Бахшҳо
14 сен 2014 15:45Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Такрори зиёфати Раҳмон барои Сӣ Ҷинпин дар шабакаи аввал

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон зиёфати оилаи Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон барои Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсарашро пайваста намоиш медиҳад.

Ин зиёфати ба гуфтаи дафтари матбуотии президенти кишвар ғайрирасмӣ, шоми 12 сентябр дар қароргоҳи шаҳрии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Телевизиони давлатии Тоҷикистон аз ин меҳмондорӣ "Шоми дӯстӣ" ном бурда, онро такроран пахш мекунад. Дар навори мазкур қабули Сӣ Ҷинпин ва бонуи аввали Чин - Пен Лиюн аз ҷониби хонаводаи президенти Тоҷикистон, ба президенти Хитой пӯшондани ҷомаву тоқӣ, намоиши маҳсули ҳунарҳои тоҷикӣ ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, заргарӣ ва ороишоти дигари миллӣ, тамошои гулбоғу дарахтон намоиш дода мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти райиси ҷумҳур, аксари дарахтони мевадиҳандаву сояафкани қароргоҳи мазкур "аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд".

Лавҳаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пешниҳоди самбуса ба меҳмонон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва барои бонуи аввали Чин аз дег кашидани косаи шурборо ҳам нишон медиҳад.

Дафтари матбуотии президент менависад, "меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд".

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин 11 сентябр барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми нахустин сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр "Сӣ Ҷинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе баргашт".

Манбаъ меафзояд, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом ва ҳамсари ӯро Эмомалӣ Раҳмон, бонуи аввали Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд: "Зимни мулоқоти кӯтоҳе, ки дар толори меҳмонони олимақоми фурӯдгоҳи Душанбе баргузор шуд, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар баҳои баланд доданд".

"Боздиди нахустини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон басо пурмаҳсул шуд, зеро дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои дар ин сафар миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамшарики стратегӣ баимзорасида беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ бунёд мешавад ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад", - иттилоъ медиҳад дафтари матбуотӣ.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
гурусна
сер кай парвои гурусна дорад

Фикр накунед, ки Чин аз як Син вобаста асту дили уро ки ёфтед, тамом Хито ба Точикистон милиардхо бахшиш мекунад. Баракс Син баъд рафтан ватанаш хай мавриди пурсу порс карор мегирад, мисли Мункару Накир. Бо ин зиёфати гайрирасми Синро Худо зад.

Dev
Ba fikram TV -hoi Tojikiston ba Rahmon hizmati hirsona dorand. AZ mehmondori guftan, in alakaj minnat ast, hudnishondihi ast. Garchande mo tojikon hele mehmonnavozem, vale reklom kardan mentaliteti tojikon nest

Шамсиддин
ТВ Точикистон вакте беадаби ва хуфту хоби як муллоро такрор ба такрор намоиш медихад ин зиёфат хабари бисёр калонай

Ilhom
Мехмондории Хуб буда. Фикр намекунам, ки хамин мехмондори гаразе дошта бошад. Огои Рахмон факат хаминро мехост (назари ман аст) нишон дихад, ки мехмондори чигуна бояд бошад. Хар нафари ки дар хорич будааст аз муносибати хунуки хоричихо дарак дорад. Набояд, ки ин мехмондориро ба дилсиёхи кашонид. Мехмондори низ хикмати худро дошта, ва на аз барои пул аст.
Ва ба нафарои гушнаву ташна гуфтаниам - мард шавед шумо хам. Азоб кашед, аввал дилсиёхиву руйсиёхиро аз худ зудуда бинмоед, гунохи мардумро начуед, мехнат кунед, илм биёмузед, кор кунед -баъд мебинед ки хамааш хуб мешавад.

гн
Ilhom,

Хайр карда бошад, кард. Мо ба ин кор надорем, мо хам мехмон даъват мекунем. Лекин ба мардум хаминро такрор ба такрор барои чи нишон медиханд? Хонаи бохашаматша каттаги карда нишон медихад?

Барои ин хама захматхо ва гамхорихо танхо ба Сарвари давлат мардона сипос бояд гуфт.Зеро дар хамаи ин талошхо фардои рузафзуни Точикистон дар назар дошта шудааст.

Примитивная дипломатияи имрузаи рохбар ва рохбарони точик оён гардид. Кабули расмй ва давлатй (кабул дар аэропортро точикон ихтиро карданд) факат дар назди горди миллй мешавад. Бинед ман чй хел зиндагй дорам. Ояндаи Точикистон аз фарзандони ман аст. Шукрона кунед!

рустамзода
дуст дорам хамин оиларо

шоилхом
Ватандуст
Офарин кандотона занед фарзандони бо ори точик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)