Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, "тухмшапак" рабте ба мардуми Кӯлоб надорад

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) 23 сентябр дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун вакили парлумон бо сокинони ин минтақа дар толори ҳукумати шаҳр ва дафтари ҲНИТ мулоқот кардааст. Райиси ҲНИТ ҳадафи аслии боздид ва мулоқоташ бо сокинон шаҳри Кӯлобро аз байн бурдани нофаҳмиҳое, ки дар пайи сафари қаблияш ба миён омад, арзёбӣ кардааст.

Ӯ гуфтааст, бархе сокинони Кӯлоб бо ӯ тамос гирифтаву гуфтаанд, аз мавриди ҳамла қарор гирифтанаш дар ин шаҳр хиҷолатзада мебошанд ва таъкид кардаанд, ин кор ҳеч рабте ба онҳо ва мардуми ин минтақа надорад. “Мо ҳам барои аз байн бурдани ин зеҳният омадему хостем, исбот кунем, ки миёни мо ва бародарони муқими шаҳри Кӯлоб ҳеч мушкиле вуҷуд надорад. Аз аввал маълум буд, ки ин амал ҳеч рабте ба мардуми Кӯлоб надошту баъзе гуруҳҳо онро тарҳрезӣ карданд, ки хушбахтона ба ҳадаф нарасиданд. Миллат, аз ҷумла мардуми Кӯлоб дигар ин гуна амалҳоро қабул надорад”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.

10 июни соли ҷорӣ баъд аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб, ки дар ҳавлии раиси дафтари ҲНИТ дар минатқа баргузор шуд, гуруҳе аз сокинон бо тухму помидор ба онҳо ҳамла оварданд. Бо гузашти чанд рӯз, корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навореро дар интернет гузоштанд, ки дар он як сокини шаҳри Кӯлоб мегуфт, ба ӯ тухму помидор додаанд, то ба райиси ҲНИТ ҳамла кунад, вале ин корро накардааст: “Ман дар ҳаётам ин корҳоро накардааму намекунам. Гарданамро мебураму ин корро намекунам”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Просто имрузо нархи тухму помидор дар осмон хестагияй. Агане ки эхеее...

Зинда бошед устоди азиз мо бо шумоем касе,ки устод Кабириро дастгири мекунад у гамхори халку ватан аст.

ЭЭЭЭЭ Кабириии кии кам Кулоб биё бра ки бо и доф ба чои тхм памидор ...шапакт накнемт )))))))))) хай мефамидагиёш мефама чишапакш мекнем идоф хахаха. бачакои Кулоби ай ранг руи тв твориош безоран. сагерохо кайф када гаштестан ягоон проблема надоран. тра ход бтан бо ягон темаи хта толковать мекни. Неки уже хитт кадагиян максадт сумай власт.

didestem chikhel bachahakoi kulobut khurda gashtestan)) , shumo hozirashda zinda gi ton khubay harchi ki mekhohi guftan megiri shumo uzhe dar dilhoton Alloh muhr zadagiay mebinen ki hakay ustod Kabiri ne ki bar aks gap mezanen , dilum mesuzatona Alloh hidoyaton kuna ,

Кулоб
Кабири фикри кулоба хеч накун
Аз кафой гарм бош гаранг накун хамааш бозиаст бо мардуми кулоб

..
Кулоб,

Гармиходаам ин Кабирии артист даркор нест. Аз паси файзободихои худш бшава.

Сокини Кулоб
ба Муким ва Кулоби! Худатона кулоби нагиред Он масхарабозие ки шумо бо хизбатон мохи июн ташкил кардед , ин мардака ё шери нара муаррифи кардед. кани раисони хизби халкии демократии кулоб бияну чигари бо мардум озод мисли Кабири вохуранд. Бе шпиргалка ва шукрона дигар чизеро намедонанд. Аммо дониста монед шумо ба ХХДТ ва бачахои онхоро хидмат мекунед на ба ватан ва миллат. Моро хам помсидор доданд ки занед назадем. Он вакт кормандони ШКД тахдидмон карданд, ки накардед. Холо бори сабук мекашам ки назди вичдон ин корро накардем.

Ъабдуллох
Бале аз аввал маълум буд хамон рузе ки ба ман хабар доданд ки дар шахри кулоб ба мухиддин Кабири тухму помидор пош додаанд ман хамон лахза фахмидам ки ин кори дасти баъзе ифротгархои баъзе доирахое аст ки ман мутмаиннам ки дар хукумат кор мекунанд ва боз мутмаиннам ки агар ин корро як аъзои хизби нахзат нисбати вакили ягон хизби дигар мекард уро хатман терористу аъзои намедонам кадом гуруххои терористи еълом мекарданд чаро ин терористоне ки нисбати вакили хизби нахзат ин амали терористиро анчом доданд мучозот нашуданд ин чинояткорон нибати як раиси хизб не балки нисбати 40-хазор шахрванди точикистон ки аъзои хизби нахзатанд ин чиноят нисбати 40-хазор нафараст чаро омилини чунин чиноятхо гирифта намешавад мехостанд мардуми азизи кулобзаминро боз ба шур биёранд. имруз мардуми кулобзамин бисёр мардуми окилу доноанд ки медонанд нисбати ки тасмим бигиранд бингарем ба гузашта ки чикадар чиноятхое ки нисбати аъзо ва чонибдорони хизби нахзату хизби сотсиалдемократ шуда шуда истодааст то хол ягон нафари онхо чазои хуб нагирифтанд ва худи баъзе доирахои манфиатчу мардумро чинояткор карда истодаанд

ХАКЧУ
ИН МАСЪАЛА АЗ АВВАЛ МАЛУМ БУБ. НА ТАНХО МАРДУМИ КУЛОБ. БАЛКИ ТАМОМИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИКИСТОН КАЙХО ОГОХАНД АЗ ИН

Ъабдуллох
мехохам чанд чумлаи дигаре низ изофа кунам ман хайронам ки чаро дар чумхурии Точикистон ки дорои 8 хизб аст факат ба хизби нахзату ба хизби сотсиалдемократ фишорхо меоранд ба зехнам хамон шеъри мавлави меояд ки мегуфтанд
мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид
хар рохгузаре санг занад ор надорем
вокеан имруз дар хизби нахзат хусусан дар атрофи рахбарияти ин хизб бисёр инсонхои окилу бисёр нафарони равшанфикру мардуми бофарханг ва хусусан чавонон чамъ шудаанд албата ин сарчамъи дар атрофи нахзату рахбарияти нахзат баъзе доирахоро асаби мекунад баъдан тасмим мегиранд ба помидор ва тухмпоши ки ин як амали ахмаки хаст дар хар асру замон ночавонмардоне мисли имруза баъзе доирахо вакте ки ракобати солим карда наметавонанд баъдан даст ба тухму помидорпоши мезананд ки ин заъифии ин гуруххои манфиатчуро мефахмонад радикалхо хам исломи мешаванд ва хам гайри исломи он радикалхое ки имруз бо номи ДОИШ баромадааст ки номи исломро сиёх мекунанд дар катори ин радикалхо дар чумхури низ баъзе радикалхо баромадаанд ки кори худро аввал бо помидору тухм сар кардаанд

Икром
АЙ КАБИРЙ ТУРО АЛЛОХ ХИФЗ КУНАД,КАЛБИ ХАММА ДАР ДАСТИ АЛЛОХ АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)