Бахшҳо

Боздошти чор тоҷики дигар барои ҳамкорӣ бо ДИИШ

Дар Миср чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони террористии “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ё "Давлати исломӣ" боздошт кардаанд.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр аз сӯйи маъмурини амниятии мисрӣ дар минтақаи маъруф ба Ҷизаи ин кишвар дастгир шудаанд. Мақомоти амниятии Миср се тан аз ин боздоштшудаҳоро донишҷӯи Донишкадаи пажӯҳишҳои исломии Миср хонда, гуфтаанд, ҳангоми бозҷӯии мошини онҳо ашёи машкук пайдо шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз дохили мошини шаҳрвандони Тоҷикистон либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як дона ханҷару ду дона телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноотбук ёфт гардидааст. Мақомоти амниятии Миср мегӯяд, дар телефонҳои мобилии ин шаҳрвандони Тоҷикистон аксу наворҳое дар бораи ДИИШ ва ишораи “ар-Робиа” вуҷуд дошта, дар ойинаи ақиби мошини онҳо парчами хосси ин созмон овезон будааст. Манбаъ дар шарҳи ин хабар илова кардааст, ҳоло тафтиши ин қазия бар уҳдаи додситонии Ҷиза вогузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Камал Далӣ, райиси департаменти Ҷиза дастур додааст, то иртиботи афроди боздоштшуда бо ДИИШ ва сабаби ҳузури онҳо дар минтақаи археологии Миср муайян шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ба дор овехта шаванд, ки касалиашонро наёранд ба ватани тинчу оромамон, ин фанатикони гумрохи беаклон.

Ардашер
Агар онхо вокеъан дар куштори мардуми Ирок ва Сурия даст дошта бошанд,бояд бе суду тафтишот катл карда шаванд.Хас каму чахон пок!

касе ки писари худро ба давлатхои исломи барои донишомузи равон мекунад беаклу беинсоф аст. Онхо ба доми террористон меафтанду дар чангхо кушта мешаванд. Касе ки мехохад чиход кунад, дар рохи хизмат ба модару падараш чиход кунад. Аз хизмати онхо мурад иншоаллох ба бихишт меравад. Дар он давлатхо ба фоида ки чанг мекунанд ки чи максад дорад ба хеч кас маълум нест.

Саид
То мо аз ХНИТу аъзоёни онхо халос нашавем аз ин терористон рохи халоси нест. Чунки ин боздоштшудагон хамаашон аз инкубатори ХНИТ мебароянд. Худо охибати Точикистонамро ба хайр биёр!

.
Саид,

Как рах хамин чор нафр аъзои ХХДТ хастанд. Чи мегуи акнун?

Яъкуб.Душанбешахр.
Хамон ХНИТ хаст,ки мардум камтар ба хизбу харакатхои тундгарои мераванд.Агар ин хизбрро махкам кунанд баъд хизбу харакатхои тундгарои зухур мекунанду фаъол мешаванд дар Точикистон.Инро тамоми коршиносон медонанду мегуянд ва шумораи ками чохилон монанди Саиду дигархо намедонанд.Агар дар Ирок Сарвазир Молики хама сунниву хам шиаъро баробар дар хукумат даъват мекард ДИ инкадар шахрхову рустохоро забт карда наметавонисту ин кадар пурзур хам намешуд.Агар ки хукумати Точикистон хам фишор болои дину мазхаб намекард чавонон хам ба ин гурухои ифроти намепайвастанд!!!

.
Safoev,

Ин лекцията бра дар масчидои хукумати бкн.

Умар
ИН ТУХМАТ АСТ,ДОНИШЧУЁНИ ТОЧИК ДАР ИН АМАЛЗО ДАСТ НАДОРАНД,

ТО ОН ВАКТЕ,КИ ДАР ЧТ ХНИТ РАСМАН АМАЛ МЕКУНАД ДАР ТОЧИКИСТОН ТУНДРАВХО ХЕЛЕ КАМ ХАСТАН АГАР БУБАНДАНД БАЪД КОР БЕЗЕБ МЕШАВАД ДАРДИ САРИ ХУКУМАТИ ИМРУЗА МЕШАВАД,

салом хамаи ин гапо другаи вайо тамошо мерафтан аи мошиншон як корча йофтан у корчаи меваги хуришон буд

Xudovand tu badxoha ba dor ovezand. Begunohii mo tasdik shud ba vatan bargashtamu badxohii tuborin noodamon mond. Ba duoi tu borin kurmush boron namebora

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)