Ҳусайнӣ дар Рашт ба ивази қудрат саодати ду дунёро ваъда дод

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо мардуми Рашт гуфтааст, агар ҲНИТ қудрат ва зимоми давлатро ба даст гирад, хушбахтии ду дунёро барои тоҷикистониён таъмин мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ дар мулоқот бо интихобкунандагон дар минтақаи Рашт, ки бо ҳузури намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ баргузор шудааст, Ҳусайнӣ изҳор доштааст, “агар қудрат ва зимоми давлатро ба ҲНИТ бовар кунед, мо саодати дорайн (дунё ва охират)-ро барои Шумо таъмин мекунем, иншоаллоҳ.”
Ба гуфтаи Сайидумар Ҳусайнӣ, ин ҳарфҳо замоне аз сӯи ӯ садо додаанд, ки намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ин вохурӣ аз ҲХДТ васф кардаанд.
Муовини аввали раиси ҲНИТ илова кардааст, “ҳизби мо вуҷуди фасод ва дигар амалҳои ғайриқонуниро маҳкум мекунад. Таъкиди мо ин аст, ки қонунмеҳварӣ фарҳанги мардум қарор бигирад.”
Ин ваъдаи оқои Ҳусайнӣ ба интихобкунандагони тоҷик дар ҳолест, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон моҳҳои ангуштшуморе мондааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш, ҲНИТ 42 ҳазор узв дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |