Бахшҳо
02 май 2011 08:59Ҷавонон ва варзиш

Қаҳрамони Тоҷикистонро фаромӯш кардаанд

Ҳар фарде, ки барои Миллат, Ватан ва ободии диёр хизмат кардааст, сазовори қадрдониву эҳтиром аст, аз ҷумла Қаҳрамонони Тоҷикистон низ. Устод Садриддин Айнӣ аз зумраи он

абармардони миллат маҳсуб мегардад, ки номаш дар сафҳаи таърихи кишвар бо оби тилло нигошта шуда, тоҷик ва фарҳанги ӯро барои ҷаҳониён муаррифӣ кард. Забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик ва фарҳанги моро  бе Садриддин Айнӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аммо мақсади матлаби мо дигар аст…

Садриддин Сайидмуродхоҷа Айнӣ 133 сол муқаддам, дар таърихи 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиҷдувони Бухоро ба дунё омада, соли 1957 дар Душанбе аз дунё гузаштаанд. Оромгоҳи устод дар чорбоғи зебоманзар, ки феълан номи ӯро дорад, воқеъ аст. Бо гузашти ҳамагӣ 54 сол аз реҳлаташ, ба қавле ӯро фаромӯш кардаем. Оё воқеан ҳамин тавр аст?

Мо як гурӯҳ ҳамсабақон бо пешниҳоди устод Қироншоҳ Шарифзода рӯзи мавлуди поягузори адабиёти муосири тоҷик ба зиёрати оромгоҳи Садриддин Айнӣ рафтем. Ба назарам, арвоҳи устод интизори омадани мо буд. Гирду атрофи марқад ва саҳни боғро саҳари барвақт  тозаву поккорӣ карда буданд. Дарвозаи боғ низ кушода, роҳрав об зада шуда буд. Пас аз гулгузорӣ дар назди оромгоҳи Айнӣ мо низ чашм ба роҳ будем, ки ба зиёрати устод кӣ меояд?  Тайи ду соате, ки мо он ҷо будем, касе аз зумраи фарҳангиёну зиёиён ва адибон ба он ҷо наомад.Як андеша ҳамаи моро ба ҳайрат гузошт: Наход қадри Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, олим, адиб ва абармарди Миллат Садриддин Айнӣ ба ҳамин дараҷа аст? Магар ӯ набуд, ки барои ояндаи рӯшани  мо зарби 75 чӯби амири Бухоро таҳаммул кард? Магар Айнӣ асарҳои бадеӣ, илмӣ ва осори таърихиашро барои ин миллат нанавиштааст?

Ва шояд мо иштибоҳ кардему як рӯз қабл аз мавлуди Айнӣ ба зиёрати оромгоҳи  эшон рафтем? Не, телефони ҳамроҳ дақиқан бароямон мегуфт, ки имрӯз 15-уми апрел аст. Яъне аниқ рӯзи таваллуди устод. Мутаасифона, интизориҳоямон барабас рафту дигар касе вориди боғ нагашт, ба ҷузъ мо касе бар пояи муҷассамаи Айнӣ гул нагузошт. Афсӯс, сад афсӯс, ки ин қадар зуд абармардеро, ки хизмати босазо барои мою ватани мо кардааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридаем…Мо, ки имрӯз ба қадри фарзанди қаҳрамони миллат намерасем, фардо худи мо ва насли моро чӣ интизор хоҳад буд?{jathumbnail off}

Саъдӣ Ғоибов, донишҷӯи ДМТ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)