Бахшҳо

Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, расман бо ирсоли як паём ба генерал, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми сентябр хабар медиҳад, Аслов зимни ироаи миннатдорияш аз ҷумла таъкид намудааст, ки тадобири амниятии мақомоти умури дохилӣ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай шоистаи таҳсин аст: “Хидмат дар роҳи пешрафту шукуфоии Ватан комёбиест, ки мебояд ҳамвора дар истимрори он ҳиммат гумошт ва самараи мубораки саъйю талошҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам ҷаноби Вазир ва чунин кормандони содиқу соҳибмаҳорат боиси тақвияти эътибору манзалати кишвармон дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.”

Ин дар ҳолест, ки роҳбандию бозорбандӣ, ки ба далели ҳузури президентҳои кишварҳои хориҷӣ тайи се рӯзи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе роҳандозӣ шуда буд, боиси нороҳатии бисёре аз сокинони қатории пойтахт гардид.

Дар шаҳри Душанбе аз 11 то 13-уми сентябри соли равон ба далели тадобири амниятӣ ҳаракати мошинҳо дар кӯчаҳои калидӣ маҳдуд буд ва мардум аксаран пиёда мегаштанд. Дарвозаҳои “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистонро тайи се рӯз бастанд, ки ба гуфтаи тоҷирони бозор зараровар буд.

Ронандаҳои мусофиркаш низ изҳор медоштанд, ки дар пайи роҳбандиҳо маҷбуранд гирди шаҳр гарданд, ки дар натиҷа хатти сайри онҳо низ тӯлонӣ гашта, хароҷоташон афзоиш ёфтааст.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ягон ниҳоди Тоҷикистон барои эҷоди чунин нороҳатиҳо аз сокинон узр нахост ва сипос нагуфт, ки чунин шароитро тоқат карданд.


Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)
Мӯҳр
ха , барои мо мардум ки рахмат мегуяд. Мо кушиш кардем бештар дар хона бошем то дар кучахо ба кормандони орган халал нарасонем.

Шоди
Албата чаноби Аслов дар он рузхо бе мамоният дар роххои басташуд мошинсавор мегашт, чаро минатдори накунад. Азоби халки бечора чи чаноби Аслов шоистаи тахсин нест магар?

Шарм доред чаноби Аслов мардуми бечораро мудати як хафта сарсону саргардон намудед , пиру чавон шойхояш аз пийода гарди варам кард , шумо дар холе вазири дохиларо сипос мегуфтед ки хам амеияти мехмонону хам шароити мардумро дуруст барох мемонанд

Дар ҳақиқат ҳам кормандони соҳаи Амнияти милли ва ҳам коркунони вазорати умури дохили хизмати арзанда доштанд дар он шабу руз! Бо чунин як шаҳомати беандоза гузаронидани чорабинии калон ки дар он сарони давлатҳои калонтарин монанди Русия, Чин ва Қазоқистону Эрон ва ғайраҳо буданд боиси таҳсин ин родмардон аст! Ба Шумо барори кор сарбалди ва тансиҳати орзумандам!!

Оташак
Ҷанобон, як чизро фаромӯш накунед, мардум барои давлат ҳастанд. на давлат барои мардум! Ин аст мантиқи мо шаҳрвандону давлатдорон. Мо бояд шукр гуем, ки дар ин рӯзҳо ичозат доданд, аққалан ба кӯча бароем

навкиса
хаминам гап шуду.....

Бародар
Аслов дипломат будани худро нишон додааст, аммо калимахои Вазир ва Шумо оё дар хамин матн бояд бо харфои калон навишта шаванд?

...талошҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам ҷаноби Вазир...

Салимбой
Вазирон ба пеш! Якдигарамонро таърифу тавсиф карда гардем, хуб мешавад. Аз захматхои президент ёд накунед, хама корхоро шумо кардед. Пеш аз ин корро кардан як бор фикр кардан лозим буд. Ё ки номаи сипосро дар сомона бояд чой намедоданд. Айб аст. Боз худро дипломат мегирем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)