Бахшҳо

Ташаббуси Кабирӣ барои инқилоби дохилӣ ва интиқод аз баъзе муллоҳо

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бегоҳи 25-уми сентябр дар мулоқот бо занони фаъоли ҳизбаш хостори инқилоби дохилӣ шуда, аз баъзе уламои исломӣ, ки фаъолияти занонро дар умури сиёсӣ, иқтисод, фарҳангу дин маҳдуд кардаанд, интиқоди шаддид намуд.

Тавре дафтари матбуоти ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ дод, Кабирӣ дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки “зани имрӯз ба ислоҳот ва инқилоби дохилӣ ниёз дорад, то бо истифода аз таҷрибаи Паёмбар (с) як бори дигар дар ҷомеа ҷойгоҳи занро баланд бардорем ва ӯро дар паҳлӯи мард қарор бидиҳем, то нақши воқеъии худро дар пешбурди ҷомеъа анҷом дода тавонад.”

Ба гуфтаи Кабирӣ вазъи имрӯзи Тоҷикистон ба замони паёмбар хеле монанд аст, ки бо вуҷуди мушкилот тавонист ба қолабшиканиҳо ноил шавад: “Барои Расули акрам (с) осон набуд, ки он қолабҳои зеҳнии мардумро бишиканад, вале дар чандин самт қолабшиканӣ кард, аз ҷумла, дар муносибат бо зан. Шикастани бутҳои физикие, ки дар хонаҳо ва ибодатгоҳҳо буданд, чандон мушкил набуд, аммо шикастани бутҳои зеҳнӣ хело душвор аст. Аксари бутҳо дар зеҳн ва андешаҳо ҳастанд ва яке аз ин бутҳо таассуб ва диди тавҳиномез нисбати зан аст, ки он дар замони Паёмбар (с) ҳам вуҷуд дошт. Ҳоло, мо як бори дигар бо истифода аз мактаби Расули акрам (с) талош кунем, ки ҷойгоҳи занро дар ҷомеа эҳё кунем ва ин бутҳои дар зеҳнҳо ҷойгирифтаро бишиканем.”

Раиси ҲНИТ аз баъзе уламо танқид кард, ки баъди замони Пайғамбар ба маҳдудсозии мавқеи зан дар ҷомеа пардохтанд: “Дар садсолаҳои ахир ҷойгоҳи зан баъзан дар баъзе манотиқ бадтар аз замони ҷоҳилият шуд ва он ҳам дар пушиши Ислом ва зери парчами исломӣ. Баъзе масъалаҳое, ки танҳо “афзалият” ва “шояд” дошт, вале уламои баъдӣ бо мурури замон ин “шояд”-ҳоро ба “бояд”-ҳо табдил доданд, мисли ин ки мегуфтанд, ибодати зан дар хона дар баъзе ҳолатҳо афзалтар аз ибодаташ дар масҷид аст, аммо бо мурури замон ин табдил шуд ба ин, ки занҳо набояд намозҳоро дар масҷид бихонанд.”

Раиси ҲНИТ онро мояи нигаронӣ хонд, ки масъулияти занҳоро бо корҳои дохили манзил маҳдуд карданду фаъолияташонро дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву динӣ пешгирӣ карданд: “Ин як намуд таҳриф дар дидгоҳи исломӣ аст ва мутаассифона ин ҳурофот ва дидгоҳҳо ҷои шариати асилро гирифтанд."

Кабирӣ аз тафриқаандозӣ миёни занон аз рӯи либос низ интиқод намуда, афзудааст: “Бояд ба интихоби якдигар эҳтиромона муносибат кард. Набояд як бонуи миллипӯш хоҳари аврупоипӯши худро мавриди танқид қарор диҳад ва ҳамчунин набояд як бонуи аврупоипӯш ба хоҳарони миллипӯш ё сатрпӯши худ бо нигоҳи тавҳину нобоварӣ бингарад. Таҳаммулгароӣ ва эҳтироми тарафайн байни қишрҳои гуногуни бонувон, якдилӣ ва ҳамбастагии онҳо новобаста аз интихоби либосу тарзи зиндагӣ, боиси болоравии ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа мегардад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ав
Аз хамин калимаи тахаммул монда шудем. Дар сиесат тахаммул гуптани гап нест. Ин калимаро сиесатмадори тарсончак истифода мебарад. Дар сиесат неру лозим аст.

ХНИТ-ро бачабозхову зинокоронашро дидем . Лезбиянка низ дошта бошад???

Устод хитри волканд кааамакак мог сабр кнен ба чашмто мебинен ками кам вида гзаронен таершен!

Ин занхо ки бошанд мегуй дар руи мурда омадан мотам доранд. ё мегуй чанг сар шуд.

господин Кабири, если это правильное направление то желаю Вам успехов.

хакай гапои устодчон. бешак аз ин гуна инсонхои чун кабири метавон дарс омухт. сару по устод панду насихат ва ибратдиханда бар дигарон аст. бояд аз чунин шермардони рохи хак сабак омухт.

Султон
Ба муллою нахзати кори Кабири буд нашуд, акнун занхоро ба инкилоб мехонад. Чойгохи зан дар чомеаи имруз дар сатхи баланд аст. Шабу руз сиёсати гендерй гуфта гаштем. Боз чй мехохад огои Кабирй?

Икром
ФИКРХОИ БЕХТАРИН УСТОДИ ГИРОМИ,ОНХОЕ,КИ БА ШУМО САНГ МЕПАРТОЯНД МЕДОНАНКИ ШУМО РОСТ МЕГУЕД,АЛЛОХИ БУЗУРГ ХАМАРА БАРОХИ РОСТ ХИДОЯТ КУНАД ,АМИЙН

ЯК САВОЛ ДОРАМ. ОЁ СУХАНХОИ КАБИРИРО ИН ЗАНОН МЕФАХМИДА БОШАНД Ё ТАРЧУМОН КАТИ ГАП МЕЗАНАНД.

тоҷдор
ав,
ин "ав" дар ҳақиқат аз номаш пайдост кораш ав ав аст яъне ин ҳамон гуруҳи севум аст ки дар Тоҷикистон ҷанг мехоҳад бо таҳрики ду гуруҳ мехоҳанд оташи ҷанг шуълавар шаваду онҳо ба аҳдофашон расанд
чун ҳар коре мекунанд ва ҳар сенарияеро иҷро мекунанд боз ҳам мебинанд наҳзат ором аст ва ба хушунат даст намезанад, ки ин кор ин гуруҳи СЕВУМро ба шиддат асабонӣ кардааст
касе ки ороми ва ободии ТОҶИКИСТОНро мехоҳад бояд бар зидди ин фитнагарони гуруҳи СЕВУМ мубориза барад!!!!!!!

Точик
Э н.....е як бор дар давраи интихоботи хамин занора исьтифода карда Ойнихола беобру карди баст набуд боз дар пешоруи интихобот домани занора доштестиа?
Занхои мехрубон ба гапои Кабири бовар накунен, Шумора истифода мебараду халос. Агар не чаро акалан дар дохили хизбуш Зарафора муовини Раис таъин нкамекунад. Ин мардак шумолра барои игво андохтан омода кардестай вагарна гапуш тамоман дигарай кардаш дигар. Мега ки чомеаи мо ки мусалмонем бояд аслан мардсолор бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)