Бахшҳо
25 сен 2014 16:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сокинони Данғара: На дуздро нишон доданду на пули говҳоро доданд

Сокинони Данғара мегӯянд, даҳҳо говашон гум шудаанд вале мақомот то ҳол на ба онҳо муттаҳамеро нишон додаанду на маблағи говҳоро баргардондаанд.

Асомиддин Холмирзоев, сокини маҳаллаи Пушунги Данғара, имрӯз, 25-уми сентябр ба “Озодагон” гуфт, дар авҷи говдуздӣ дар Данғара, ки тобистони соли равон сурат гирифт, ду говашро гум кард: "Танҳо дар маҳаллаи мо 30 гов гум шудааст, ки ин мардумро ба ташвиш овардааст.”

Тағоймурод Ҳабибуллоев, сокини дигари Данғара, ки аз худ ва чанд ҳамсояи наздикаш 12 гов гум шудааст, мегӯяд, чунин дуздии зиёди чорворо қаблан надида буд ва он давоми се моҳи охир авҷ гирифта буд.

Сокинони ҷабрдидаи Данғара аз амали мақомот шикоят доранд, ки бо гузашти муҳлати дароз то ҳол муттаҳамеро ба онҳо нишон надодаанд ва аз говҳояшон низ дараке наёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Хатлон дар пайи авҷи говдуздӣ аз боздошти ду афсар-собиқ посбони “Қасри Миллат” дар Душанбе, Раҷабалӣ Маҳмудов ва Маҳмадзоҳир Давлатов, собиқ корманди шуъбаи сӯхторхомушкунии Шӯрообод хабар доданд, ки дар роҳи Данғара-Сарбанд ба говдуздӣ машғул будаанд.

Додгоҳи Хатлон 22-юми сентябр ин ду нафарро 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда, аз боздошт раҳо намуд. Додгоҳ дар шарҳи татбиқи ин ҷазояш гуфтааст, дастандаркорон гуноҳашонро иқрор кардаанду зарари моддии соҳибони говро пардохт намуданд, нисбаташон ҷаримабандӣ татбиқ гардиду аз толори додгоҳ озод шуданд. Дар ҳоле, ки додситонӣ барои боздоштшудагон то 4 соли ҳабс талаб намуда буд.

Аммо даҳҳо сокини Данғара мегӯянд, то ҳол аз говҳояшон дараке нест ва мақомот низ аз боздошти муттаҳаме ба онҳо хабар надодаанд.
Феълан нархи як кило гӯшт дар Тоҷикистон наздики 40 сомониро ташкил медиҳад ва арзиши як гов ба ҳисоби миёна то ба 2 ҳазор сомонӣ мерасад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
гариб
Еха ин рохбаро корхонахою бощорои одамзоро тамом карданд гов дуздиро саркарданд ку е хози бисёрат бозор майдабози накунен

Фархори
Ин маънои онро дорад ки макомоти пулиси Дангара бесавод хастанд. Говро дуздиданду Пулис хобу Халк дар ташвиш.

аз пушинг
аз корхои дохилии дангара гуфтанд, ки говдуздро гуед, мо говхои шуморо ёфта гирифта дихем. Агар ин гунна бошад, яъне ман дуздро худам ёбам, ВКД-и нолозим чи лозим.

ОФАРИН БАРОИ ВАЗОРАТИ КОРХОИ ДОХИЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА РОХБАРИЯТИ ОН БАРОИ ЧУНИН ТАРЗИ ФАЪОЛИЯТАШОН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)