Бахшҳо
22 сен 2014 16:38Тоҷикистон / Сиёсат

Нигоҳи ҷавонони афғон ба ҳукумати ваҳдати миллӣ

Сайф САФАР

Ҷавонони Афғонистон ба тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ нигоҳи яксон надоранд. Хабарнигори “Озодагон” бо чанд ҷавони фаъоли давлати исломӣ суҳбат дошт ва нигоҳашонро ба ин тавофуқи сиёсӣ ва ояндаи он пурсид.


Мансур Носирӣ, устоди Донишгоҳи Кобул ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро бар ҳадар рафтани маблағ, беэҳтиромӣ ва ба масхара гирифтани Нигоҳи ҷавонони афғон ба ҳукумати ваҳдати миллӣмардум медонад. Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, касоне ки аз ин раҳбарон нафъ мебаранд ё вобаста ба ин гурӯҳҳо ҳастанд, аз чунин ҳукумат истиқбол мекунанд, чун феълан ҳардуи ин раҳбарон ба қудрат омаданд: “Аммо, як теъдоди дигар, ки дур аз ҳар ду гуруҳанд, ҳукумати ваҳдати миллиро қабул надоранд”.

Мансур дар ҷавоб ба ин суол, ки оё эҳтимоли ба хиёбон рехтани мардум вуҷуд дорад, гуфт, чунин эҳтимол хеле кам ҳаст, аммо шояд ҷомеаи маданӣ, ки аз раванди интихобот назорат мекард, аз худ аксуламале нишон диҳад. Довуди Пажмон, овозхони афғон мегӯяд, ҳарчанд аз тавофуқи ҳосилшуда дар фазои буҳронӣ хушбин аст, аммо “ҳарос дорам, дар оянда ба хотири касби симматҳои давлатӣ ин ду оқо ба заду банд мувоҷеҳ шаванд”.

Мансур Носирӣ, устоди Донишгоҳи Кобул ҳам бар ин бовар аст, ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ тақрибан ба маънои тақсими қудрат миёни раиси ҷумҳур ва раиси иҷроӣ ҳаст. Агар ин ду гуруҳ мехоҳанд ба манофеи қавми худ кор кунанд ва замоне, ки манфиати яке дар таззод бо дигарӣ қарор бигирад, ояндаи ин ҳукумати ваҳдати миллӣ буҳронӣ пешбинӣ мешавад. Ӯ мегӯяд: “Мардуми Афғонистон бисёр эҳсосотӣ, фоқиди донишҳоӣ сиёсӣ ва вобаста ба ҳалақоти раҳбаронашон ҳастанд. Ба ин тартиб, дар сурате, ки раҳбарон миёни худ носоз шаванд, ин мардум шурӯъ ба тазоҳурот мекунад”.

Нигоҳи ҷавонони афғон ба ҳукумати ваҳдати миллӣВосиқ Бахтиёрӣ, устоди дигари Донишгоҳи Кобул бошад, ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро дар шароити феълӣ, аз гузинаҳое медонад, ки ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар бисот доштанд. Ҷаноби Бахтиёрӣ мегӯяд, “Афғонистон ҳеҷ гузинае барои бартараф сохтани бунбасти сиёсӣ надошт ва ин гузина аз буҳрони бисёр бузурге ҷилавгирӣ кард, ки аз марги ҳатмии мардум дарак медод”.

Ӯ ҳамчунин дар мавриди ояндаи ҳукумати ваҳдати миллӣ хушбин ҳаст, вале мегӯяд, ин хушбинӣ дар сурате ба миёни меояд, ки агар ду сиёсатмадор ба нафъи мамлакат биандешанд ва байнашон як рақобати солим ба вуҷуд биёяд. Дар ҳамин ҳол, Ғуфрони Бадахшонӣ, унвонҷӯи донишгоҳи Нигоҳи ҷавонони афғон ба ҳукумати ваҳдати миллӣАмстрадам ба “Озодагон” гуфт, бо ин тавофуқ сарнавишт ва ҳаққи сиёсии мардуми Афғонистон ба масхара гирифта шуд. Ӯ ҳукумати ваҳдати миллиро ин гуна таъриф кард: “Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне пайафкании як ойин ва суннати шуми дигар. Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне, по гузоштан рӯи синаи кӯдаки навзоди мардумсолорӣ. Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне, беҳурматӣ ба мардуми Афғонистон ва онҳое, ки панҷаҳои худро аз даст доданд. Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне, доғдор сохтани мардумитарин раванди сиёсӣ дар торихи Афғонистон”.

“Ман ояндаи Афғонистонро хеле тира мебинам. Бидуни шак дар канори шовинизми паштун, дар кӯтоҳтарин фурсат, гувоҳи шовинизми узбак низ хоҳад буд. Ва ин озмудашудагон бори дигар бо шараф ва иззати мардуми Афғонистон бозӣ хоҳанд кард”,-илова кард Ғуфрони Бадахшонӣ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чоми
вакте мардум намедонад, ки кадом номзад чи микдор ё фисад раъйи мардумро гирифтааст, пас дар интихоботи оянда ширкат нахоханд кард. Интихоботи ояндаи Афгонистон хам мисли интихоботхои ИМА ба пухтани шавла шабохат пайдо мекунад, ки раъйи мардумро чамъ карда хамагиро дар як сундук "мечушонанд"-и ба як кафлес мебардоранд. Мутаассифона демократияи афгонхоро ба тамасхур кашиданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)