Бахшҳо
27 сен 2014 10:29Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Профессор Табаров аз Убайдуллоев хизматгор мехоҳад

Соҳиб Табаров, адабиётшиносони маъруфи тоҷик, ҳамсоли шаҳри Душанбе, ки имсол ба синни 90 мерасад, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт як хизматгор талаб дорад.

Табаров шоми 26-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигори телевизиони “Пойтахт” гуфт, ба далели пирӣ ва вазъи бади саломатияш феълан ба як хизматгор ниёз дорад, ки ӯро нигоҳубин кунад: “Дар урфият мегӯянд одам, ки пир шуд як пояш дар гӯр асту як пояш берун аз гӯр. Ман, ки дар ин синни 90 расидам, акнун алами ятимиям аз нав дард мекунад. Ман муҳтоҷи як хидматгори доимӣ мебошам, ки либосҳоямро пӯшонад, дар шустушӯ кӯмак кунад”.

Ин донишманди тоҷик афзуд, ки “агар раиси Душанбе ғамхорӣ кунаду бо дастури махсуси худашон барои хизматҳои Соҳиб Табаров дар назди миллат ва шаҳри Душанбе як хизматгорро таъмин кунад, хуб мешуд.”

Ванда Витолдовна ҳамсари Соҳиб Табаров, ки дар муддати 63 сол зиндагии якҷоя доштаанд, тирамоҳи соли 2008-ум дунёро падруд гуфта буд. Онҳо ду фарзанд-як писар ва як духтар доранд.

Соҳиб Табаров, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз 850 асару таълифоти илмӣ мебошад.
Мӯҳр
АНТИГОНА
Рост аст.УСТОД БОЗ МИСЛИ УСТОДИ РАВОНШОД МУХАММАДЧОН ШАКУРИ НАШАВАД!

Устоди бузург фарзандо кучоба?

Аъзам
Ягон кас мара мега, ки хами таваров чи хизмат кардаст барои точик?
Яг балаболай
Фарзандош нигахуш накунан раиси шах уда хизматгор бта

Ватандӯст
Хуб мешуд,Озодагон дар бораи фарзандони Табаров як матлаби алоҳида омода мекард ва мепурсид, ки онҳо чаро аз падарашон бепарвоанд. Оё онҳо боре аз падар хабар гирифтаанд?

Юсуф
Хдо гира итари фарзанда иқа олим бошӣ нахо фарзанда ҳамита тарбия кни ки да пири асои дастт нашаван
фарҳанги русӣ ва ғарбӣ натиҷаш ҳамин аст ҷаноби ПУРФУСУР
ин тоифа дар замони Шуравӣ теша бар решаи милату фарҳанг зада русгароӣро бо гирифтани зани рус ва дар хона русӣ суҳбат карданро таблиғ мекарданд ин ҳам натиҷааш

Чархи Фалак
Дар ҷавонӣ фикри пириро кардан даркор буд.
Фарзандонро тарбияи тоҷикӣ додан даркор буд, то ғамхору мушфиқи сари пириҳо шаванд. Худованд моро аз ин гуна пирӣ нигаҳ дорад.

худои таоло мушкили устодро осон кунад
бародарое ки занхои гайри точикро таърифу тавсиф мекунед
мана барои шумо як мисоли одди ва равшан ки окибати витолодовнахоро гирифтан чи аст
дар дами пири як писару як духтар доранд бечора устод боз ба хизматгор ниёз доранд
ФАХМИДА МЕШАВАД ФАРЗАНДОНАШОН ТАРБИЯИ ГАЙРИ ТОЧИКИ ИСЛОМИ ГИРИФТААНД КИ МИСЛИ РУСО барин падари 90 солашонро нигах намекунанд
агар нодуруст бошам аз ахлу оилаашон узр мехохам
бигзор озодагон аз паси ин масала шаванду барои мо фахмонанад ки чаро ин тавр шудааст

Хикмат
Бечора устод "Нигахбон" талаб кардаст. Хизматгор ин калдимаи манфи аст. Лутфан ин хохиши муйсафеди бечораро ба суол набаред. Хукумта масъул аст ки барои у давраи пирии хубро таъмин кунад.

99
Давлат муаазаф аст, ки на фақат ба олимони пиршуда, балки ба ҳамаи пирони эҳтиёҷманд чунин хизматро расонад. Яъне, пирону маъюбони эҳтиёҷманд дар хона ё дар муассисаҳои махсус аз тамоми хизматроасониҳои зарурӣ бархурдор бошанд.
Инро "системаи номукаммали хизматрасонии иҷтимоӣ ба мардум ва ноуҳдабароии масъулон" мегӯянд, ки ҳатто олими 90 соларо маҷбур кардааст, ба давлат муроҷиат кунад, то давлат вазифаи худро дар пеши як шаҳрвандаш адо кунад!!!

устод дар холате ки фарзандонат ба кадри хизматхои шумо нарасанд аз дигарон хизматгор талаб накунед...

Нома ба Устод Сохиб Табаров бо эпигрефаш.
Аввалаш, ки раиси шахри Душанбе мухтарам Махмасаид Убайдуллоев худширинй накарда, конунхои ЧТ-ро эхтиром гузорад... Конуни ЧТ ...масъулияти падару модар... ё намедонам ин конун нокис аст чй? Пахлуи дигараш фарзанд бояд дар пирй дасти волидайн гирад. Ё дар Точикистон бо фармони боло касеро хоханд гулом мекунанд ё ба гуломй медиханд (феодализми точикй)? Чаро онхое ки имруз ба мартабахои болоии илм? (харчанд донишашон паст буд ва хаст) ва ба рохбарии вазорату идорахо (бале бо дастгирии С.Табаров) расиданд, аз устод-падарашон ёд намекунанд? Агар Табаров солхои чавонияш дасту пушти Абдучаббору Кутбиддину Шарофиддину дир "бор"-у "дин"-хоро намегирифту ба дигарон низ дар илм хайрхох мешуд, ба ин руз намерасид. Дар ин рузхои пирй мо ба у аз дилу чон, на хамчун ГУЛОМ, балки хамчун инсон дастгир мешудем ва хакки шогирдиро ба чо меовардем. Гандум коштй гандум, чав коштй, чав медаравй!
Бо гаму афсус собик шогирдатон- ронандаи таксй! Ман хам мехостам, бо хамон часорати чавонй ба миллат дар чодаи илм хизмат кунам. Харчанд географияам ба геграфияи ту рост меомад, донишам аз донишу фахмиши "шогирдон-писарони дустдорат" боло буд, вале косалесиро дуст намедоштам ва то хол бо обилаи дастони худ нонамро халол мекунам. Аз зиндагиям наменолам ва фарзандонаро дар ин рохи ростй , мехру шафкат тарбия менамоям.
Сониян, Табаров ва хамаатонро ба Худо месупорам.
PS: Он рузхо бахилй намекардй, кифоя бо "АЛО" гуфтанат, ба кумакат мешитофтам. Ва сари болини пирият аз абёти одаму одамгарии Хофизу Бедил Саъдию Чомй ... (онхоро ман дар мактаби миёна хондам, бо хидояти шумо не) суханхо мекардам. Хандан дигар асту фахмидан дигар асту одамият дигар, УСТОДИ бзург! Аз шогирдони носипосатон нохинчор нашавед, ки гуфтаанд ... ХАРРО МУЛЛО КАРДАН ОСОН, ВАЛЕ АФСУС ХУЛКИ МОДАРЗОДЙ АЗ У БЕРУН НАШАВАД (ба Шумо дигар шарт нест, ки ин иктибос аз кучо гирифта шудааст).

дилсуз
табаров шоядзани мусамон мегирифтед ба рузи ьбад гирифтор намешудед бигзор акнун ба шумо иржи бечка кумак расонад

дилсуз
Табаров, агар дар вакташзани мусулмон мегирифтед, шоядба ин рузитабох намерасидед.Акнун Иржи Бечка гуфта гардед. Шояд арвохи вай Шуморо мададгор шавад, вагарна хеч кас ба додатон намерасад.

Салом ба хамаи онхое, ки вобаста ба ин матлаб фикри худро баён кардаанд. Рости, шархи хамаи шуморо хондаму хеле гамгин шудам... Ин кадар носипоси ва берахми нисбати як шахси муътабару донишманд ва умуман муйсафеди пир....
Пеш аз хама мехохам ба сахми шумо расонам, ки хамрохи устод Сохиб Табаров чандин сол аст, ки духтарашон Саодат зиндаги мекунад ва уро нигохубин менамояд. Баъд аз гузаштани модараш Ванда Витолдовна духтари устод парастори падараш аст. Шодравон Ванда Витольдовна нимполяку нимрус буданд. Хеле зани халиму гамхор буданд ва аз занони мусулмон хеч камие надоштанд. Хеле мехмоннавоз буданд. Ба забони точики чунон форам сухан мекарданд, ки мехости соатхо гушаш куни... Бо устод низ хеле мехрубон буданд хамеша.
Писари устод - Темур айни хол дар Россия умр ба сар мебарад (номзади илми физика аст). Ба он нигох накарда, ки сактаи дил гузаронидааст, кушиш мекунад падарашоро хамеша хабар гирад. Тобистони соли равон низ у ба аёдати киблагохаш омада, бо у зиёда аз як мох буд.
Саодат, духтари устод бошад, мусикашинос аст. Холо у дар нафака аст, вале дар яке аз мактабхои мусики дарс медихад ва хамзамон падарашро нигохубин менамояд. Дар вакти набуданаш дар хона як нафар аз кормандони ичтимоии махаллаи зисти устод уро нигох мекунад.
Дар барномаи ТВ Пойтахт устод дар хаячон омада гуфтааст, ки "...ба як нафаре ниёз дорам, ки шабу руз маро нигохубин кунад....". Шояд дар синну солди устод мо хам чунин хохиш кунем, зеро инсон дар чунин синну соли муборак ба таваччухи бештаре ниёз дорад.
Хар вакте, ки ба наздаш меравам у чунин мегуяд - "Ман ба одам мухточам. Тез-тез биёед! Омада натавонед агар зангам занед! Ба ман чизе набиёред, ман хамаи чиз дорам! Танхо ба муошират, ба одам мухточам...".
Шогирдонаш хам мунтазам хабараш мегиранд, кумакаш мекунанд. Дар хамаи гаму шодияш хамрохаш мебошанд. Хешу табораш аз Муъминобод низ пайваста хабараш мегиранд.
Хуб мешуд, ки рузноманигори "Озодагон" аввал рафта аз ахволи устод хабардор мешуданд, бо духтарашон сухбат мекарданд ва баъд маводе омода месохтанд.
Барномаи ТВ "Пойтахт" низ ба талаботи жанри телевизиони чавобгу нест...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)