Бахшҳо
23 сен 2014 14:31Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Раҳоии Далер Нақибов: Гап сари 30 $ будааст?

Далер Нақибов, корманди Раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 17-уми сентябр ба иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби Кумитаи амният дастгир шуд, аз боздоштгоҳ раҳо гардидааст.

Дар ин бора як нафари наздики Нақибов ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки ҳаққи ифшои ҷои будубошашро надорад.

Ба иттилои ин манбаъ расонаҳо аз чор ҳазор доллар гирифтани Нақибов хабар доданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо сухан танҳо сари ҳамагӣ 30 доллари амрикоӣ мерафтааст: “Касе, ки ба ҳаёти хоксоронаи Нақибов бовар надорад, метавонад биёяд ва шароити манзилу зиндагияшро бинад. Ин, ки мегӯянд, ӯ чор ҳазор доллар гирифтааст, дурӯғ аст. Гап сари 30 доллар мерафтааст, ки он ҳам баҳсбарангез аст ва далели кофӣ вуҷуд надорад.”

Дар мақомоти амниятии Тоҷикистон низ хабари раҳоии Нақибовро таъйид карда, афзуданд, ки тафтиши парванда алайҳи ӯ идома хоҳад дошт. Ба иттилои манбаъ тайи тафтиши парванда Далер Нақибов ҳаққи тағйири ҷои иқоматро надорад.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин робита Манучеҳри Маҳкам, сардори раёсати консулӣ ва роҳбари бевоситаи Нақибов низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Манучеҳри Маҳкам писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар симмати раҳбари сарраёсати консулии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вва
Фаркаш чи аст, ки 30 е 4000 доллар. Асосаш ин ки пора гирифтааст.

асосаш он аст ки география дуруст наомадааст, агар аз он тараф мешуд вагон вагон пора мегирифтанд ва ягон гап хам намешуд.

Аслидин
Хай папробоват кунанд чавобаш натиян .Ина бо падараш раиси суди конститутсиони будаасту тем более .......Турмахои точикистон барои халки камбагал аст

Донояк
Раҳмат ба хушдоман гӯ, ки ба ҳолат тараҳҳум карданд. Дигар ин хел такрор накун.

Корафтода
Причём 30 ва 4 хазор доллар. Инчо аник ки коррупсия ва паст кардани як вазорати мухими кишвар аст. Бинед чинояткорони аршади шиносномаи моро доранд. Дигар ки ин худаш катача аст бо шумо чи ин кадар бчеорша меген. Хучандихо мийнахол намешан уно донанд. хушдоманаш аз ятимов сахт хохиш кард бо кумаки Зухуров

Далер яке аз кормандони бофахму боистеъдод ва бо донишу одоби муошират дар байни коргарони консульства аст, ман чандин бор бо далер хамсухбат шудаам, ва тарзи гуфтору рафтори ин шахс ба куллан аз дигар кормандони консульства фарк мекунад, дар ёдам хаст коргаре бо номи Шахбоз (садкаи ин ном шавад) на тарзи гуфтори сухангуи дошт на дониш, аммо чандин сол дар ин макомот кор кард ва тамоми муштарихои ин макомот аз ин шахс ба номи Шахбоз кимоб шуда буданд, хатто хангоми вакти кори дар чои кори хоб мерафт, ва бо мизочон тарзе ки ба худ маъкул буд муносибат мекард. Дар хамон факт фахмида будам ки пушташ кадом одами калон меистад, ва хатто пора хам мегирифт, аз ман хам пора гирифта кора буд карда буд ва хамон боз давонд. Нисбати чунин шахсони бесаводе чохилу худписанд, чун Шахбоз макомоти дахлдори кишвар чорачуи кунад, на ин ки нисбати чунин корманди боодобу хушгуфтор ва содики кору худ чун Далер.

Ассафох
Ишколи кумитаи амнияти дар он буд,ки ин хабарро барвактар ифшо сохт бад ин минвол хост то мухтор будани ниходашро нишон дихад аммо домоди Хайриниссо Юсуфи хукуки (дахлнопазири) дорад.Аминам агар каси дигаре мебуд хатман тавасути ВАО дар намоиш монда мешуд,чун нафари наздик дар хукумат доранд барои чурмашон хатто парванда боз намешавад. Ин аст (Демократияи Феодали)

Точик
Яъне 30 доллари пора гирифтан айб надорад? Набошад мо хам кам-камак гирифтан гирем? Бисёр бачаи хуб будааст, кам-камак мегирифтааст, калон-калон не. :)))

сатор
ягон тагаи вазнин доштааст ки саруш додан агане ягон камбагал мебуд медидем ки бо баромат карда мегутан ки 30долар взятка гирифтай бо прокурор мегуфт ки суистифода ай ман саб 10 сол дода шавад ва ба касти прокурор 5 сол медод бо наган ки суд гапи прокура гириф 10 сол дод дар точикистон хамитари хай
хеч кас парвои хаети як кас надоар

Т
Ана ина давлати хукукбунед мегун пора гирифтаасту да озоди лекин адвокати зайд саидро бо суикасд ба порадихи капидан чор мох мешавд дар махбас

Порабезор
30 $ барои инхо пули хандаовар аст. Аммо намедонанд, ки аксарияти нафакахурони Точикистон хатто камтар аз 30 доллар пенсия мегиранд. Яъне 30 доллар гирад, хеч гап набудааст. Ачаб мантике. Порахури майдахур магар гунахкор нест? Хм, гап сари 30 доларакак мерафтааст. Яъне хеч гап набудааст.

Kormandoni Amniyat yak chizro boyad ba inobat girand, ki imruz bazan az Mushovironi Firistoda dar saforatho korashon faqat siyoh kuni pastzani va tahqir ba shaxsiyati digaron ast, korhoi Kormandoni Texnikiro nodida megirand, ki in boisi nigaronii jiddi gashtaast, va boisi tafriqa va judoi andozi bayni kormandon shudaast. Bo hamagon yakrang bosh Qolin az sadrangii Xud peshi po aftodaast. Muhtaram Janobi Oli hamavaqt az Ittihod barodari suxan meronand, sad afsus ki in Guftahoi Janobi Oliro bazan mushovironi Firistoda baraks ijro mekunand. In kardai Mushovironi Firistoda boisi dilsardi va nigaronii shadidi kormandon shdaast.

Курд Валдхайм
Барои ман нофахмост чаро фарзандони ба ном "калоншаванда" бояд дар ин вазорат кор мекардаанд?Чаро дигарон не!Ин кишвар ба 8 миллион ахоли тааллук доранд чанобони то дина руз"рафикон!"

444
Хайрият одадор будаас. агар ягон камбагал мешуд каппааш дуууууддддд мекард.

Точик
30 долар 100 сомони яъне дар як нафас кашидан 100 сомони биёби бахудо гап нест коргарони оди дар як мох бо 500 сомони рузи худашону фарзандонашонро бурдаистодаанд ана карупсия капед кани 100 сомон дар як лахза ба фикрам дар як мох 100 000 сомон мешавад вой инора бо чавонони бофархангу ватандуст мегуянд кучои онхо ватандус инхо як порахур хоини ватан хиёнаткор ба давлату Рохбари давлат мебошанд ана бовари ана босаводи савод танхо барои порагирию сумкоркуни канд занед боз аз ин зиёдтар гиред ин рекорди шумо хичи бояд намуна шидан даркор токи дигар чавонон ба мисли шумо порахуру донишманд бошанд аз баъзе нафарони ки тарафи хаминхел шахсонро мегиранду тарафдори мекунанд нафратам меояд тфу на вас шумохам мисли хаминхо гузаштаи бад доред нафрат ба шумо порахурон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)