Бахшҳо

Баъди Фатво: Убайдуллоев гуфтааст, сагкушӣ намекунем!

Куштани сагони бесоҳиб ё худ девона, ки ахиран сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо онро ҷоиз хонд, дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Тавре ҳозирини ҷаласа ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Зафар Абдуллоев, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Убайдуллоев хостааст, куштори сагони бесоҳибро ҷилавгирӣ кунад ва барояшон ҷойҳои махсуси нигоҳдорӣ ташкил карда шаванд.

Шаҳрдорӣ дар посух нияти нобудсозии сагони бесоҳибро рад карда, таъкид намудааст, барои чунин ҳайвонҳо дар Душанбе аллакай ҷойҳои махсус вуҷуд доранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар пайи шикоятҳои зиёд ва тарси сокинон аз афзоиши сагони девона дар Тоҷикистон сомонаи хонаводагии Тураҷон. Орг фатвое нашр кард, ки куштани ин гуна сагонро ҷоиз медонад.

Тураҷон. Орг, сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо навиштааст, “агар сагҳои дайду газанда бошанд, куштани онҳо ба иттифоқи олимон ҷоиз аст.”

Ин фатво дар ҷавоб ба суоли корбаре мебошад, ки гуфтааст, “сагҳои бесоҳиби газанда ба мусалмонон зарар мерасонанд. Аз ҷумла дар вақти намози хуфтану бомдод аз ҳароси сагҳо баъзеҳо ба масҷид намераванд. Оё куштанашон ҷоиз аст?”

Turajon.org дар идомаи посух ба ин суол аз суханони паёмбар (с) иқтибос оварда, мегӯяд, 5 ҳайвон аст, ки Ислом ба куштани онҳо иҷоза додааст ва яке аз онҳо ин саги газанда мебошад. Дар шарҳи ин гуфтаҳо торнамо илова кардааст, агар ин сагҳо соҳиб дошта бошанд, ба хотири ҳалли ин мушкил ба онҳо муроҷиат кунед.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҳадафи ҳамлаи сагони девона қарор гирифтани 23 сокини ин минтақа дар давоми ду-се рӯз хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, дар пайи як амалиёти кормандонаш 92 саг аз деҳоти зикршуда безарар гардонида шуданд.
Мӯҳр
али кулоб
чаноби убайдуллоев хамаи ин сагхоро ба хонаи зорои сагбоз равон мекунад

дил
як бор пиёда гардед баъд маълум мешавад, ки сагони кучагард чи гуна хавфу хатар доранд, махсусан шабона ва сахар

Чаноби Убайдулоев авал ба мардуми бехонаву дар чои зист тайор кун баъд барои хайвонои кучагард? Наход кадри мардуми точик аз сагхам поен бошад!

Ризо
Хайкали мухочири точикро дар Москов месозанд, таъна бар миллати точик минбаъд мешавад, аммо дар хокимият факат мушкилихои "Сагхои девона"-шояд бас будагист. Лаънат бар мо, мо номардем, умуман мо мухочирони имруза номардем, зеро моро хамватани худ ба ин рузхо овард ва мо ба хамаи ин розием. Дар оинаи таърих ин якумр намоён мемонад, ояндагон боз лаънати дучанд бар сари мо мехонанд. Имруз макомоти Руссия тасмим гирифтааст, ки хайкали мухочири точик дар шахри марказ кад афрозад.Лаънати худо бар чунин наберагони Сомон, Фирдавсию Кова, Темурмалику Муканнаъ.....!
Бовари дорам "ОЗОДАГОН" аз озодии худ истифода карда, ин суханхое, ки гуфтанашон айб аст аммо аз мачбури ба забон меоянд чоп мекунад Илтимос чоп кунед.

Салимшох
Сагбозо ошно сагошона дар BMW- ву Мерседес, Лексусу рейнч ровер - дар партаи пеши мошин мешнонан - яхелош (хуб аст) яхелои дигаш ай хуну халоф, пусти даррида, забони канда, дандонои шикаста, гушу думи хоидаи саг кайф мекнан.... Мусобикаи гладиатории Юнони кадим ба ёдам меояд.
Ин тарзи рафтор нисбат ба хайвон - Хайвонигарист....

Хар руз мошинхои калони боркаш холи аз Душанбе ба Хитой мераванд. Агар сагхо бесохибу ба чомеъа хатарнок бошанд ва куштанаш чоиз нест ба хамин мошинхо бор карда баранд дар даштхои Аличуру Мургоб сарашон диханд. Хеч не барои гургону палангу дигар хайвонхо хурок мешаванд. Аккалан як фоидааш мерасад ба табиат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)