Бахшҳо

Раҳмону Путин аз танзими муҳоҷирати корӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтаанд

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, райиси ҷумҳурони Тоҷикистону Русия, ки шоми рӯзи гузашта сурат пазируфт, бино ба қавли дафтари матбуотии президенти кишвар “таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расондани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва танзими муҳоҷирати корӣ зоҳир гардид”.

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шудааст. “Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон аз афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли равон изҳори хушӣ кард”,-иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт.

Владимир Путин рӯзи гузашта (11 сентябр) ба Душанбе омад ва имрӯз дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай иштирок мекунад. Соли 2015 раҳбарии ин созмонро Русия бар душ хоҳад дошт ва қарор аст, саммити навбатии СҲШ соли оянда дар Уфа баргузор шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Баргандондани марз аз рузе,ки аз дасти русхо рафт масъалаи якумдарачаи русхо буд,бояд гуфт,ки шояд баъзе бехбуди хам орад,аз хисоби кам шудани маводи муххадир аз тарафи кочокбарони точик.Ба хар хол шояд аз тарафи русхо ин кор боз авч гирад,вале ба хар хол як бахонаеро хам меорад,ки агар русхо точиконро ба ин баъдан айбдор кунанд,хукумати Точикистон метавонад,ки айби ба Русия дохил шудани ин маводро ба гардани русхо занад.Бозгашти русхо ба сархад боиси харчи зудтар ба Иттиходи Гумруки дохил шудани Точикистон мешавад,ки ба халки Точикистон фоидаи зиёде меорад ба гайри як гурухи хурде,ки тичоратхои асосии Точикистонро ба дасти худ гирифтаанд.Бояд гуфт,ки ин гурух то ба охир аз даромадан ба ин иттиход пофишори мекунанд,бо сад бахона,вале мо он кадар заводу фабрикахову ва точирони мардумие надорем,ки мо зарари сахт бинем дар сурати ба бозори Точикистон дохил шудани ширкатхои тичоратии Иттиходи Гумруки.Барои мисол дар сурати дохил шудан ба ин Иттиход мо мухочирон аз азоби хаки зиндаги,ичозатномаи кориву,ихрочшави аз Иттиход Гумруки озод мешаванд ва инчунин сохиби маоши хуб хам мешаванд дар баробари мардуми махалли,инчунин яке аз масъалахои асоси ин ба Руссия сафар кардан кариб ба ду маротиб арзон мешавад,ки барои мухочирон яке аз бехбудихо ба зиндагии онхо мешавад.Лекин бояд як чизи дигарро фаромушт накунем,ки дар минтака чанд давлат ва дар худи Точикистон чанд гуррухое,хастанд,ки мавкеъи худро доранду бо хар рох мукобили ба ин Иттиход даромадани Точикистон шуда метавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)