Бахшҳо

Норозигии "Ғарибшо" аз ҳушдори Кумитаи дин

Бахтиёр Раҳимов, раҳбари театр-студияи “Ғарибшо-компания” барои яке аз саҳнаҳои ҳаҷвии худ аз сӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҳушдор гирифтааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, 15 сентябр бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, “ба раҳбари театр-студияи Ғарибшо-компания ба хотири нодида гирифтани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар як саҳнаи ҳаҷвияш ҳушдор дода шуд.”

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, Бахтиёр Раҳимов дар ин саҳнааш “пулчошӣ” кардааст ва Кумитаи дин барои он, ки амалаш ҳамчун таблиғ қабул нашавад, ба ӯ огоҳӣ додааст. Ҳушдори раҳбари театр-студияи “Ғарибшо-компания” аз сӯйи кумитаи дин дар ҳолест, ки тайи 12 моҳи соли 2013, 10 овозхон ва 4 мансабдори тоҷик барои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ҷарима шудаанд.

Бахтиёр Раҳимов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, воқеан барои як саҳнаи ҳаҷвияш ба кумитаи дин даъват шуд, аммо расман огоҳие нагирифтааст. Ӯ дар шарҳи ҷузъиёти суҳбаташ бо масъулини кумитаи дин афзуд, “онҳо мақсади моро дигар хел фаҳмидаанд. Фаҳмондам, ки ҳадафи мо он буд, ки мардум бинанду такрор накунанд. Агар ин хел бошад, бармеояд, ки мо дигар дар саҳначаҳоямон ягон камбудиро нишон надиҳем?...”

Раҳимов ҳамчунин аз “хурдагирӣ”-и кумитаи дин интиқод намуд, ки ҳамаи корро монда ба як саҳначааш кордор шудаанд. Ӯ афзуд, “дар ниҳоят суҳбат кардему ба якдигарфаҳмӣ расидем. Онҳо изҳор доштанд, ки мо шуморо дигар хел фаҳмида будем.”

Мусоҳиби “Озодагон” илова намуд, саҳнаи “пулчошӣ”-аш се моҳи пеш дар барномаи консертии Зиёвиддини Нурзод сурат гирифтааст, ки ҳадафи он ислоҳ ё аз байн бурдани ин зуҳурот буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бародари азиз Бахтиёр! Аз ин хел одамхо наранчед маълум ки ин бечорахо хачвро аз чиддият фарк намекунвнд. Барои хамин пешниход мекунам, ки пеш аз хар як баромадатон дар ТВ ва умуман дар хар чое ки консерт медихед эълон кунед ки шумо хачвнигоред ва масалан дар сахнае ки гирифтани пора хаст онро хамчун таблиги порагири хисоб накунанд.

Гарибчон
Ин гунохи акаи Бахтиёр нобахшиданист дарав капида махкамш кнен, ки дига масхара накунад. Оббо Кумитаи дин чи кумита бошад, инашам фатво медихаду маркази исломиям хам.

Dev
Baroi ba fahmish rasidani in mardum 23 basanda nest, onho 70 solro intizor...

Бубахшед, ин норасоии фахму идрок аст. Одаме, ки ин "фатворо" баровард, очилан бояд аз кори давлати барканор шавад. Бе огохи, сразу отставка. Барое, ки ин ислохнашаванда аст.

Муаллим
Бахтиёр! О он масъулони кумита савод надошта бошанд чӣ кор кунанд? Ҳар чиро ки бо чашм мебинанд, ҳамонро мефаҳманд. Барои фаҳмидани асрори саҳна ва ҳаҷв, умуман санъат каме дониш ҳам бояд дошт!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)