Бахшҳо

Боздошти "дуздон"-и пахтаи Тоҷикистон дар Латвия баъди дахолати Раҳмон

Мақомоти пулиси Латвия мегӯянд, ба иттиҳоми дуздии пахтаи Тоҷикистон, ки арзишаш 9 миллион евроро ташкил медиҳад, 4 нафарро боздошт намудаанд.

Том Садовскис, намояндаи расмии пулиси давлатии Латвия бо тасдиқи ин хабар ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, аллакай нисбати ду нафарашон расман айбнома эълон гардидааст. Ӯ мегӯяд, пулиси Латвия ариза дар бораи дуздии пахтаи Тоҷикистон ба маблағи 9 миллион евроро охири баҳори соли равон гирифта буд.

Ба иттилои мақомоти пулиси Латвия дастандаркорон, пахтаи Тоҷикистонро бо асноди тақаллубӣ оиди иваз шудани соҳиби мол медуздидаанд: “Пулис баъди чанд моҳи бозҷӯӣ дар Рига ва Юрмала чор нафарро боздошт намуд ва ду нафарашон-як зани 46 сола ва як марди 49-сола расман айбдоршаванда эълон шуданд.”

Қаблан расонаҳои Латвия хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои латвиягияш-Андрис Берзинш хостааст, барои ёфтани пахтаи гумшуда муосидат кунад.

Пештар арзиши ин бор аз Тоҷикистон ҳудуди 13 миллион евро арзёбӣ мешуд ва Андрей Гришин, раҳбари пулиси криманалии Рига дар шарҳи ин ҷиноят гуфт, “он солҳои пеш содир шудааст, аммо пулис ариза дар ин бора охири майи соли равон гирифтааст. Ин ҷинояти хеле печидаи иқтисодист, аммо дар дурнамо эҳтимоли ошкоршавии он вуҷуд дорад.”

Пахта ва алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Латвия буда, аз ин кишвар ба ватани мо доруворӣ, сӯзишвории минералӣ, маҳсулоти ширу гӯштӣ ва чӯб ворид мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин дуздони номи бо исмхои Чумъахонов, чияни ....р ва Темиров аз хешовандони Зухуров мебошанд. Инчунин, як сокини нохияи Дангара

Саидчон аз Ёкутистон
Оштон шидаги хаст бо хамин давлату давлатдори. Наход дар 13миллион евро дузи кунанд макомотро хабар набошад? Оё пахта ба мисли ягон бриллиант майда хаст,ки уро намебинанд ё ки бурдаю кучо бурда. Хандаи кас меояд. Дар кучоянд гумрукчихо? Аз кучо маош мегиранд? Бо кадом хизматашон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)