Бахшҳо
24 сен 2014 08:55Хабарҳои ҷаҳон

Карзай аз ҳукумати нави Афғонистон хост бо Ғарб эҳтиёткор бошанд

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури феълии Афғонистон, ки қарор аст, ҳафтаи равон қудратро ба ҳамтои наваш вогузор кунад, дар нооромии кишвараш Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистонро айбдор карда, аз ҳукумати нав хостааст, бо Ғарб эҳтиёткор бошанд.

Карзай гуфтааст, сулҳу субот дар Афғонистон ҳукмфармо нахоҳад шуд, чун онро ба гуфтаи ӯ, ИМА ва Покистон намехоҳанд: “Яке аз сабабҳо ин аст, ки Амрико суботро намехоҳад, зеро онҳо ҳадафу нақшаи худро доранд.

Карзай дар идома афзудааст, Покистон низ дар нооромшавии Афғонистон даст дошта, мехоҳад, сиёсати хориҷии кишварашро идора кунад: “Бори дигар мехоҳам, гӯшзад кунам, ки ҷанг дар Афғонистон, ҷанги мо нест. Онро ба мо таҳмил кардаанд.

Ин суханҳои Карзай дар ҳолест, ки рӯзи 21 сентябр ду номзади интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон - доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашараф Ғанӣ Аҳмадзай тавофуқнома дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро имзо карданд. Тибқи ин тавофуқ, Ашараф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва доктор Абдуллоҳ, мақоми раёсати иҷроиро ба душ хоҳанд дошт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)