷумҳури Эрон др идома аз афзоиши бархе гуруҳҳои ифротӣ ва шиаситезӣ шадидан нигаронӣ карда, изҳор дошта, ки тӯли қарну солҳо шиаву суннӣ аз Бухоро то Қуртуба, аз Лоҳур то Истанбул ва аз Қоҳира то Қум дар канори ҳам мезистанд: “Ҳеч кас напурсидааст, ки Мавлавӣ ё Саъдӣ ё Ҳофизу Фирдавсӣ шиа буд ё суннӣ. Ҳоло давоми қарну солҳо аст, ки дар шиа аз Мавлавӣ меомӯзанд. Ҳатто фақеҳони бузурги мо, ба монанди Имом Хумайнӣ аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Чӣ тавре ки Фирдавсии шиа дар сарзамини суннии Шумо маҳбуб аст.”

Ҳасан Руҳонӣ дар шарҳи ин нигаронии худ аз гуруҳҳои ифротӣ афзуд, ки роҳи мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароӣ хеле осон аст ва ба гуфтаи ӯ, танҳо бо эҳёи фарҳанги исломӣ бо шумули тамоми арзишу осори адабию ҳунарӣ ва фалсафию илмӣ метавон, онҳоро аз байн бурд: “Имрӯз дар минтақае ба сар мебарем, ки бояд фарҳанги иқтисодӣ ва масоили муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва амниятии ҳамаи мо бо ҳам пайваст бошанд. Агар Эрон дар фикри рушди амнияти худ бошаду Тоҷикистон дар фикри худ, пас ҳеч кадоме ба мақсад намерасанд. Эрон бо камоли майл омода аст, дар ҳама заминаҳои илмию фановарӣ бо дӯстон ва ҳамсоягони худ, аз ҷумла кишвари ҳамзабону дӯсти дерини худ - Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Мо бахши як сохтмони баландем, ки бахши аз ин сохтмонро Эрон ва бахши дигарро Тоҷикистону Афғонистон меномем.”


АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа
Мӯҳр
45
Зихи Ирони бузург ва дар сояат Точикистони навчавон!

.
Хамааш дуруябози аст. Дар руяш ба Рухони хушомад мегуянд ва табассум мекунанд, хамин ки рафт боз хамон сиесати шиабадбиниву эронбадбиниро давом медиханд.

Адиб
Фирдавсиро шиа гуфтан хатост. Фирдавси бандаи Ходо буд ва он ба дину оини Араб ягон чизе дар шохномааш кайд накардааст.

Нексиришт
Чаноби Рухони набояд ин суханонро мегуфт.“ Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил, пораи тамаддун ва фарҳанги Эрон аст ва Эрон фарҳанги басе фарохтар аз Эрони сиёсӣ аст”.

Яқинан, 95 дарсади афроди мухотаби Рӯҳонӣ бо асли қазияи шиаву суннӣ бо ошно нестанд ва заминаҳои аслии ихтилофи даркоррро (мавҷудро) пай намебаранд. Рӯҳони хеле хуб медонад,ки ин ҳама ин бузургону ба истилоҳи донишмандони академику профессорони мо рӯҳияи исломситезӣ доранд, на сунниро қабул доранду на шиаро.
2. Чаро Рӯҳонӣ дар Тоҷикистон масъалаи ислому шиаро дар миён мегузорад? Охир миллати тоҷик асрҳо мусалмон будаву ҳаст, пас чӣ ниёз аст ба матраҳ кардани мушкилоти шиа? То замое,ки Эрон даст аз таблиӯоти динӣ дар кишварҳои исломӣ назанад, дар ҳеҷ кишвар мавриди пазириш нест. Оё бузургони мо медонанд,ки ҳамин чанд рӯз пеш дафтари Ройзани фарҳангии Эрон дар Судон баста шуд. Чаро? Барои таблиғи шиа дар ин кишвари африқоӣ.
3. Аз замоне,ки шиаи сафавӣ дар Эрон ҳукмрон шуд, дар ин кишвар ҳеҷ як донишманду шахсияти бузург дигар буруз накарда. Шиае,ки асосаш таҳвину бероҳа гуфтан ба саҳобагону уммоти муъминин аст, ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон пойгоҳ намеёбад. Зеро мазҳаби мо, эътиқодоти мардуми мо мубтани бар таҳаммулу муътадилгароӣ аст, на таҳвину таҳқир. Ва матлаби дигар: Тамоми бузургони мо Фирдавсиву Ҷомиву Хайёму Саъдиву Ҳофизу дигарон ҳама бар асоси исломи суннати,ки аз аҷдоди худ мерос бурда буданд, зиндагӣ карданд ва аз дунё рафтанд. Ҳамаи онҳо аз ёрони бовафои Пайғамбар (С) сухани нек гуфтанд ва далели ин ҳама навиштаҳояшон мебошанд. Ҳамон Фирдавсӣ дар васфи адлу ростгароии Умар чунин гуфта: Умар кард исломро ошкор, биёрост гети ба мисли баҳор!

13213
дуруст навиштааст бародар ин хамааш зохири аст ва бадбини идома хохад ёфт чун ин хуни мо чо дорад
бахси мазхаб пеши рохи дигар масоилро гирифтааст

Туркон(пантуркистон)анд, ки бо гузоштани садхои сунъи мехоханд моро аз асли хеш дур биандозанд ва мувафакхам шуда истодаанд.
Дуст машмор он, ки дар неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондаги.

Абдуллох
Субхоналлох ки гуфт ки Фирдавси шиъа буд? Шиъабадбини хамон вахт хотима меëбад ки шиъахо тахкиру тухмати сахобагонро хотима диханд. Хуб мебуд пайравони худро насихат мекардед.

Дориюш
Пас чаро дар маркази илмии кум шиахои ифротиро барои точикистон ва кишвархои осиеги маркази бо шустушуи магзи омодаи тахрибкори дар ин кишвархо мекунанд е мекунед???

Нексиришт комилан дуруст мегуяд!!!!!!!!!!

Зихи Точикистони мустакил!!!!!!!!!!

.
Нексиришт,

Кучояш ба ту маъкул нест? Хакикатро гуптааст. шумо туркаралашшудахо аз тамаддуни эрони ор доред.

Абдулхамид,

Неки пат-пат карди да....

Абдуллох,

Ту аз кучо медони Фирдавси шиа буд е сунни? Паспортша праверка карда бди чи?

Дориюш,

Ту каллаат холи ки бошад албатта онро мешуянд.

Банда
АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ ПАЙҒАМБАР

Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Дари растагорӣ бибояд-т ҷуст.
В-агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд,
Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд.
Ба гуфтори Пайғамбарат роҳ ҷӯй,
Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй!
Чӣ гуфт он худованди танзилу ваҳй,
Худованди амру худованди наҳй,
Ки хуршед баъд аз расулони меҳ,
Натобид бар кас зи Бӯбакр беҳ.
Умар кард Исломро ошкор,
Биёрост гетӣ чу боғи баҳор.
Пас аз ҳар дувон, буд Усмон гузин,
Худованди шарму худованди дин.
Чаҳорум Алӣ буд ҷуфти "Батул",
Ки ӯро ба хубӣ ситоид Расул,
Ки ман шаҳри илмам, Алиям дар аст,
Дуруст ин сухан қавли Пайғамбар аст.
Гувоҳӣ диҳам к-ин суханҳо зи ӯст,
Ту гӯӣ, ду гӯшам пуровози ӯст.
Алиро чунин гуфту дигар ҳамин,
К-аз эшон қавӣ шуд ба ҳар гуна дин.
Набӣ офтобу саҳобон чу моҳ,
Ба ҳам бастаи якдигар ростроҳ.
Манам бандаи аҳли байти Набӣ,
Ситояндаи хоку пои васӣ.
Ҳаким ин ҷаҳонро чу дарё ниҳод,
Барангехта мавҷ аз ӯ тундбод.
Чу ҳафтод киштӣ бар ӯ сохта,
Ҳама бодбонҳо барафрохта.
Яке паҳн киштӣ ба сони арӯс,
Биёроста ҳамчу чашми хурӯс.
Муҳаммад бад-ӯ андарун бо Алӣ,
Ҳамон аҳли байти набиву валӣ.
Хирадманд к-аз дур дарё бидид,
Карона на пайдову бун нопадид.
Бидонист к-ӯ мавҷ хоҳад задан,
Кас аз ғарқ берун нахоҳад шудан.
Ба дил гуфт: Агар бо Набиву васӣ,
Шавам ғарқа дорам ду ёри вафӣ.
Ҳамоно ки бошад маро дастгир,
Худованди тоҷу ливову сарир.
Худованди ҷӯи маю ангубин,
Ҳамон чашмаи ширу мои маин...
Гарат з-ин бад ояд, гуноҳи ман аст,
Чунин асту ин дину роҳи ман аст.
Дилат гар ба роҳи хато моил аст,
Туро душман андар ҷаҳон, худ дил аст.
Набошад ҷуз аз бепадар душманаш,
Ки Яздон ба оташ бисӯзад танаш.
Ҳар он кас ки дар ҷон-ш буғзи Алист,
Аз ӯ зортар дар ҷаҳон зор кист?
Нигар, то надорӣ ба бозӣ ҷаҳон,
Набаргардӣ аз некпай ҳамраҳон.
Ҳама некиат бояд оғоз кард,
Чу бо некномон бувӣ ҳамнамуд.
Аз ин дар сухан чанд ронам ҳаме,
Ҳамоно, каронаш надонам ҳаме.

Банда
Мусалмони хакики бояд мисли хаким Фирдавси бошад, фарк нест шиа аст ё сунни.

Эхтироми ахли байт ва сахобагон бар мусалмон суннат аст !
Пас сунни - шиа аст ва шиа - сунни. Мусалмони хакики бояд инсондуст ва адолатпарвар бошад!

tj
Танхо бо рохи Дусти ин хама фитна бад биниро нест кард!
Суни ва Шиа ба якдигар мушкили надоранд Мо бояд душманро
Бишносем зеро моро аз якдигар чудо кардаистоданд

Бисёр суханои хуб гуфтед Рухони бисёр бо мантик
Мо Точикон Ифтихор мекунем ки Эрон бародари мо хаст!

Ба фикри банда дар Ислом набояд байни хама мазхабу равияхо душмани чуст. Бояд ба монанди мавсими ХАЧЧ, дар Харами Шариф харкас бо ибодати худ машгул бошад,яке рафъи адайн мекунад, дигаре дастхо ба поён,дигаре хулоса чуноне,ки мехонад, бигузор хонанд.
Хадиси Паёмбари ХУДО, ХАЗРАТИ МУХХАММАД С ва С хаст,ки МУЪМИН БАРОДАРИ МУЪМИН мебошад.Яъне бо касоне,ки
1.Худои мо як аст
2.Пайёмбари мо як аст
3.Куръони мо як аст
4.Киблаи мо як аст
тахти ин хадис мебошанд.
Агар дашному бадгуй бошан, ин гунохи худи онхост. Мо мусалмонон душмани худро бояд шиносем ва байни хам душманчуи накунем, ки бо фитнаи онхо чуноне,ки мо имруз дар бисёри давлатхои мусалмоннишин
мебинем чанги бародар куширо.Аввалан бояд ба эхсосот дода нашавем,чунки эхсоси (Газаболуд) шудан, ин худ нишонаи итоати шайтон аст.Ман бо бародарони Эрони дустию рафики дорам ва гохо бахсамон байни Суниву Шиа меравад бокамоли майл якдигарро гуш мекунем.
Шахсан барои ман баромади призиденти пешинаи Эрон М.Ахмадинажод дар СММ (ООН),соли 2011 ё 2012 буд,ки бисмиллох ва саловот ба Пайёомбар С ва С саркарданаш нихоят маъкул шуда буд.
Ба гумони ман мо барои шиа будани шиахо аз онхо душман натарошем,(гарчанде душманони ислом хечгох намехоханд, ки байни суниву шиа муросо бошад) ва пешравии онхоро ба назар гирем ва кушиш кунем, ки аз тачрибаи пешрафтаи онхо истифода барем.Эрон аз чихати нано технология дар чахон чои 10-умро мегирад ва хатто аз Руся пештар аст.чаро мо инро ба назр нагирем? Ба кайхон мушаки сохти худиро бароварданд,сохаи пешрафтаи хастаи (АТОМИ)ро доранд.Сохти ярокхои навтарини хозиразамонро дороянд,Чихати пешрафтаи дорусози ва гайрахоро дорост....

99
Tashakkur va zinda boshed, nazarnavisoni aziz, ki khususan az Shohnoma porchae ovardaast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)