Бахшҳо

Истаравшанӣ: Ҳамсари фавтидаам дар зиндони Тошканд гуноҳе надошт!

Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик ва масъули торнамои «Кимиёи саодат» дар ҳаққи ҳамсари худ, Нилуфар Раҳимҷоноваи 37-сола, духтари домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, ки 13-уми сентябр дар зиндони мавсум ба "Зангиота"-и Тошканд фавтидааст, сӯгнома нашр карда, ҳабси ӯро бедодии низоми худкомаи Ислом Каримов хондааст.

Истаравшанӣ дар сӯги ҳамсараш, ки соли 2011 ба манзури иштирок дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба пойтахти Узбакистон рафтаасту бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт ва баъдан ба иттиҳоми "терроризм" ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, изҳор медорад, ки гуноҳе надошт. Истаравшанӣ менависад, танҳо ҷурми ту ин буд, ки ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ!

Истаравшанӣ дар сӯгномааш барои Нилуфар Раҳимҷонова, ки 4 фарзанд доранд, зиндагии якҷоя ва фироқашонро чунин тасвир намудааст:

Ту ҳама чизам будӣ... ҳамроҳи танҳоиҳоям, ҳамёри корҳоям, ҳамсангари пайкорҳоям, ҳамрози ногуфтаҳоям... Ҳамроҳӣ бо ман, бо ин ки бароят он ҳама душвориҳо ва сахтиҳо ва балоҳо ба дунбол дошт, вале ҳаргиз ба ман “уф” нагуфтӣ, “хаста шудам” нагуфтӣ...

Ҳанӯз, ки наварӯс будӣ ва мисли ҳар наварӯсе орзуҳо ва умедҳое бар сар доштӣ, аммо номулойимии рӯзгор шавҳаратро ба ҳиҷрат ба Доғистон кашонд, аз он ҷо ба Озарбойҷон ва аз он ҷо ба Эрон ва сипас ба Сурия... Дар тамомии он, ӯро ҳамроҳӣ кардӣ ва ҳаргиз ба рухаш накашидӣ, ки намехоҳӣ ӯро ҳамроҳӣ бикунӣ... Гуфтӣ, ҳамраҳат ҳастам ва шарики сахтиҳоят хоҳам буд...

Ҳаргиз дида нашуд, ки чизе аз шавҳарат хоста бошӣ; на тилло аз ӯ хостӣ ва на зевар... Вақте дидӣ, шавҳаратро дар роҳи дарсашу корашу таҳсилоташ дар Сурия, сахтиҳо ва душвориҳо ва бепулиҳо ва надориҳо қарин шудааст, бе ин ки чизе ба рухи ӯ бикашӣ, рафтӣ ва кор кардӣ ва заҳмат кашидӣ ва ӯро кӯмак кардӣ... Ҳаргиз ба шавҳарат нагуфтӣ, ки ман ҳам мехоҳам дар як манзили доимӣ ва собит зиндагӣ бикунам, на иҷоранишин боре дар ин кишвар ва боре ҳам дар он кишвар... Ҳамаро таҳаммул мекардӣ ва ҷуз бо лабҳои ханда ҳамсаратро рӯ ба рӯ намешудӣ...

Ман инро қабул дорам, ки бароят вақт кам мегузоштам, ҳамвора машғули кораму дарсаму баҳсаму фаъолиятҳоям будам, аммо ба ман чизе намегуфтӣ, ба ҷойи шикоят, ибрози ризоят мекардӣ, барои шавҳарат қаҳва омода мекардӣ ва бо лабҳои хандон пешаш мегузоштӣ ва мегуфтӣ: Ҷиҳоди ман ҳамин аст!..
Ҳоло, ки нестӣ, бароям воҷиб аст, ки ошкор кунам. Ман ҳамеша ғибтаи туро мехӯрдам; дар зебогии ибодатҳоят, дар шеваи намозгузориҳоят, дар самимияти дуоҳоят... Шабҳо баланд мешудӣ ва намоз мехондӣ ва дуо мекардӣ. Ҳамвора ғибтаи туро мехӯрдам, ки кош мисли ту ибодат мекардам ва мисли ту дуо!

Ту бароям чаҳор фарзанде мисли гул зойидӣ ва дар тарбияташон кӯтоҳӣ накардӣ... Инҳо ҳам мисли худат вафодор ҳастанд, боъотифа, меҳрубон ва дӯстдоштанӣ... Мехостам, дар ҷашни арӯсии Ҳанифахон дар канори ӯ бошӣ! Сайидмуҳаммадалӣ мошоаллоҳ бузург шудааст ва машғули таҳсил аст ва мисли ту кӯшо! Дар кӯмак ба падараш, лаҳзае кӯтоҳӣ намекунад. Сайидаббос ва Сайидмуҳаммадсодиқ ҳам, ҳар ду мадрасахон ҳастанд ва пешсаф. Саъй кардам, набуди туро эҳсос накунанд, аммо медидам, чашмонашон дар интизори роҳи ту буданд; ки кай меояд модарамон! Инҳо ҳам мисли худат чизе ба рухам намекашиданд, ҳамеша механдиданд, аммо медонистам, дилашон пур аст! Магар метавонад чизе ва ё касе, ҷойи модарро бигирад!

Медонам, ки дар пайкори отифа бо ақлу хирад, ҳамеша пирӯзӣ ва ғалаба насиби отифа аст, хусусан барои як зан; отифа ва эҳсосе, ки нагузошт бифаҳмӣ, ки паёмади ин коре, ки ба он иқдом кардӣ, чӣ балое ба сарат ва сари ман хоҳад овард! Гуфтам, нарав ба Тошканд, ки низом ва режими мустабидд ва худкома ва бераҳми ин кишвар, бо шавҳарат ва падарат шӯхӣ надорад! Аммо гӯш накардӣ! Меҳри хоҳарӣ ва отифа ва эҳсоси покат нисбат ба бародар, мегуфт, бояд дар арӯсии ӯ ҳузур дошта бошӣ, ҳарчанд ақл ва хирад монеъи ту аз ин сафар буд. Аммо саранҷом отифа бар дурандешӣ чира гардид ва роҳии ин кишвар шудӣ!

Аз замоне ки туро боздошт карданд ва бароят додгоҳ ташкил ва бо он тӯҳмат ва иттиҳоми кизб ва дурӯғин ба зиндон афканданд, лаҳзае ором нанишастам. Ибтидо ва ҳангоми додгоҳ, аз Мулло Ботур хостам, бароят вакил бигирад, вале ӯро ҳам боздошт карданд; ба ин ҷурм, ки чӣ касе туро маъмур ба ин кор карда?! Медонистам, танҳо ҷурми ту чӣ буд?! Инки ту ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ!

Дар посух ба номае, ки ба додгоҳи ин кишвар навишта будам, аз ман хостанд, ки фақат се сол сабр кунам ва чизе ба касе нагӯям ва корро расонаӣ накунам, ки бо афви “раисиҷумҳур” туро озод хоҳанд кард! Бовар кардам ва лаб фурӯ бастам, фақат ба ин умед, ки туро бибинам!.. Худо медонад, ки ин сукут ва ин лаб фурӯ бастанам дар ин муддат, бароям чӣ сахт ва душвор буд! Нокасон таънаам мезаданд ва ҳатто бо эҷоди ашъор, санги маломат ба сӯям партоб мекарданд, вале ҳамонанди мавлоям Алӣ, “сабр кардам, дар ҳоле ки гӯё хор дар чашм ва устухон дар гулӯям буд.”

Ҳафтаи пеш хоб дидам ва пеши худам онро ба фоли нек гирифтам. Дидам, ту бо либосе арӯсӣ ва сапед, ҳамроҳи падарат меойӣ ба пеши ман, дар лабҳоят ханда буд ва ман ҳам аз хушҳолӣ гиря мекардам; гӯйӣ рӯзи арӯсии ман бо туст! Пеши худам, чунин таъбир кардам, ки ту озод шудаӣ!
Ҳамон лаҳза ба Ако Усмон занг задам ва аз ӯ хостам, суроғи бародарат биравад ва бифаҳмад, ки оё хабаре ҳаст?! Ако Усмон ҳам ду се бор ба дари манзили бародарат одам фиристод, вале касе набудааст; ки албатта ин хабар ҳам бар хушҳолиям афзуд, ки ҳатман азизи ман озод шудааст ва бародарат рафта ба истиқболи ту!

Вале намедонистам, ки таъбири хобам чизе дигар будааст!
Намедонистам, ту бо либосе сапед ва арӯсӣ, на пеши шавҳарат, ки ба пеши Худоят меравӣ!
Намедонистам, ки ин хоб на озодиятро, ки шаҳодататро бароям ба армуғон меовардааст!

Аммо ба Худои воҳид савгандат медиҳам, ки аз ин пас, корам фақат мубориза ва пайкор бо режимҳои худкома ва диктотуре мисли режими хуношоми Каримов хоҳад буд, ки бе ҳеч ҷурме одамҳои бегуноҳро аз озодӣ маҳрум ва ба зиндон меафкананд! Тамоми талошам ин хоҳад буд, ки ҳеч бону ва зане дар зиндон набошад! Гуноҳи онон фақат ин аст ва танҳо ба ин ҷурм зиндонӣ шуда ва мешаванд, ки гуфтаанд: Худо яктост!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Ба шумо сабри чамил мехохам. Лекин ба Узбакистон бе виза рафтан лозим набуд.

Бародар
Худо раҳмат кунад

Насим
Барои шумо сабри чамил орзу мекунам ва ба он хохари шахидамон гуфрони рахмат ва улави дарачот аз даргохи Худованди Мутаъол таманно дорам.
Худованд ки болову раст офарид
Забардасти хар даст даст офарид. Худованд дер ё зуд хамаро ба аъмолаш мерасонад

Фирдавс Илбон
Рухашон шод бод

боваркун суханхои хуб навишти, лекин ман аз базе суханхоят ва муйлабхои мачусмонандат хаминро пайбурдамки ту шиъа ва аз ахли ташаюъ хасти, агар ту эрони мебуди ман гамгин намешудам ман азон гамгин ва нигаронам ки ту точикасти ва дилам барои харфарди ин миллат месузад ки расму оину акидаи хакки ахли суннатро тарк карда бамонанди ту баин акидаи ташаюъи аз яхудихо-чухудхо-еврехо маншаъ гирифта пайрави мекунанд ва ба ин акидаи нопокашон баояндаи баин миллати азнигохи иктисоди ва талимоти дини акибмона тахдид мекунанд.

Рустам
Зи конуни араб дармон мачу бишнав ишоротам,
Ки ман бахри дуои худ худои дигаре дорам.

Ниме аз мо шиа, ниме сунни ва хулоса пайрави кадом як араби , ки динашро аз Зардушту Исо дуздида, имруз бо бузургтарин бизнес-планаш бо номи хач мардуми моро беш аз 1000 сол фиреб медихад.
То вакте ки динро ба торих наяфканем мо пеш нахохем рафт.
Хохиш бинашред!!! Ман имруз хатто аз он оллохашон наметарсам, зеро агар у мебуд ин кадар ноадолати намешуд.

TTT
Рустам,
Худованди бузург хамаи моро хидоят намояд!

Худотарс
Рустам,Астагфурулло гуй,Рустам! Худатро кофир накун! Ту хам рузе шароби марг мечаши ва баъд мебини,ки холат чи мешавад...

.
Рустам,

Рустам рав похмел кун. Ва боз як маслихат: нушиди албатта закуска кун.

Бандаи Аллох
Рустам,
Дуруст кайд карди Рустам, мо якуним миллиард мусалмонони руи замин фиребхурдае хастем, ки беш аз хазор сол бо бизнес-плани Худованд амал мекунем. Хайрият ту аз фиребхурдагон нести. Ахсан. Боз як кафшиети олимонае иброз карди, ки Китоби мо аз Зардушту аз Библияи Исо дуздида шудааст. Бовар кун хамин суханонатро агар макола бо исботаш навишта дар сомонахо чой куни, барои ту чоизаи Оскару Нобелу Рекорди Гиннес такдим мекунанд, чунки то хол ягон кас исбот накардааст, ки Куръон чамъоварии дуздидашуда аз тарафи Мухаммад (с) аст, ки навишта ва хонда наметавонист. Бо гумрох нашави Рустамчон, дар хамон акидаат устувор бош ва пагох якчоя назди он касе меравем, ки хам одаму хам маймунхоро аз 2 катра оби палид ба дуне меоварад!

Мухарам
Хазон шуд гулшани пайгамбарон аз чанги азрол
Ки шуд сокин хуруши ошикон аз чанги азроил
Фигону орифон дар хонакох чураи вахдат
Ба нола рафт охир орифон аз чанги азроил
Устоди азиз ба Шумо ва хамбастагонатон аз Худованди бузург сабри чамил хохонам......

Мусалмон
Аз даст додани наздикон барои ҳар инсоне сангин аст ва аммо "Мо аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст". Ва боз, мурдагон аз дунё бехабаранд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)