Бахшҳо
25 сен 2014 22:29Тоҷикистон / Сиёсат

Руҳонӣ дар СММ: Аз "биҳишти террористҳо", то иштибоҳи Ғарбу ифротигарӣ

Ҳасани Руҳонӣ, райиси ҷумҳури Эрон зимни суханронӣ дар маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, иштибоҳоти роҳбурдии Ғарб дар масоили минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказиву Қафқоз ин нукта аз ҷаҳонро ба биҳиши террористҳо ва ифротиҳо бадал кардааст.

Ӯ, ки дар робита ба мавзӯи ифротгароӣ ва хушунат суханронӣ мекард, изҳор дошт, аз минтақае омадаст, ки бахшҳои муҳиме аз он дар оташи тундравӣ ва ифрот месӯзад: “Дар Шарку Ғарби кишвари ман ифротигарӣ ҳамсоягони моро таҳдид мекунад ва хушунат меварзаду хун мерезад. Онон албатта, танҳо бо як забон сухан намегӯянду ҳатто ранги пӯсташон якранг нест ва як миллияти воҳид надоранд. Онон аз кишварҳои мухталиф ба Ховари Миёна омадаанд, аммо идеологияи воҳиде доранд: ифротигарӣ ва хушунат. Ва ҳадафи воҳиде доранд: нобудии тамаддун, исломҳаросӣ ва эҷоди замина барои мудохилаи муҷаддади бегонагон ба минтақа”.

“Ғарбситезии имрӯз вокуниш ба нажодпарастии дирӯз аст”

Райиси ҷумҳури Эрон дар идома гуфт, терроризм ҷаҳонӣ шудааст, “аз Ню-Йорк то Мусел, аз Димишқ то Бағдод. Аз ал-Қоида то ДИИШ ифротиҳои ҷаҳон якдигарро ёфтаанду нидо сар додаанд, ки муттаҳид шавед, аммо оё мо дар баробари ифротиҳо муттаҳидем?” Ҳасани Руҳонӣ мегӯяд, ифротигарӣ танҳо як масъалаи минтақаӣ нест, ки фақат миллатҳои ба гуфтаи ӯ, минтақаи онҳо бо он даргир бошанд, балки ифротигарӣ масъалаи ҷаҳонист. “Бархе аз кишварҳо дар пайдоиши он муассир будаву дар мубориза бо он ноком ва акнун миллатҳои мо товони онро пас медиҳанд. Ғарбситезии имрӯз фарзанди истеъморгарии дирӯз аст. Ғарбситезии имрӯз вокуниш ба нажодпарастии дирӯз аст. Ҳамаи онон, ки дар эҷоду тақвияти ин гуруҳҳои террористӣ нақш доштаанд бояд ба иштибоҳоти худ дар падидор шудани ифротигарӣ эътироф кунанду натанҳо дар пешгоҳи гузашта, балки дар баробари оянда низ узрхоҳӣ кунанд”,-таъкид кард раҳбари давлати исломии Эрон.

“Дар шигифтам, ин гуруҳҳои одамкуш худро гуруҳи исломӣ меноманд”

Ҳасани Руҳонӣ дар идомаи суханронӣ дар маҷмааи умумии СММ гуфт, барои муборизаи усулӣ бо терроризм бояд решаҳои онро шинохту чашмаҳои онро хушконд: “Терроризм дар бистари фақр , бекорӣ, табъиз, таҳқир ва беадолатӣ мерӯяду бо фарҳанги хушунат рушд мекунад. Барои решакан кардани терроризм бояд адолату тавсеаро густариш дод ва аз таҳрифи адёни илоҳӣ барои тавҷеҳи қазовату бераҳмӣ ҷилавгирӣ кард. Дарди бузургтар он аст, ки ин террористҳо ба номи дин хун мерезанд ва ба номи Ислом сар мебуранд. Мехоҳанд ин ҳақиқати мусаллами таърихро пӯшида нигаҳ доранд, ки бар асоси омӯзаи ҳамаи паёмарони илоҳӣ аз Иброҳиму Мусо то Исову Муҳаммад (с) куштани як инсони бегуноҳро ҳамонанди куштори ҳамаи башарият мешуморанд”.

Ӯ мегӯяд, дар шигифт аст, ки ин гуруҳҳои одамкуш худро гуруҳи исломӣ меноманду шигифтовартар он ки расонаҳои ғарбӣ низ дар ҳамроҳӣ бо онон ин номи маҷъулро, ки танафури ҳамаи мусалмононро бармеангезад, такрор мекунанд.

“Иштибоҳоти роҳбурдии Ғарб дар масоили минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи марказиву Қафқоз ин нукта аз ҷаҳонро ба биҳишти терористҳо ва ифротиҳо бадал кардааст. Таҷовузи низомӣ ба Афғонистону Ироқ ва мудохилоти нодуруст дар таҳаввулоти Сурия намунаҳои рӯшане аз ин роҳбурди ғалат дар минтақаи Ховари Миёна аст”,-афзуд Руҳонӣ.

“Демократия колои содиротӣ нест, ки аз Ғарб ба Шарқ тиҷорат шавад”

Як бахши суханронии президенти давлати исломӣ демократия буд: “Мо ҳамвора муътақид будем, ки демократия маҳсули рушду тавсеа аст, на ҷангу таҷовуз. Демократия як колои содиротӣ нест, ки аз Ғарб ба Шарқ тиҷорат шавад. Дар ҷомеаи тавсеанаёфта демократияи воридотӣ ба давлати заиф мунтаҳӣ мешаваду давлати заиф ҳам бо шиддат осебпазир. Вақте пойи генералҳо ба минтақа боз шуд, интизор надошта бошед, ки дипломатҳо ба истиқболи онон бираванд, вақте ҷанг шурӯъ шуд, дипломатия ба поён мерасад. Вақте таҳрим оғоз шуд, нафрати амиқ аз таҳримкунандагон ҳам шурӯъ мешавад. Вақте фазои Ховари Миёна амниятӣ шуд, посухи он ҳам амниятӣ мешавад. Манофеи кишварҳои ғарбӣ дар ин минтақа дар гарави ба расмиятшинохтани боварҳо ва хости мардуми минтақа дар қолаби низомҳои мардумсолор аст”.

Ба таъкиди Ҳасани Руҳонӣ, таҷрибаи пайдоиши ал-Қоида, Толибон ва гуруҳҳои ифротии ахир нишон дод, ки намешавад аз гуруҳҳои ифротӣ барои муқоибила бо кишварҳои мухолиф истифода карду пас аз он, аз аворизи пайдоиш ин ифрот дар амон монд: “Ба ёд дошта бошед, ки Эрон рӯзе ҳамаро ба гуфтугӯ даъват кард, ки ҳанӯз ҷинояти 11 сентябр рух надода буд ва рӯзе ба ҷаҳони орӣ аз хушунату ифротигарӣ хонд, ки ҳанӯз хушунатҳои ахир зуҳур накарда буд. Шояд соли гузашта теъдоди андаке оташи шӯълаваршудаи кунуниро пешбинӣ мекарданд, аммо имрӯз хушунату ифротигарӣ худро ба сурати як таҳдиди ҷаҳони намоён сохтааст”. Дар идомаи ин нукта ӯ иброз дошт, ки “имрӯз ҳам дубора нисбат ба хатари густариши ифротигарӣ ва ҳамчун хатари дарки нодуруст ва дарки ғалат бо ин падидаро ҳушдор медиҳам”.

Қисмати охири суханронии Руҳонӣ ба масъалаи Эрон марбут буд, аз ҷумла ӯ ба барномаи ҳастаии кишвараш дахл карда гуфт, танҳо як роҳи ҳали ин масъаларо мебинад, ки он ҳам музокирот аст ва ҳар нафаре ҳам агар роҳи дигареро пешгӯӣ мекунад, ғалат кардааст. Ӯ бори дигар ба ҳаққи истифодаи сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон таъкид дошт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ggggg
Мо аз Ирон ва сардорони часуру нотарсаш истикбол мекунем.Офарин ба гайрати хукуматдорони Иран.То имруз мо танхо аз забони хукуматдорони Ирон сухани хакро шунидем.Аз минбари СММ танхо аз давлвти Ирон шунидум ки мукобили ин котилони аср садо баланд шавад.ОФАРИН БАР МИЛЛАТИ ИТТИХОДИ ИРОООООООООООООН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)