Бахшҳо
16 сен 2014 11:35Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мактаби байналмилалии президентӣ: “Аз андоз нагурехтаем”

Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, “аз супоридани андоз нагурехта аст ва нахоҳад гурехт”.

Раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ дар посух ба иттилои Кумитаи андоз, ки ҳаҷми қарзи Мактаби байналмилалии президентиро ба ҳолати 1 июли соли равон беш аз 1 миллиону 348 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст, гуфтаанд, 1 миллиону 100 ҳазор сомонии онро баробар карда, то охири моҳи сентябр маблағҳои боқимондаро пардохт мекунанд.

Дар номае, ки раҳбарияти Мактаби байналмилалии президентӣ дар посух ба матлаби “Мактаби президентӣ ва ширкати Занҷонӣ дар рӯйхати “андозгурезҳо”-и Тоҷикистон” унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Мактаби байналмилалии президентӣ ҳамчун муассисаи таълимии давлатӣ аз супоридани андоз нагурехта аст ва нахоҳад гурехт. Маблағи 1 миллиону 348 ҳазор сомони қарзи андоз, ки Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон муайян намуда аст, ин асосан маблағи қарз барои соли 2013 мебошад. Яъне, Кумитаи андоз Мактаби байналмилалии президентиро тибқи Кодекси нави андоз ба қатори андозсупорандагони миёна дохил намуда аст, ки Мактаб мувофиқи он бояд андоз аз арзиши иловашуда (18% НДС) супорад”.

Дар идома сабаби асосии тибқи низоми нав андозбандӣ гардидани Мактаби байналмилалии президентӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ маблагузорӣ нагардидани он арзёбӣ шудааст. “Дар се соли фаъоляташ мактаб тамоми намуди андозҳоро сари вақт ба таври пурра тибқи низоми соддакардашуда (6%) пардохт намуда аст. Роҳбарияти Мактаби байналмилалии президентӣ унвонии Кумитаи андоз мактуби расмӣ ҷиҳати то охири моҳи сентябри соли 2014 тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи андоз ирсол намуда буд. Баробари ворид гардидани маблағҳо аз ҷониби волидайн аз таърихи 25 август то ҳолати 10 сентябри соли 2014 маблағи 1 милиону 100 ҳазор сомонӣ маблағи қарзи андоз алакай пардохт гардид. Маблағи боқимондаи қарзи андоз то охири моҳи сентябр пардохт карда мешавад”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
мухаммад
Наход, ки муассисахои таълими мисли заводу фабрика, корхонахои истехсоли, андоз аз даромад супоранд. Аслан ин гуна муассисахо ба хамагон маълум аст, ки ба таълиму тарбияи наслхои оянда сару кор дошта, ягон махсулот истехсол карда дар бозор намефурушанд, чи гуна метавон онро супорид. Баръакс онхо бояд аз чунин тарзи андозбанди озод бошанд. Бо чунин тарзи андозбанди устодони сатхи байналмилалиро ба кор даъват кардан, шароити хуб ташкил карда, сифати таълимро дар сатхи зарури баровардан мумкин аст?

Вах вах ачоибот! Кумитаи андози мо вайронкунандаро ёфтаст! Ачоибот! Аз кай боз мактаб муссисаи таълими нею муассисаи пулбарори шудааст? Пас аз ин гуна амалиёти кумитаи андоз боз бечора омузгорон аз музди мехнат махрум мегарданданду сифати таълим "бехтар" шудан мегирад! Чаро мо худ ба халки худ ДУШМАН бошем??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)