Бахшҳо

Тоҷикон дар миласозӣ бо арабҳо вориди сабқат мешаванд?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Арабистони Саудӣ бо бунёди баландтарин милаи парчам ба дарозии 171 метр, ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Акнун давлати Саудӣ бо парчами баландтаринаш аз Тоҷикистон пешсаф аст.


Шавкат Шарипов, райиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт мегӯяд, дар “байрақсозӣ” арабҳо аз мо гузаштанд, акнун бояд барои дар риштарошиву ҳиҷобкашӣ пеш гузаштан талош кунанд: “Инро агар тавонистанд, навбати чӣ қадар бисёр руҳониҳоро порнореклама кардан мерасад. Мебинем, арабҳо дар ин ҷода аз мо пеш гузашта метавонанд ё на. Агар натавонистанд, дигар зӯри беҳуда назананд”.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик муътақид аст, бунёди парчамҳои баландтарин сарфи беҳудаи маблағ асту ҳеч моҳият надорад. Ба таъкиди ин коршинос, парчам бояд ҳамчун рамзи давлатӣ бошад ва рақобати кишварҳо дар мавриди бунёди парчами баландтарин бемаънигист. “Фикр намекунам, баъди Арабистони Саудӣ Тоҷикистон барои боз баландтар сохтани милаи парчам иқдом кунад”.

Бахтиёри Ҳамдам, сардабири нашрияи “Минбари Халқ” мегӯяд, кӯчактарин парчами кишвар барояш аз баландтарин байрақи кишварҳои дигар маҳбубтар мебошад. Аммо ӯ бар ин аст, иқдоми парчамсозиҳо барои боло бурдани ғурури миллии шаҳрвандон гирифта мешавад: “Ин гуна иқдом ба хотири бедор кардани эҳсоси миллии мардуми кишвар, арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳо анҷом дода мешавад. Парчами бузург ҳаргиз нишони даъвои бузургманишӣ, иқтидор ва ё афзалият аз дигаронро надорад”.

Сурадҷ Назаров, як муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфт, беҳтар аст ҷойи сохтани баландтарин парчам, корхона ё кадом иншооте сохта шавад, ки нафъаш ба мардум бештар мерасад. “Барои халқи мо корхонаҳои тавлидотӣ даркор аст, на парчам. Бояд корхонаҳои тавлидотӣ созем, то як каме ҳам бошад, шаҳрвандонамонро аз муҳоҷират баргардонем”,-меафзояд ӯ.

Ҳарчанд ҷойи номи кишвари моро дар китоби Гиннес вобаста ба баландтарин милаи парчам “танг” карданд, аммо исми Тоҷикистон бо шарофати “мағзҳо”-и пухтааш ҳамеша хабарсоз боқӣ монда, ҳатто дар раддаҳои аввал қарор хоҳад гирифт. Мавзӯи риштарошӣ, ҳиҷоб ва пахши “секси муллоҳо” дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳанӯз дар “мӯд” аст ва гумон аст, кишвари дигаре дар ин росто аз Тоҷикистон пеш гузарад. Ё, дуруғ гуфтам?


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Саиали
Иншааллох ин икдоми аблахонае, ки кишвари мо дорад, яъне риштароши, сатргри ва пастзадани обуруи рухониёнро дар ягон кишвари дунё накардаанд, намекунанд ва нахоханд кард, чун ки хукуматдорони вайхо то чое хам набошад тафаккури аклони доранд!!!

вакте ки дорои бузургтарин милаи парчам бошем даьво мекунем.аммо чун дигаре сохиби он шуд баьд мегуем ки парчами бузург нишони бузургиву эьтибор нест....

tojik
Бояд ки парчами Арабистони Сауди аз Хама Парчамхо боло бошад, чунки дар вай бехтарин калимахо навишта шудааст.
(ﻻإله اﻻ الله محمدرسول الله)

Бояд ки парчами Арабистони Сауди аз Хама Парчамхо боло бошад, чунки дар вай бехтарин калимахо навишта шудааст.
(ﻻإله اﻻ الله محمدرسول الله)

Точик
"Шавкат Шарипов, райиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт мегӯяд, дар “байрақсозӣ” арабҳо аз мо гузаштанд, акнун бояд барои дар риштарошиву ҳиҷобкашӣ пеш гузаштан талош кунанд"
Акаи Шавкат айба намедони ба амин гапот. Инкадар шумоям аз худтон герой тарошиден дар рохи химояяи сатру риш. Ака бовар кун амин ахмакиё дар мо аст. араб на саллаи мо барин 8 газа мебандаду на риши дароз мемонад. Амун камтар риша ба хотири насухтани пусти руяш дар гармии минтака мемонад. Вагарна амурам намемонад. Дигар ин ки хизб шида як кори дигари реали кунен охир. Хай ина химояхотон маъкул, ина гаптон маъкул, манам кабул кардум да пустим о бародар амин ришу сатр кати мехохи аз арабо пеш боши??? Метавони ишками мардума сер куни??? Не албатта. Так что бра як кори реалний кун охир яъне дар чахорчуби конуну оинномат рафтор кун. Чо мекуени? арзишхои волоии исломи амин сатру риш аст магар????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)