Бахшҳо
17 сен 2014 08:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Зафар Сайидзода: "Наметавон ташхис дод, ки кӣ аз рӯи касбаш раққосаи тӯйгард асту кӣ корманди идораи давлатӣ"

“Озодагон” аз ин пеш ду порча аз китоби “Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ”-и Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши ёрдамчии президент ва собиқ сухангӯи райиси ҷумҳури Тоҷикистонро нашр кард, ки дар бораи ахлоқи ҷомеаву таъсири расонаҳо нақл мекард. Ҳоло дар идомаи ин силсила, навиштаи дигари ҷаноби Сайидзодаро бо номи “Ороиш мекунам, пас ҳастам” бознашр хоҳем кард.


“Имрӯзҳо истифодаи беш аз ҳадди лавозимоти ороишӣ дар ҷомеа ба як мавзӯи баҳсталаб табдил шудааст. Одамоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба мамлакати мо меоянд, бо пиндоре, ки як ҷомеаи ба куллӣ анъанавиро хоҳанд дид, аз либосу ороиши хоси иддаи зиёде аз духтарону ҷавонзанҳои мо ҳайратзада мешаванд. Ин духтарону ҷавонзанҳо дар хиёбонҳову кӯчаҳои шаҳр чунон ороиш мекунанд, ки занони кишварҳои дигар дар маросими арӯсиашон ҳам чунон ороиш намекунанд. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мисли толори мӯд шудаанд ва наметавон ташхис дод, ки кӣ аз рӯи касбаш раққосаи тӯйгард асту кӣ корманди идораи давлатӣ ё мутахассиси ширкати обрӯманд.

Барои посух гуфтан бар ин пурсиш, ки чаро ин масъала ба тарзи рӯзафзун рӯ ба густариш аст, метавон ба ин падида аз паҳлуҳои гуногун нигоҳ кард, вале ба назар мерасад, ки далелҳои асосии ин масъала инҳоянд: Мушкилоти ҳувиятии насли ҷавон. Насли ҷавонро насли фарҳанги омехта номидан ба ҳақиқат наздик аст. Ба ин далел, ки ин насл дар даврони гузариш аз фарҳанги шӯравии аз бисёр ҷиҳат анъанавӣ ба фарҳанги замони навин бо унсурҳои ғарбгароӣ ва таъсири расонаҳо зиндагӣ мекунад ва таҳти таъсири ҳар ду қарор гирифтааст. Ин омехтагии фарҳангӣ мӯҷиб шудааст, ки гурӯҳи бузурге аз ҷавонон то ба андозае ҳувияташро гум кунад. Онҳо намедонанд дар саҳнаи зиндагӣ чӣ нақше доранд ва барои аз ҳузури худ ба дигарон хабар додан бо худнамоӣ, ороиши ғализ ва либосҳои таннамо таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб мекунанд. Ба ибораи дигар, бақои худро дар ороишу ҷилвагарӣ мебинанд. Зеро арзишҳои анъанавии онҳо дучори харобӣ шудаанд ва аз байн рафтаанд ва арзишҳои нав низ ҷойгузини онон нашудаанд. Дар натиҷа ба ин вазъ расидаанд, ки танҳо бо худнамоӣ ҳаёт меёбанд ва бо таҳрифи қавли Рене Декарт мегӯянд: “Ороиш мекунам, пас ҳастам”.

Занҳо ва духтарони оилаҳои солим ниёз ба пайдо кардани ҳувияти худ бо ин равишро надоранд ва саъй мекунанд – бо пайравӣ аз арзишҳои анъанавии миллӣ – бо рафтори писандидаву дархӯри ҷомеа таҳсил намоянд, касбу кор омӯзанд, кор кунанд, бо ҷуфти муносиби худашон оила барпо созанд ва фарзандони солеҳ ба дунё биёранд.

Мушкилоти иқтисодӣ. Иқтисоди тавсеанаёфта, ки иддаи зиёде аз ҷавонони кишварро бекор гузоштааст, боис шудааст, ки неруи ин ҷавонон сарфи корҳои беҳуда ва зоҳирпарастӣ шавад. Илова бар ин, фарзанддӯстдории бемантиқи анъанавӣ хонаводаҳоро маҷбур мекунад, то хароҷоти зиёди худороӣ ва зоҳирпарастиҳои фарзандонро ба ҳар қимате таъмин намоянд.

Расонаҳо. Ин мушкил фақат ба кишвари мо хос нест ва ороиши тан ва ба таври сунъӣ афзудан ба зебоии он имрӯзҳо дар тамоми дунё ба як мушкил табдил шудааст, ки муҳимтарин омили он расонаҳо низ мебошанд, ки дар низоми сармоядорӣ барои афзоиши даромади худ доимо либосу мӯд ва ороишҳои ифротиро таблиғ ва арзишгузорӣ мекунанд. Таннамоӣ ва бемории таҳрики ҷинсӣ осори дарозмуддате дорад, ки бояд дар ояндаи начандон дур мунтазири пайомадҳои хатарбори он буд. Чунончи, имрӯзҳо низ осори онро дар афзоиши бемайлони вайроншавии оилаҳо мушоҳида менамоем.

Дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо падидаи дигаре, ки усулан иқдоми амалии таннамоӣ ва бемории таҳрики ҷинсӣ аст, ба чашм мерасад, ки ба шаъну обрӯи миллат иснод меоварад. Ва ин падидаи фоҳишагӣ аст. Равоншиносон иллатҳои ин падидаро иллатҳои равонӣ, аз ҷумла гироиш ба гуногунталабӣ ва заифии ҳувияти ахлоқӣ, медонанд ва дар бархе аз афроди ин гурӯҳ табоҳии шахсиятро мушоҳида намудаанд. Аз назари ҷомеашиносон, иллати фоҳишагӣ танҳо падидаи равонӣ намебошад, балки бештар ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ дорад. Намояндагони ин гурӯҳ маъмулан афроде ҳастанд, ки бино ба нагирифтани таълиму тарбияи дуруст, намехоҳанд ва наметавонанд бо сахтиҳои зиндагӣ мубориза намоянд, дар паҳлуи падару модар ё ҳамсар, бо қаноат кардан ба он чи бо меҳнати ҳалол ба даст меояд, зиндагӣ кунанд.

Мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, камбизоатии хонаводаҳо, тамошои филмҳои гуногун дар барномаҳои моҳвораӣ ва тақлид ба фарҳанги Ғарб муассиртарин омилҳои лағзиши духтарони ҷавон аз роҳи рост ба пайроҳаи нопокиву фасод мебошанд. Воқеият ин аст, ки ҳамаи ин занҳо ва духтарҳоро наметавон фоҳиша номид. Бисёре аз онҳо қурбонии муносибатҳои оилавӣ, хушунат, камбизоатӣ, нашъамандӣ, бекорӣ, издивоҷи маҷбурӣ ва дигар омилҳо мебошанд. Ба таври куллӣ, то он замоне, ки заминаҳои иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангии густариш пайдо кардани ин падидаи нангин аз байн нараванд, кӯчактарин пешравие дар решакан кардани ин мушкил ба даст нахоҳад омад.

Ин нукта имрӯз дигар баҳсе наметавонад ба вуҷуд оварад, ки сарфакорӣ, қаноат, эҳтиром ба волидайн, хушзабонӣ, бавижа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хоксорӣ ва монанди инҳо батадриҷ камарзиш шудаанд. Омилҳо даст ба дасти ҳам додаанд ва ин тағйиротро ба вуҷуд овардаанд, ки ба назар мерасад дар ин замина таъсири барномаҳои телевизиони хориҷӣ, моҳвора, матбуоти ватанӣ, ки низ асосан бо шеваи хориҷиён мақолаву мавод ба табъ мерасонад, нақши муҳиме доштааст.

Нақши асосии воситаҳои иртиботӣ интишори ҷараёни рӯйдодҳои иҷтимоӣ аст, ки инсон имкон меёбад аз рӯйдодҳои муҳим иттилоъ пайдо кунад ва Зафар Сайидзода: "Наметавон ташхис дод, ки кӣ аз рӯи касбаш раққосаи тӯйгард асту кӣ корманди идораи давлатӣ"вокунишҳои муносибе дар пеш гирад ё метавонад аз омӯзишҳои дарсӣ ва ғайридарсӣ истифода кунад. Вале баъзе аз василаҳои иртиботӣ, бавижа телевизион, моҳвора, Интернет ва матбуот, бо пахши филмҳо ва омӯзишҳо талош мекунанд омӯзаҳое бо мӯдҳои тоза ва мутаносиб бо фарҳанги худашон ба гирандагони барномаҳо пешниҳод намоянд. Барои мисол, корбарон метавонанд аз омӯзишҳои Интернет ва моҳвора истифода намоянд ва бо мӯдҳои ҷадид ошно шаванд. Ин омӯзишҳо ба таври мустақим мӯдҳоеро ироя мекунанд, ки лозиман бо фарҳанги ҷомеаи мо мувофиқ нестанд.

Пахши филмҳо ва бархе аз барномаҳо дар телевизион ва синамо илова бар ин, ки нақши иттилоърасонӣ доранд ва ба огоҳиҳои афрод меафзоянд, дар андешаву тафаккури онҳо низ таъсирҳои зиёде мегузоранд. Ин таъсиргузорӣ ба интихоби рафторҳои тозаи зиндагӣ меанҷомад. Масалан, бо дидани филмҳои марбут ба зиндагии ҷавонони имрӯзи кишварҳои Ғарб ақидаи шахсии фард нисбат ба ахлоқ ва шароити зиндагии ҷавонон дигаргун мешавад ва ҳатто мумкин аст дар худ гироишро ба зиндагии ошуфтаи ҷавонони он кишварҳо эҳсос кунад.

Таблиғи филм ва намоишҳо дар маҷаллаву рӯзнома ва намоиши онҳо дар телевизиону синамо ва тамошои баъзе аз онҳо аз тариқи моҳвора ҷилваҳои дигаре доранд. Дар кишвари мо бештар филмҳо дар хонаҳои бузургу бошукӯҳ ба навор гирифта мешаванд ва мебелҳои гаронбаҳо, сервисҳои хӯрокхӯрӣ, ошпазхонаҳои бузургу муҷаҳҳаз бо охирин василаҳои техникаи маишӣ ва ғайра ба кор мераванд. Ва тамошобинро ба зиндагии дабдабанок талқин мекунанд.

Дар аксар филмҳо ва сериалҳо ба ҳанарпешаҳо тозатарин мӯдҳоро мепӯшонанд ва дар ҳар саҳна аз филм либосҳо ва ороишҳои тозае иваз мешаванд. Духтарони муҷаррад ва издивоҷкарда ба таври хиракунандае чеҳрапардозӣ мешаванд, ҳатто агар дар филм нақши фарди камбизоатро бозӣ кунанд. Созандагони филм бо истифодаи мусоҳибаҳои давомдор – арзишҳоеро ба тамошогарон илқо мекунанд, ки гумон меравад мавриди ниёз бошанд.

Тақлидҳои шигифтовар аз ороиши мӯ ва либосу ҳаракати ҳунарпешагони филмҳои ғарбӣ – билофосила пас аз намоиши он филмҳо – дар хиёбонҳои шаҳрҳои кишвар ончунон ба чашм мехӯранд, ки гӯё инҳо шабаҳи қаҳрамонҳои филмҳои хориҷӣ бошанд. Тақрибан дар ҳамаи шабакаҳо – бо тақлид ба барномаҳои телевизиони Россия ва кишварҳои ғарбӣ – барномаҳои хӯрокпазӣ намоиш дода мешаванд ва дар он барномаҳо тарзи зиндагии лаззатгароёна тарғиб мешавад. Рафтору гуфтори барандагони ин барномаҳо низ тақлиди мӯбамӯ ба хориҷиён аст.

Бештар филмҳо ва барномаҳо чунин муҳтавое доранд, ки ба бинанда талқин мекунанд, ки ҳар кас мошини хориҷӣ, ҷиҳози гаронбаҳо, моҳвора ва амсоли инҳоро надошта бошад, фақиру бечораву бадбахт аст ва гӯё бидуни ин василаҳо зиндагӣ умуман ғайримумкин аст. Чунин бардошт инъикос аз зиндагии буржуазӣ аст. Аз тарафи дигар, намоиши чунин филмҳо ва барномаҳо дар афкори мардумони дигар кишварҳо аз тарзи зиндагии тоҷикон, ки гӯё ҳама дар манзилҳои бошукӯҳ зиндагӣ мекунанд ва зиндагии хушу бениёзона доранд, тасаввури барғалат эҷод мекунад. Ва ин ҳама дар суратест, ки то ҳол ягон филме аз зиндагии душвори муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар кишварҳои ҳамсоя бо сахтиву зиллат кору зиндагӣ доранд ва фарзандонашон дар ватан солҳо чашм ба роҳи бозгашташон дӯхтаанд, ба навор бардоштаву намоиш дода нашудааст.

Ҳақиқат талх аст, вале онро пинҳон кардан меваҳои аз он талхтар ба бор меоварад. Бигзор онҳое, ки дар ватан ҳастанд, донанд, ки ҳамватанони муҳоҷири мо бо чӣ азобу машаққат барои наздикону фарзандонашон ризқу рӯзӣ ба даст меоваранд. Дар чӣ шароити ғайриинсонӣ зиндагӣ мекунанд ва дар миёни мардуми кишвари будубошашон чӣ мақому мартабаи инсонӣ доранд. Вале аз рӯи барномаҳову филмҳои телевизион чунин тасаввур пайдо мешавад, ки дар ҷомеаи мо ягон камбудӣ вуҷуд надорад ва, агар мушкиле ҳам ҳаст, фақат мушкили дарунихонаводагист, ки он ҳам заминаи моддӣ надорад. Ҳол он ки ҳамасола садҳо хонаводаҳо маҳз дар заминаи ҳодисаҳои марбут ба муҳоҷират пош мехӯранд.

Телевизион дар ҳар хонае вуҷуд дорад. Аъзои хонавода маъмулан дар канори ҳам машғули тамошои телевизион ҳастанд. Аммо дар вақти тамошои филмҳои сохти хориҷӣ банохост лаҳзае фаро мерасад, ки ҳама, чи калонсолон ва чи хурдсолон, аз шарм сарҳояшонро ба зер меандозанд. Ва ин лаҳзаи ногувор ба далели намоиши саҳнаи муошиқати қаҳрамонҳои филм ба вуҷуд меояд. Тақрибан филми хориҷиеро наметавон пайдо кард, ки дар он саҳнаҳои муошиқат ва бӯсу канор набошанд. Барои фарҳанги Ғарб, ки бӯсу канор як кори одӣ аст, тамошои такрор ба такрори чунин саҳнаҳо дар назари ҷавонони мо амали ғайриахлоқӣ будани муошиқату муғозаларо батадриҷ коҳиш медиҳад.

Тамошои такрори барномаҳо ва филмҳо бинандагонро ба пайравӣ кардан, аз он чи мебинанд, ташвиқ мекунад. Ҳар қадар пахши филмҳо ва барномаҳои дорои муҳтавои муайян бештар такрор шавад, рафтор тибқи он барномаву филмҳо низ бештар мешавад ва афрод ба анҷом додани чунин рафторҳое одат мекунад. Вақте бинандагон ба як ангезаи арзишӣ одат мекунанд, онро дигар “бад” ё “манфӣ” ҳисоб намекунанд.

Бисёре аз инсонҳо ақида доранд ва медонанд, ки маводи мухаддир, масалан тарёк, чизи баде мебошад, зеро қудрати ҷисмиву руҳии инсонро коҳиш медиҳад. Аммо агар ба ҳамон инсонҳо бо равишҳои гуногун, бидуни он ки худашон фаҳманд, батадриҷ ба миқдори каме тарёк хӯронда шавад, онҳо ба ҳамон миқдор одат мекунанд ва дигар тарёкро чизи бад намедонанд.

Бо ҳамин тартиб аъзои оила ё ҷомеа низ он арзишҳоеро, ки пеш манфӣ ҳисоб мекарданд, пас аз зери таъсири онҳо қарор гирифтан ва ба бахше аз одату рафтори худ табдил додан, дигар бад ҳисоб намекунанд, балки хубу матлуб медонанд.

Ҳамон тавр ки гуфта шуд, ҷомеаи мо ҷомеаест бо арзишҳо ва меъёрҳои хоси худаш. Бинобарин расонаҳо бояд ба унвони афзорҳое дар хидмати арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқии миллати мо бошанд ва бо пешниҳоди барномаҳои гуногун афроди ҷомеаро ба сӯи саодат ва зиндагии беҳтар раҳнамун созанд. Шеваҳои дурусту беҳтари зиндагӣ, сармашқҳои рафтор, либоспӯшӣ ва монанди инҳоро тарғиб намоянд.


Зафар Сайидзода соли 1961 таваллуд шудааст. Номзади илми фалсафа аст. Фориғутаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) бо ихтисоси муаррих ва ҷомеашинос аст.

Солҳои 1987 – 1990 ба ҳайси корманди масъул, мудири бахш ва мудири шӯъбаи идеологии КМ
комсомоли Тоҷикистон ва солҳои 1990 – 1991 ба сифати сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии
Тоҷикистон оид ба корњои ҷавонон фаъолият кардааст.

Солҳои 1991 – 1992 корманди масъули дафтари матбуоти президент ва Девони вазирони Тоҷикистон буд. Солҳои 1993 – 1995 дар вазифаи сардори Раёсати иттилооти Вазорати
корҳои хориҷӣ кор карда, солҳои 1995 – 2003 дар курсии котиби матбуотии президенти Тоҷикистон нишаст.

Солҳои 2003 – 2008 сарвари Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва аз 5 феврали соли 2008 мушовири калони дастгоҳи иҷроияи
Райиси ҷумҳур оид ба робитањои хориҷист”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Darvesh
Janobi Sayidzoda holo ham donish omuzed!!!! Bisyor chizhoro holo az bar nakarded chunki dar bayni omma nested!!!!!!!!!!!!

Мухтарам ОКОИ Зафар, то холе ки як босавод, коро пеш барад, ва чор тегинхур дар болои босавод РАИС боша, хол хамин аст.

Бехтарин фарди чомеаи Точикистон, ахсан ба ин тахлилатон! мисли шумо барин касхо агар дар ин кишвари мо боз бисёртар дар курсихои машваративу маслихати менишасданд, ин мамлакати ачдоди боз хам рушду равнак мекард. Устод ба шумо бурдбори ва комёби хохонам. Озодагон хатман чоп кунед.

Нуруллоҳ
Мисли Устод шахси заминӣ ва хоксор кам аст. Хизмати эшонро барои ҷомеъа, бояд қадр кард!!! Ахсан, марди бузург ва ватандӯст мебошанд.
Хар хел ақлақ пеш аз сухан нависиаш, фикр кунад, ки худаш барои ҷомеъ чи кардааст?!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)