Бахшҳо

ВИДЕО: Ҷонибдории генерал ва собиқ мушовири Раҳмон аз додани унвони қаҳрамон ба Нурӣ

Зафар Икромов, генерали тоҷик ва собиқ сармушовири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори додани унвони қаҳрамони Тоҷикистон ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини кишвар мебошад.

Икромов, ки ҳамчунин раҳбарии Сарраёсати умури дохилӣ дар солҳои 90-ум ва ҳамраисии Комиссияи назорати оташбас дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба уҳда доштааст, бегоҳи 25 сентябр, зимни суҳбаташ дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” изҳор дошт, “дар яке аз суҳбатҳо ба ман савол доданд, ки оё Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон сазовор аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон шавад? Ман посухи мусбат додам.”

Зафар Икромов дар идома афзуд, “имрӯз меарзад, ки атрофи чеҳраи сулҳофаринии устод Сайд Абдуллоҳи Нурӣ, одамоне, ки аз мухолифин буданд ва имрӯз берун аз чашми ҷомеаи мо монданд, суҳбатҳои хосса шавад. Аз ҳамаи онҳе, ки дар офаридани сулҳ нақши зиёд доранд, аз ҷумла аз мухолифин сипосгузорам ва дар куҷое, ки бошам хизмати арзандаи онҳоро метавонам қайд кунам. Чаро, ки сулҳ аз як ҷониб намешавад, он офаридаи ду ҷониб мешавад, ки дар сулҳи мо низ заҳмати ду ҷониб яке Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошад”.

Собиқ сармушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъалаи барканорияш аз мансаби давлатӣ низ дахл карда, аз бурду бохташ суҳбат намуд. Ӯ гуфт, аз барканорияш аз як тараф пушаймон аст, ки тамоми нерӯро то охир натавонист барои миллату давлат сарф кунад. Аз тарафи дигар илова намуд, ки замоне дар Дастгоҳи президент ба сифати сармушовир фаъолият мекард, ин масъулият ба ӯ имконияти дуруст намедод, ки ба таълиму тарбияи фарзандон дурусттар машғул шавад,: “Аз ҷониби дигар хурсандӣ дорам, ки ҳамаи фарзандҳоямро дар хориҷа хонондам. Аз президент ва дастгоҳ норозӣ нестам”.

Икромов мегӯяд, феълан ҳаёти шахсияшро пеш бурда истодааст: “Боғ дорам, мол дорам, ба касоне, ки ниёзманданд холисона кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонам”.


ВИДЕОИ суҳбати Икромов дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо":



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вваа
Бар падарат рахмат, Зафар Икромов. Агар дар Точикистон шумо барин шахсони росткавлу дилпок бисертар мебуданд, мо холо хеле пеш рафта будем.

Яъкуб.Душанбешахр.
Дар хакикат хам Шахсияти озодандешу пок будааст.Имруз хама аз сулх сухан мегуяду факат хизмати як тараф медонад ин сулхро ,хол онки хизмати мухолифин аз чумла Саид Абдулло Нури зиёд хасту кам не!!

Чаро
Чи тавр як инсоне ки аз чанг ру ба сулх овардааст унвонит кахрамони бигирад. у ягон кахрамоние накардааст, балки иштибохи худу хаммаслаконашро ислоху окибатхои ногувори минбаъдаашро пешгири кард. ин кахрамони нест. Баъдан Нури хангоми Мулло -Абдулло буданаш иштибохи зиёд дошт, нафароне ки шохиди суханронихои у дар толори кинотеатри Поилтодели Бохтар буданд хуб ёд доранд

Исфара
Ба хотири дилсоф буданаш аз кор пеш карданд!

Чавоб ба Яъкуд ва Вваа,
Нури Нури чи кор кардаст ин шахс барои миллат, ки ба он кас унвони Кахрамони миллатро дихем. Вай барои сулх не барои мансаб зур мезад, ки то ки гирду атрофаш сохиби мансаб шаванд. Дидем кихоро бо худ овард.
Биёед монед ин гапхои намешудагиро ислом гуфта Точикистон ва миллатро кариб, ки пора пора карданд. Кахрамонони миллатро мо мешиносем дар хар як мактаб, донишкадаю донишгоххо аксхои онхоро мо мебинем ва фахр мекунем, вале аз як тои онхо мо бисёртар миннатдорем, ки ин Эмомали Рахмон мебошад. Падари миллат, сулхчуй, адолатпарвар, пуштубон, гамхор ва дурандеш мебошанд. Фахри миллати точик. Зинда бош Точикистони азизам, халки точик бо Шумо Эмомали Рахмон.

Дилшод
Рости, зиед мехохам, ки андешахои ба ин монандро аз чониби ягон мансабдори феьли бишнавам. Имруз хар касе, ки андешахои мухолиф бо хукумат ва амалдоронион баен мекунад е аз фиркаи хизб ва харакатхои мухолиф аст е собик кормандони давлату хукуматанд, ки ба кавли худашон ноодилона аз вазифа сабукдуш шудаанд. Хамин "хакикатгуен" низ дар замони вазирию кабириашон на еде аз С. Нури мекарданд на еде аз Салимову Искандарову Мирзоев. Сиришти мардуми точик хамин тавр будаст, ки вакти сохибмансаб будан хам Худову хам Расулашон раисчумхур аст. (Наьузубиллох)

Хамадони
Лоакал сахми уро дар Таърихи миллат мегуфтед? Шояд чиход бар зидди кулобихо,таксимбандии миллат ба махал,чалби мучохидони номдор Хаттаб,Абу ал Валид,шайх Урдуни,дахшати Хамоми Туркманистон,рафтор дар масчиди Гарм кадоме аз инхо миллатро ташаккул дод? Маро маъзур доред пас имкон бошад Сангаку Файзали,Абдугаффори касоб,Турачонзода Акбар,Чоловхо,Лангари,кури Абдураззок,Салмону Ризвон,Рахмон гитлер ва садхо зархаридони афгону арабиро унвони кахрамон дихем чи?? Оли мучохидони точики имрузаи Сурия онхо низ кахрамонанд... ахсан сармушовир..Магар чи гуна ба аксарият маскунони чануби кишвар инро фахмониданиед? Ва омили аслии бечораги факр ва разолати миллат кудуми нахустини хаминхост.

правильное решение.

5555
дигар кор надоред.................

пррппр
Хамадони,

Дар бораи чалби спецнази Узбакистон, истифодаи танку самолетхои дивизияи 201-уми Россия, даъватхо ба каллабур кардани мардхои гарми аз 7 то 70 сола, катли оми гурезахои вилояти Кургонтеппа, катли оми сокинони осишта дар дехаи Сумбулок ва купруки Сайрон хам едовар шав.

Чаъфар
дар Аврупо холо мардум ба хар рох мехоханд дар таваччухи дигарон бошанд. ба мисли: хар хел тату дар руяшон мекашанд, ё дар телевизион ягон чизи гайритабии нишон медиханд то ки дигарон ба онхо ахамият диханд. Маълум мешавад, ки дар Точикистон ин хам муд шудаст. Ин акаи Зафар барои дар таваччухи одамон будан худро РЕКЛАМА карда истодааст да!

эй мардуми ТОЧИК аслан гирем дар ин чанг хеч кас кахрамон нест. АЛБАТТА САВОЛ МЕДИХЕД КИ ЧАРО????
ЧАВОБ ИНКИ: ИН ЧАНГ АЗ ХОРИЧ БА РОХ МОНДА ШУД. БО ИСТИФОДА АЗ СОДАЛАВХИИ МАРДУМИ ШАРИФИ КУЛОБ КИ АЗ ГАЙРАТАШОН СУЪИСТИФОДА ШУД ВА ХАМЧУНИН АЗ БЕТАЧРИБАГИИ СИЁСИИ МАРДУМИ ХАКТАЛАБИ МУХОЛИФИНИ ХАМОНВАКТА. ВАКТЕ КИ БА ХАДАФ РАСИДАН ЯЪНЕ ИКТИСОДИЁТИ БЕИН ХАМ ЗАЪИФИ МОРО ШИКАСТАНД МАРДУМИ МУСАЛМОН БЕХОНАВУ ДАР ВА БЕВАВУ ЯТИМ ШУДАНД СИПАС ГУФТАНД КИ АКНУН СУЛХ КУНЕД ВА ИМОМАЛИИ ХАМЧУН КАХРАМОН МУАРРИФИ ШУД НУРИ КИ БОРИ ГАРОН БА ДУШАШ УФТОДА БУД НАКШАИ ТАХАВВУЛОТАША НОРАСИДА АБОРТ КАРДАН ДИГАР НАТИЧАЕ ГИРИФТА НАТАВОНИСТА МАЧБУР ШУД СУЛХ КУНАД МАРДУМИ ГУРЕЗАРА БИЁРА БА ВАТАНАШ.... ...
БАРОИ ХАМИН ХЕЧ КАС КАХРАМОН НЕСТ ИНЧА ХАМААШ ГУНАХКОРАН СУХТАГИ БОЙДОДАГИ МАРДУМИ БЕЧОРАИ МАЗЛУМИ ОВОРАВУ САРГАРДОНУ ХОЛО ХАМ БЕСОХИБИ ТОЧИКАЙ... ....
ШУМО КАЙ ХАКИКАТА МЕФАХМЕН??????????????????????!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
ОЗОДАГОН МУЖИКВОРЕ БЕКАМУКОСТ ЧОПАШ КУН

вокиф
и хел бошад биёед ба турачонзода, мулло абдулло,рахмон гитлер. ризвон. эшони киёмддин,курбони чол ва умуман ба хамаи каллабурони халки одди кахрамони унвон дихем...ха гуфтаги барин ба хочагони хоричии Нурию Турачонзода низ ягон тухфа дихед..барои хуни нохаки рехтаи точик..барои ин таклифаш ба ин генерал унвони маршал дода шавад..

Яъкуб.Душанбешахр.
Ба Истиклол!
Рахмон сулх кард гуфта ба у кахрамон додед.Нури хам сулх кард бояд кахрамон бошад.Дуввум онки Нури на худ ягон вазифа гирифт на акаву додараш.

фирдавс
Акаи Зафар Икромовро мешиносам, вокеан марди босаводу бофарханг хастанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)