Бахшҳо

ВИДЕОИ ташрифи меҳмонони воломақом ба Душанбе

Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки фардо 12 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, раҳбарон ва намояндаҳои кишварҳои аъзо ва нозири созмон ба Тоҷикистон меоянд.

Нахустин шуда, райиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе омад. Ҳасани Руҳонӣ рӯзи гузашта (10 сентябр) аз Қазоқистон ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварда, бо президент - Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ дошт. Райиси ҷумҳурони ду кишвар бо пахши тугма чархаи дуюми неругоҳи "Сангтуда-2"-ро ба кор дароварданд. Ҳамчунин, Руҳонӣ бо олимону донишмандони тоҷик суҳбат намуд.

НАВОРИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАҲМОНУ РУҲОНӢ ИНҶОСТ

11 сентябр нахустин шуда, Тсахиагийн Элбэгдорҷ, райиси ҷумҳури Муғулистон ба Душанбе омад.

НАВОРИ ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ МУҒУЛИСТОНРО ИНҶО БУБИНЕД

Баъдан, Сартач Азиз, вазири умури хориҷӣ ва мушовири сарвазири ҷумҳурии исломии Покистон оид ба масоили сиесӣ ва амнияти байналмилалӣ ташриф овард.

Тайёраи Си Ҷинпин, райиси ҷумҳури Чин соатҳои 12:10 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

НАВОРИ ИСТИҚБОЛ АЗ РАЙИСИ ҶУМҲУРИ ЧИН

Баъди зуҳр, аввалин меҳмонони Тоҷикистон Ислом Каримов, райиси ҷумҳури Узбакистон ва Владимир Путин, президенти Русия буданд.

ВИДЕОИ ВУРУДИ ИСЛОМ КАРИМОВ ИНҶОСТ

НАВОРИ ИСТИҚБОЛ АЗ ВЛАДИМИР ПУТИНРО ИНҶО БУБИНЕД

Бо фосилаи андак Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Рашид Муродов, вазири умури хориҷии Туркманистон ҳам вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.

ВИДЕОИ ИСТИҚБОЛ АЗ НАЗАРБОЕВ

Гуфта мешавад, раиси ҷумҳурони Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон низ имрӯз вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви СҲШ буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон давлатҳои нозири созмони мазкуранд. Ахиран дар мавриди зиёд шудани теъдоди кишварҳои аъзо сару садоҳое баланд мешавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар як матлабаш гуфтааст, Маскав хостори пайвастани чанд давлати дигар ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст. Бо вуҷуд ҳоло маълум нест, ки аз пайвастани аъзои нав дар ҳамоиши Душанбе эълон мекунанд ё дар саммити оянда, ки қарор аст дар шаҳри Уфаи Русия баргузор шавад. Коршиносон шонси Эрон, Муғулистон ва Ҳиндустонро барои аъзои СҲШ шудан бузург арзёбӣ мекунанд.


ВИДЕОИ ташрифи меҳмонони воломақом ба Душанбе
Ҳасанӣ Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

ВИДЕОИ ташрифи меҳмонони воломақом ба Душанбе
Тсахиагийн Элбэгдорҷ, райиси ҷумҳури Муғулистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

ВИДЕОИ ташрифи меҳмонони воломақом ба Душанбе

Сартач Азиз, вазири умури хориҷии Покистон


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)