Бахшҳо

Аз баҳси “Тоҷики тоза”-ву “Муҳоҷирзан” то латифаи президентҳо дар бораи маош

Назарпусрии “Озодагон” дар мавриди он ки “оё маоши сокинон барои зиндагии онҳо басанда аст?” баҳси тундеро миёни корбаронаш ба миён гузоштааст.

Аксари онҳо аз посухи бархе иштирокдорони назарпурсӣ ба шиддат интиқод карда, гуфтаанд, аз моҳонаи феълии муассисаҳои давлатии Тоҷикистон нафаре метавонад, қаноатманд бошад, ки ба ҷайби мардум “дастрасӣ” дорад. “Тоҷики тоза”, як корбари “Озодагон” навиштааст, ҳар кас мегӯяд, маоши ман кифоя мекунад, “фаҳмида мешавад, пули халқро "левак" мекунад ва аз ин хотир барои онҳо мерасад.”

Дар тақвияти суханҳои “Тоҷики тоза” корбаре бо номи “Афсар” худро корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон ном бурда, гуфтааст, маоши ӯ ба зиндагияш басанда нест ва бо кӯмаки пайвандон рӯзгорашро пеш мебарад: “Корманди яке аз сохторҳои қудратӣ ҳастам ва маоши ман барои зиндагӣ намерасад. Шукронаи аҳли хонавода, ки кӯмак менамоянд.”

Корбари дигаре аз худ “Муҳоҷирзан” ном бурда менависад, “мардум аз тарс мегӯяд, “мерасад”. Халқи бечора мисли мурғи саркӯбшуда чунин мегӯяд. Агар маош барои зиндагии миёна ақаллан мерасид, ними Точикистон муҳоҷиратро ихтиёр намекард. Шахсан худам агар нисфи маоши мулки ғарибиро дар ватан меёфтам, кайҳо ба ватан бармегаштам.”

Муҳсин Раҳматзод, корбари дигар менависад, ҳайрон аст, чаро кормандони муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла муаллимон, аз маоши худ розиянд: “Бовар кунед, аз як чиз ҳайронам. Чаро муаллимон дурӯғ мегӯянд? Чаро маоши мегирифтаашон ба зиндагии як ҳафтинаашон ба зӯр мерасад, аммо дар телевизионҳо мадҳ мехонанд ва мегӯянд, “шукронаи ҳамин сарзамин шукронаи давлат, ки маоши мо баройи зиндагӣ изофа аст". Ман мегӯям, вой бар ҳолатон!”

Аммо корбаре бо номи “Шамсиддин” бо як латифа ба ин баҳс ҳамроҳ шудааст. Ӯ менависад:

“Президентҳои Амрико, Олмон ва Тоҷикистон бо ҳам дар мавзӯи маоши мардумашон суҳбат кардаанд. Обама гуфтааст:
-Мардуми Амрико ба ҳисоби миёна 10 000 доллар маош мегиранд. Барои хароҷоти зиндагиашон, андоз ва ғайра ҳар моҳ 5 000 доллар басанда аст. Панҷ ҳазори дигарро намедонам, онҳо дар куҷо харҷ мекарда бошанд. Президенти Олмон мегӯяд:
-Шаҳрвандони Олмон ба ҳисоби миёна 10 000 евро маош мегиранд. Барои зиндагии рӯзмарра, андоз ва ғайра 4 000 евро басанда аст. 6 000 еврои дигарро онҳо ба куҷо харҷ мекунанд, намедонам. Президенти Тоҷикистон мегӯяд:
-Шаҳрвандони Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби миёна 100 доллар маош мегиранд, вале барои хароҷоти рӯзмарраашон на камтар аз 400 доллар харҷ мекунанд ва боз қасру кушкҳо ҳам месозанд. Боқимонда пулро онҳо аз куҷо мегиранд, ман намедонам”.

ВИДЕОИ НАЗАРПУРСИИ “ОЗОДАГОН” ДАР БОРАИ МАОШ




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Андроника
Маош ба касе намерасад.Хама дар корхонаи давлати на ба фикри кор балки дар фикри ёфтани маблаг барои зиндагиянд.Холо дар Точикистон мубориза барои зинда мондан рафта истодааст на чизи дигар.Як гурух,ки давлатро монополия кардааст ва тую суру дораду пайваста дутор мезанаду лофи ободи,ин чизхоро сарфахм намеравад ва ё худро ба нодони мезанад.

Сералй
Вохима накунед, 750 сомони дар як мох барои як нафар мерасад. Се сомони завтрак, 12 сомони обед ва 10 сомони ужин. 25х30=750

мебахшед ин кадом экономисти бесавод навиштааст ки дар як мох 750 сомони ба як нафар мерасад оё фикр накардааст ки дар Точикистон як нафар кор мекунаду шаш нафари дигарро бояд бихуронад

Латифаи президентхои Шамсиддин аз латифа дида, бештар ба вокеят тааллук дорад. Вокеан чунин аст. Вазирони мо бо 500 доллар маош касри 500 хазор доллара месозанд. Ин маблагхо аз кучо меомада бошад, хеч кас намедонад.

Abacha Shykrona kuned!!! zato hamu 100 $ har moh megire shmo rangi korkunoi bark Bargi Tojik ne poyonob tarush korgaroi sohai barq TEC GES va gaylaho dar tamomi Tojikisto 4 mohi maosh nagired chko meknen !!! Mo patrioti milat bdaem da mo vatan obod meknem )))
Hozi sentyabray neki mo maoshi maya nav griftem )

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)