Бахшҳо
12 сен 2014 16:08Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Аз гиряҳо то маҳрум мондани Кабирӣ аз стипендияи ленинӣ

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон дар мулоқоташ бо ҷавонон гуфт, имрӯз Истиқлол ба арзиши миллӣ табдил шуда, ифтихор бо он вазифаи шаҳрвандӣ ва дифоъ аз он фарзи имонӣ аст. Ӯ дар идома афзуд, “ба хотири ҷонибдорӣ аз истиқлолияти давлатӣ 23 сол қабл моро хоин эълон карда, ҳатто аз стипендияи ленинӣ маҳрум карданд”.

“Ба афроде ки имрӯз истиқлолиятро ба манофеи шахсӣ табдил додаанд, чун истиқлолият ба онҳо мансабу мақому хона додааст, гуфтаниам, нафароне ҳастанд ки дар вақташ барои ин истиқлолият ҷонбозиҳо кардаанд”,-илова намуд Муҳиддин Кабирӣ.

Райиси ҲНИТ аз Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ барои мустақил шудани Тоҷикистон нақши калидӣ доштанд: “мо мехоҳем вақти чунин ҷашнҳо дар баробари дигарон аз ин шахсиятҳо ҳам ном гирифта шавад, набояд хидмати бархеҳоро нодида гирифт”.

Дар идомаи суҳбаташ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандию аҳзоби сиёсӣ борҳо собит кардаанд, ки бо вуҷуди ихтилофи назар бо ҳукумат, дар масоили марбут ба манофеи миллӣ “дар гирди ҳукумат ҷамъ мешаванд”. Ба таъкиди ӯ, “замоне расида, ки истиқлолияти давлатиро бо баргузории интихоботи шаффоф комилу мустаҳкам намоем. Вақте давлат қудратманду ҳарфаш ҳарф аст, ки пушти он миллату мардум меистад".

ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ


Вакили парлумон далели аслии гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротиро ба интихоботҳои ғайришаффофи ҳукуматдорон марбут донист: “Вақте интихобот шаффоф аст ва ҷавонон дар сурати мағлубият, интихоботи ояндаро интизор мешаванд”. Ӯ дар хитоб ба онҳое, ки бо ифротгароӣ мубориза мебаранд гуфт, “шумо ҳоло натиҷаро илоҷ мекунед, ба ҷои он ки сабабро муолиҷа кунед”.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, онҳо дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамфикранд, аммо ба навъҳои он ихтилоф доранд: “Инҳо фикр мекунанд вақте ҳиҷобро манъу шиорҳои исломиро барчинанд ифротгароӣ кам мешавад, аммо ин дидгоҳи танг аст, роҳҳали асосӣ адолати иҷтимоӣ, интихоботи шаффофу озод ва мардумӣ аст”.

ОЗОДИИ ДИНӢ ДИҲЕД, КАСЕ АЗ НАҲЗАТ ПАЙРАВӢ НАМЕКУНАД


Муҳиддин Кабирӣ дар мулоқот бо ҷавонон ба маҳдудиятҳои динӣ ва фишор болои ҳизбаш ҳам дахл карда, гуфт, “шумо озодиҳои динӣ бидиҳед касе аз ҳизби наҳзат пайравӣ намекунад. Панҷ соли натиҷаи фишору маҳдудкуниҳоро дидем, тоҷик дар Сурия амир шудааст, биёед панҷ соли дигар озодии динӣ диҳем, бинем чӣ мешавад”. Дар идома Кабирӣ даъват кард, ҲНИТ-ро ҷузъи миллат дониста, рақобатҳои носолимро канор бигузоранд. “Агар бо фишору маҳдудсозӣ ва эҷоди монеа барои аҳзоб мехоҳед пеши ифротгароиро бигиред, донед ки шумо роҳро барои онҳо боз кардед”,-гуфт вай.

ЧОР ГИРЯИ КАБИРӢ, ЯКЕ БАРОИ ЗАЙД

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, барои соҳибкори зиндонӣ Зайд Сайидов гиристааст: “Дар 5-6 соли охир 4 бор гиристаам: барои реҳлати раҳбарони ҲНИТ, барои реҳлати модарам ва бори охир ба ҳоли Зай Сайидов”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
шахсавор
бачахакои занчирбанди 23 сол пешро намегуед..дар чи холанд холо онхо ва кихо чипсавору сохиби чоху мансаб...эй дуне , дуне...

Чаноби Кабири Окил ва доно хастед.. Лекин хукумати Исломиро аз сар дур
Кунед зеро ин халки мо Саводи Исломи надоранд. Фишорхои берунада
Токат карда наметавонанд. Шумо бинед Давлатхо Исломи дар чи хол хастанд.

аз оппозитсия барои истиклолияти давлати ёд овардан магар дуруст аст? Онхо дар вакти чанги шахрванди чи кори хуб карда буданд? Худро мусулмону дигаронро комунист гуфта берахмона катл мекарданд! Охир хама як миллатанд-ку? Хар чизе зиёд шавад, зиёнаш хам зиёд мешавад. Агар ХНИТ оиди масъалахои дини зиёд сухан ронад, чавонон фанат шуда, ба гуруххои тандрав шомил мешаванд. Бинобар ин субердинатсияро нахзатихо бояд риоя кунанд.

Сорбонхуча
Кабири дар чор соли охир чор бор гиря кардааст ва Зайд Саидов хам чахор зан дошт.Ачаб таззоде! Лек Кабири мардума гаранг накун ки гуё интихоботи ношаффоф сабаби ифротгарои хаст.Соддарин кас хатто занхои хонашин медонанад ки чавонони моро амри маъруфхои Хочи Мирзо ва Эшони Нуриддин ифротгарову террорист кардааст... кам кам гапои мантики хакм бгу охи мухтарам Кабири .....

Абубакр
АЛЛОХ НИГАХДОРИ ШУМО БОШАД УСТОД М КАБИРЙ

ромиш
чаноби Кабири ба шахсияти Шумо эхтироми зиёд дорам. суханхои Шумо мантикист, аммо ифротгар шудани чавонон ва сияхпуш шудани духтарон на аз фишорхои хукумат балки аз бедониши, фахмиши зохирии ислом ва таблиги муллохои афсонагуй аст . сабаб хамин аст Шумо аз хукумат не аз хизби худ ва муллохои худ домангир шавед ки исломи вокеъиро бояд таблиг кунанд на афсонахои дузаху бихиштро ки аз Рудаки то Икбол ин гуна исломро бузургони миллат дар замони худ кабул надоштанд. чи бошад дар асри 21. ин фахмиши исломии чавонони имрузро факат ба чиходи чанги мазхаби, чудоии чомеаи Точикистони азиз, толибону давлати исломи, бачабозии покистониву афгони мебарад. дар ин маврид мавкеъи ХУКУМАТИ ТОчикистон солимтар аст. агар чи ба дониш фаросат ва илми дунявию динии шумо ва окои Турачонзода койилам ва нонхуру нафари хукумати нестам, вале дар ин мавкеъ аз ибтикороти ЧО ва Хукумати ЧТ 100 фойиз истикбол мекунам.ва 98 фойизи ахли илму зиёиёни точик аз ифротии дини шудани насли наврас нигаронанд.

ХАКЧУ
ХУДО КУВВАТ ЧАНОБИ КАБИРИ . ПАРВАРДИГОР БО КАСОНЕСТ КИ ХАМЕША ТАРАФДОРИ ХАК БОШАДУ АЗ ЗАБОН ХАК ГУФТА ШАВАД. БОЗ ХАМ САБУРТАР БОШ ТО НОХАК БАР ЗОНУ НИШИНАД .

мухлис
и кабири як бори дигараша нагуфт барои ки гиря кардааст, чор бор гиря кардааст ку.

Алпинист
Ман ба гуфтаҳои ҷаноби КАБИРИ кор надорам, вале мехоҳам ҳамин чизҳое, ки ба ҳукумат насиҳат мекунад худашро як суол диҳад, ки дар ҳизбаш кардааст? Ба нагуяд. Ин мардак ҳам ҳамин қадар кардааст, бовари доред, ки аз ин беҳтарро карда метавонед? Одам реали бошад маълум меша.

Бародар Кабири дар мавриди ходимони асили истиқлолият дyрyст ва ба маврид сyхан кардаст. Ҳамин раҳбарони имрyзаи мо дар вақти истиқлолият намехостанд кишвари ми мyстақил ва озод бошад балки барои боқи мондани низоми камyнистии зери сyлтаи шyрави дошта бовар доштанд ва барои ҳамин андеша yламои дин ва рушанфикрони миллии моро зиндони карданд ё онҳоро аз ватан ронданд. Тоҳири Абдуҷабор, Аслидини Соҳибназар, Ҳоҷи Акбари Тyраҷонзада, Саид Абдуллои Нyри ва дигарон тарафдори воқии истиқлолияти кишвар бyданд.

кулоби
Сорбонхуча,
Мо мусулмонем пешвохои Исломро аз призидент боло медонем

sr
Mo bo shumo hastem Muhtaram Kabiri muvafaqyat

Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ инҳо ҳама хоинони миллат буданд! Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар вақташ ХУДОРО намешинохтанд.

ман ба холи ин миллат бояд бигирям, ки аз дирузи худ сабак нагирифта, боз ба нафароне, ки хизматгори хочагони хоричианд, ихлос мекунанд. Фоидаи якмохаи Хамноми маро акаллан боре хам шумурдаед ва медонед, ки аз пушти якояки шумо у чи маишате дорад? Беш аз шаш хазор сомони аз давлату дасти кам чор маротиба зиёд аз хочагонаш. Яъне хам зар ба даст ояду хам ёр наранчад. Хукумат гандаву сомонихояш нуши чон. Шумо ба ки бовар кардан доред?

Star
Сорбонхуча,
Касе ки суханхои Хочи Мирзо ва Эшони Нуриддинро гуш мекард, имруз боимон ва хушхолона зиндаги мекунад, аммо касе, ки онро гуш накарда амал накард, дили онхо сиех аст, зеро дар симои мусалмон террористро мебинанд. Имруз ба чомеаи мо чунин шахсон нарасида истодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)