Бахшҳо
13 сен 2014 09:30Тоҷикистон / Сиёсат

Кумитаи амният барои сафари Содиқов аз Тоҷикистон иҷоза додааст

Созмони Авфи байналмилал ё Amnesty International мегӯяд, Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки моҳи июни соли равон бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт ва баъдан ба шарти берун нарафтан аз ҷои иқомат раҳо шуда буд, ба Канада рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, пажӯҳишгари тоҷик рӯзи 10 сентябр Тоҷикистонро ба қасди шаҳри Торонтои Канада тарк кардааст. Amnesty International ҳадаф аз куч бастани Содиқов ва хонаводаашро ба Канада идомаи таҳсил арзёбӣ кардааст. Дар иттилоияи ин созмон, аз ҷумла омадааст, “мақомоти амнияти Тоҷикистон ба дархости Содиқов посухи мусбат дода, ба ӯ иҷоза доданд, барои идомаи таҳсилаш ба Торонто баргардад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Созмони Авфи байналмилал хостори бекор кардани иттиҳомот алайҳи Александр Содиқов шудааст. Худи пажуҳишгари тоҷик низ аз тӯл кашидани тафтишоти парвандааш нигаронӣ карда, гуфта буд, ба далели тафтишот иҷозаи берун рафтан аз кишварро надорад, дар ҳоле, ки дарсҳояш дар донишгоҳи Торонто аз 8 сентябр оғоз мешаванд.

Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд.

То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд. Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд ва рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардид.
Мӯҳр
Ali
Амнияти мо сад дар сад ин фардро бо далоили кавии бозгукунандаи у барои чосуси боздошт карда буд, аммо мутаассифона хукумати мо ки заъифу нотавон ва фармонбурдори кишвархои бузург аст, зери фишори хочагони хоричиамон ин фардро рахо кард ва ичозаи хуручро хам барояш дод. Агар чои ин фард як точики одии сокини ин диёр буд, абадан у дигар руи озодиро намедид. Боз баъзе хукуматпарастони мо Кабириву Зохирову дигар афроди дорои назари озодро ба муртабит буданашон бо хоририхо аглаб гарбихо муттахам мекунанд! Дидед кихо бо дастуру фишори бегонагон як фарди комилан муттахамро хамин тавр рахо мекунанд ва хомуширо ихтиёр мекунанд. Ин хама барои афроди дорои андеша чои таъаммул дорад. Агар хукумадорони мо хам мисли бачахои амният, ки афроди хирфавиву бовичдонанд дар баробари анчоми вазоифи хеш, буданд, бисёр мушкилоти ба худиии худ рафъ мешуд. Вале афсус ин тавр нест!

GGGGGG
Бародарам Али Агар дар хотир дошта боши чинояткорони рус марзи моро хайри конуни убур кардан окибати корашон озоди шуд.Душманони давлату миллати мо бо хуччату далел дасгир мешаванд, вале мувофики чиночташон чазо дода намешаванд.Бо зами хамаи ин гуфтаи шоирро дар зиндаги шиори худ кардаам.
БИКУН САБР АЗ ЧАФОИ МУНКАРИ ДИЛ,
ШАВАД ШОЯД МУРОД АЗ САБР ХОСИ.
Ин суханхоро барои он мегуям ки дустдори ватану миллати худам.ТОЧИКИСТОНАМ.

Ba Ali
Ali,
Donista bosh mardi khirad ki ba monandi Shumo shakhson tamomi kadrhora mo ay dast dodestem. U ba Canada bargasht digar tamoman ba TJK barnamegardad! Chunki hama rohbariyati Tojikiston ba fasod oluda ast, az bogchai bachagona to vazoratu hukumatho inchunin ojonsii ziddi fasod va kumitai amniyati milli.

саш
як фарди комилан муттахамро

.............. як фарди комилан муттахамро........
агар марди ва агар имону вичдон дори биёр як далел дар мутахамми ин донишчу. магар мулокот бо Алим Шерзамонов чиноят аст? барои он ки Алим номашро дурус Халим нанавишта ё гунохи дигар? магар омузиши мочарохо мамнуъ аст??? магар барои хоричиён дар Точикистони имруз чизе махфи ва пинхон хаст?? дар холе ки 7 хазор шитики руси инчо дар холи хозирбош аст. Офарин ба хукуматамон чун дид бегуноху бегаразу безарар аст рахояш кард. бидуни харос аз абаркудрате

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)