Бахшҳо

Дархости муҳоҷири тоҷик аз мақомот барои раҳоияш аз боздоштгоҳи Русия

Нуриддин Шарипов, муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки наздик ба як моҳ мешавад дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Подолски Русия қарор дорад, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мекунад, дар раҳоияш мусоидат намоянд.

Нуриддин Шарипов дар суҳбати телефоние ба “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи ҳамсараш шаҳрвандии Русияро доранд ва ҳуҷҷатҳояшон низ дуруст аст, аммо мақомоти пулис барои дар қайди Подолск набудан, ӯро аз манзили зисташ дастгир ва дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд. “Мо ба наздикӣ аз дигар ноҳия ба ин ҷо кӯчидем. Як рӯз ментҳо ба хона даромада, дастони маро бастанду бурданд. Муносибаташон ҳам хеле дағал буд”,-мегӯяд ӯ.

Ҷаноби Шарипов афзуд, вақте боздошт шуд, 2 фарзандаш бемор буд. Ӯ мегӯяд, дар ин муддате, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад, намедонад хонаводааш дар чӣ ҳолате ба сар мебаранду аз куҷо хӯрок дарёфт мекунанд. “Дар ин боздоштгоҳ касе ба доди мо намерасад, ҳар рӯз интизорем, ки ягон гапи нав шавад. Вақте маро назди суд бурданд, гуфтам, ки шаҳрвандии Русияро дорам, суд гуфт, ҳамсаратро биёр баъдан шуморо ҷарима мекунему ҷавоб медиҳем. Вақте ҳамсарамро даъват кардам, ӯро нагузоштанд судяро бубинад. Маро бошанд, мисли гов кашола карда, боздоштгоҳ бурданд”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба қавли Нуриддин Шарипов, дар боздоштгоҳе, ки қарор дорад, муҳоҷирони тоҷик зиёданд ва аксари онҳо мегӯянд, бидуни ҳеч далел дастгир шудаанд. Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш кард, барои раҳойии ӯ ва дигар ҳамватанон аз боздоштгоҳ кӯмак намоянд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Шахрвандии Русияро дошта боши хам ту барои онхо танхо чурка хасти. Ягон хукук надори. Гадо бошиву дар ватани худ бош.

Фирдавс
Агар шаҳрванди Русия ҳаст, пас шаҳрванди Русия дар боздошгоҳ аст, на шаҳрванди Тоҷикситон. Даъво ба хукумати Русия даъво кунед.

хазора
хазорон доду фарёд куни касеро аз макомотхои дахлдор парвое нест.Ту бачаи ягон калоншаванда мешуди туро тез озод мекарданд акалан хеши ягонтааш.Бехуда мепурси бародар.Аз Худо талаб кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)