Бахшҳо
22 сен 2014 17:00Тоҷикистон / Сиёсат

Эълони ҳукми раҳбари “сарбурон”-и Салоҳиддин Азизов ба таъхир афтод

Додгоҳи шаҳри Маскав эълони ҳукми Никита Тихонов, яке аз роҳбарони ташкилоти миллатгароёнаи “Созмони ҷангии миллатгароёни рус”-ро, ки имрӯз, 22-юми сентябр дар назар буд, то 24-уми сентябр ба таъхир гузоштааст.

Тихонов ба даҳҳо куштор аз сӯйи зертобеонаш иқрор шуда, аз ҷумла эътироф кардааст, қатли пурсарусадои шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 низ кори дасти гуруҳи ӯст.

Никита Тихонов, ки қаблан барои куштори ҳуқуқшинос Станислав Маркелов ва рӯзноманигор Анастасия Боборова ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, бо мақомоти тафтишотӣ ба созиш омада, ҷиноятҳои нави гуруҳашро эътироф кардааст.

Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, гуруҳи зертобеи Тихонов аз миёнаҳои соли 2008 то моҳи марти соли 2011 дар куштори додрас Эдуард Чувашов, вакили дифоъ Станислав Меркелов, ҳомиёни ҳуқуқ-Федор Филатов, Иля Ҷапаридзе, Иван Хуторский, қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси таиландӣ Муслим Абдуллоев, узви гуруҳи “Черние ястреби” Расул Халилов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов даст доштаанд. Барои ҷиноятҳои нав додситонӣ барои Тихонов 20 соли зиндон ва бо назардошти ҳукми қаблӣ ҳабси якумраро талаб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишотӣ аз анҷоми таҳқиқи парванда алайҳи Иля Горячев, саркардаи дигари ин гуруҳи ҷиноӣ ва дастандаркори ҷиноятҳои зикргардида хабар дода, афзудааст, ки он ба додгоҳ ирсол мегардад.

Куштори Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус, ки ба таври ваҳшиёна сараш аз тан ҷудо шуда буд, моҳи декабри соли 2008-ум дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
27
ДАР ЗИНДОН ПУСИДА РАВИ.

Озод
Озодагон илтимос дар бораи ин калабурхои 201-ум дивизия ки як шахрванди Точикистонро вахшиёна ба катл расонидан пайгири намоед. Аз руи маълумотхо онхоро ба Руссия барои гузаронидани ташхис фиристонидаанд. Ачаб барои чи шахрвандони мо дар ончо чиноят мекунанд мо онхоро наметавонем дар ЧТ ташхис гузаронем. Мебинем онхоро дигар барои адои чазо ба мо намесупоранд

Бахроми Гур
Мо нав дарак ёфтем,ки русхо дар дивизияи 201(моли хакку халоли точикон),ки соли 1992 бо чангу чанчоли болшевикони беакл гайрикуонуни ба иванхо тухфа гардид,точик куштаанд.Вакташон расид ё мехоханд,ки хамаашонро чун дигар кишвархои исломи бо калтак пеш кунем!Фаромуш насозагнд,ки мо онхоро барои кушторхои ташкилнамудаи ельцинии солхои 92-97 хеч гох намебахшем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)