Бахшҳо
15 сен 2014 09:27Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Эмомалӣ Раҳмон ба гумруки Тоҷикистон бовар надорад?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гузоришу баромадҳояш зимни сафари давлатии Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Душанбе ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро ду миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.

Тибқи гузориши дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба гардиши мол миёни ду кишвар дахл карда, афзуд, “ҳанӯз чанд сол қабл мо ҳатто тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди ду миллиардро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи савдоямонро то ба се миллиард доллар расонем.”

Ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз ҳадди 2 миллиард доллар гузаштани гардиши мол миёни Чину Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 ҳамагӣ ҳудуди 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баромадҳояш ба иттилои мақомоти чинӣ такя намудааст, ки ба ҳисоби онҳо гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 аз ду миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст.

Ҳолдонҳо дар шарҳи ин фарқияти калон миёни омори Чину Тоҷикистон изҳор медоранд, ки дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомот, яъне, бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд, аммо буҷаи Тоҷикистон садҳо миллион маблағро аз даст медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз имзои 16 созишномаи нав бо Чин хабар дода, меафзояд, дар сурати татбиқи онҳо ба иқтисодиёти кишвар 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ворид хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мурод
Бисёр сарлавхаи хуб! Мохияти кори сохторхои давлатии Точикистонро равшан нишон медихад!

мусулмон
Икаи дига конунхои худоро поймолкун ба монанди либоспуши духтаро аз зону боло, масчидхо аз 18 сола боло, ба ришдорон нафрат доштан, амри маъруфро маънд кардан.худован баракатро хаминхел мегират аз хукумат.фардо худованд мепурсад, ки ин пулро аз кучо ёфти ва дар кучо сарф карди албата чавоб метем хамаамон.рузи дахшат. чихел чавоб медодабошем?субхоналлох..

Ba musulmon
Ин чиниеихо хама духтаракош шортик мепушанду похошон сап сафед ва бисер тозаву дилкаш мекнанд худашона на сатр доранд на мисли шумо барин шикамчаронхо руз то бегахра намоз мехонанд, лекин хама баракат дар ончо яъне чин хаст ку то тасбехи дастату чойнамозатро чинихои кофир месозанду меоранд ва мефурушанду ту барин мусулмонхои танбали ишкамчарони обид истифода мебарад!!! Вой бар аклу заковату фахму дарки ту барин мусулмон ки мояи бадбахтиву акибмондагии Точикистон ва чахлу чахолату хунрезии ин дунеи майдакак шудаед!!!!!!!!

Muslim
Ba musulmon,
Ту бе дин боши ин ба ту дахл надорад ... Ту мохияти пешрафтагиро аз кучо дони .....

DAR CHIN AZ BAROI KORUPCIYA HUKMI KATL MEBOSHAD, AZ BAROI HAMIN, DAVLATASH PESH RAFTAAST. DAR MO BOSHAD HAMAI PULI GUMRUKI DAR KISSA MEBOSHAD, ALBATTARA PULI GUMRUKIRO DAR HAZINAI TOCHIKISTON, DIDA NAMESHAVAD. HAMINHEL RAFDAN GIRED, CHANGOVARONI IROKU DIMISHK, NAZDIK OMADA ISTODAAND.IN PULHOI SHUMO, HATTO BA HALK NAMERASAD, HAMAASHRO BOZ VAY HONASUZHO MEGIRAND, CHONI HALK, BOZ DAR AZOB.

Ба муслим
Ман сад бор безорам аз он Дине ки дар фахму тасаввури ту барин муслим аст!!!! Садкаи неъмат хои Хамин Дуне шави ишкамчарони ришдароз!!!!

То кай чорто муллои курсавод мо мусулмононро аз он дунёву ин олами хурдакак метарсонда бошанд,худовандро бо дил шинохтан даркор на бо худнамоишиву,дод задан бо тамоми овоз дар амри маруфашон....Дар дунё дигар диндорон дар асри 21 зиндаги доранд бинед чикадар пешравихои доранд да хама сохахо,мо мусулмонон бошем як дигаро бо дасти худ дар тамоми чахон сунъиву,шиъаву,салафияву,дигар равияхо гуфта кушта истодаем массовый бинед гумрохони сурия,ирок,авгонистон ва дигар давлатхои исломиро аз мусулмонда соддатар ва гумрохтар нест дар руи замин,мо хам алхамдулилох мусулмонем на мисли якхел мардуми зудбовару гумрохе ки дасти кадом эшоневу,хочиро давида бусса кунем,пеши пояшда афтему гиря кунем.....э вой бар холатон точикони соддаам якхел дасти падару модарашро бусса накарда ,,,,,,,......!
Гапхои зиёдати нависта бошам бахшиш озодагон чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)