Бахшҳо
24 сен 2014 16:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Шикояти ронандаҳо аз "роҳбандон"-и мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Як гуруҳ аз ронандаҳои боркаш имрӯз, 24 сентябр аз “пробка” ё роҳбандони мошинҳо дар мавзеи Ҳушёрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, шикоят карданд.

Шаҳриёр, як ронандаи боркаш ба “Озодагон” гуфт, тайи се соат мешавад, дар як ҷо истодаанд. “Мошинҳоро инҷо бармекашанд. Се соат шуд дар навбат ҳастем. Ман аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат дорам, аммо дар мавзеи Ҳушёрӣ дармондам”,-мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи Шаҳриёр вай асосан масолеҳи сохтмонӣ мекашонад, аммо нафароне, ки маҳсулоти истеъмолӣ мебаранд, аз ин тамбашавӣ зиён мебинанд, зеро ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Озодагон” дар натиҷаи зиёд зери офтоб истодан, “маҳсулот вайрон мешавад”.

Ронандаи дигар, ки худро Убайдулло муаррифӣ кард, изҳор дошт, 25 сол мешавад, ки дар ин роҳ бор мекашонад, аммо чунин бесарусомониро надидааст: “Ин ҳол то ба кай идома меёбад? Ҷабр аст дар ҳаққи мардум, шаш тарозуро мегузарем ва дар ҳар яки он қариб то ним соат мунтазир мемонем. Шаш тарозу бас набуд, ки боз як тарозуи борбаркаши дигар сохтаанд”.

Тарозуи мазкур нахуст аз самти Душанбе, дар наздикии воридшавӣ ба нақби “Истиқлол” насб шуда буд, аммо ҳоло онро ба мавзеи Ҳушёрӣ кӯчондаанд. Ронандаҳо мегӯянд, минтақае, ки тарозу насб шудааст, ба ягон талабот ҷавобгӯ нест. Як хатти ҳаракати Шимол-Ҷануб, ки дар он мошинҳои боркаш ҳаракат доранд, ба дарозии беш аз 2 км дар “пробка” аст. Ба гуфтаи ронандаҳои боркаш, барои мушкил нашудани ҳаракат мебоист дар 2 ё 3 нуқта тарозуи баркашӣ насб мекарданд.

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли кишвар аз чанд соли пеш пулакӣ шуд ва масъулияти пулҷамъкуниро ширкати мавсум ба IRS бар душ дорад, ки то ҳол маълум нест, раҳбари аслияш кист.


АКС: Шикояти ронандаҳо аз "роҳбандон"-и мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

АКС: Шикояти ронандаҳо аз "роҳбандон"-и мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Мӯҳр
Сироч
Ин ширкати пулчинак аз бегайратии мардуми точик истифода бурда аз пиратхои сомали хам гузаронд.

Абубакр
IRS РАГИ ХУНГАРДИ ЯК ОИЛА ИН БА ХАММА МАЪЛУМ

ХИЗМАТИ ХИРСОНАИ ХУКУМАТИ ИМРУЗА БАРОИ МИЛЛАТ

ЭЙ МАРДУМИ АЗИЯТКАШИ ТОЧИК IRS -РО,КИ ИЧОЗАТДОД БА ЧТ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОН,МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ,КИХО ИБОРАТАНД АЗ ХХДТ,ХХДТ АЗ КУЧО ОМАД МАРДУМ ИНТИХОБКАРД ДАР ИНТИХОБОТ АНА ФОЙДААШРО БИНЕД,,,,,НАТАРСИ ЧОП КУН ОЗОДАГОН АГАР НОМАДБА САЗОВОР БОШИ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)