Бахшҳо

Нашри фатвоҳои Эшони Тураҷон

Як бахше аз фатвоҳои марҳум Эшони Муҳаммадрафиъ, машҳур ба Эшони Тураҷон, падари бародарон Тураҷонзодаҳо аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.

Ин фатвоҳоро торнамои хонаводагии Turajon.org мунташир карда, навиштааст, ҳанӯз як қисми онҳо дар ҳоли баргардонанд ва ояндаи наздик дастраси корбарон хоҳанд шуд. Ба иттилои торнамо, Эшони Тураҷон дар айёми зиндагии худ ҳар фатвое додааст, ба таври хаттӣ низ сабт шуда, ҳоло наздиконаш беш аз ҳазор варақаи хурду калон аз ин фатвоҳоро доранд.

Фатвоҳои нашршудаи Эшони Тураҷон иборат аз ду қисм – “Таҳорат” ва “Намоз” буда, ҳудуди 20 бобро дар бар мегирад.

Эшони Муҳаммадрафиъ баҳори соли 1934 дар хонадони руҳонӣ - Эшони Халифа Абдулкарим дар деҳаи Пичеф (Ромит) ба дунё омадааст. Ӯ ба иловаи ҳифзи Куръони Карим, аҳодиси набавӣ, ақволи фиқҳӣ, китоби “Маъданулҳол”-и Ҷунуниро ба пуррагӣ азёд карда, илми фиқҳро дар назди домулло Абдулҷалил ва илми таҷвиду миросро аз домулло Абдуссамад омӯхтааст. “То синни 18 солагӣ дар ҳузури уламо дарс омӯхта, баъдан ба ҷамъоварии китобҳои нодир дар улуми фиқҳу тафсир, ҳадису торих, адаб ва ғайра шурӯъ кардааст. Ҳар китобе, ки дастраси ӯ мешуд, ба тариқи худомӯзӣ мутолиа мекард. Китобҳои эшон тақрибан ба хазорҳо мерасад, ки аксари онҳо нодир ва дастхат ҳастанд”,-навиштааст торнамо дар шарҳи ҳоли ӯ.

Эшони Тураҷон бо тавсияи яке аз дӯстонаш симмати имом-хатибиро интихоб карда, дар масҷиди қарияи Роҳатӣ зиёда аз 34 сол аз тариқи минбари масҷид ва маросиму маҳофил ба мардум аз суханони Худованду паёмбараш (с) мавъизаҳо кардааст. Соли 1994 то соли 1998 дар ҷумҳурии Қазоқистон, сипас дар ҷумҳурии исломи Эрон муҳоҷир буда, соли 1998 ба Ватан бармегардад. 5 августи соли 2005 баъд аз бемории шадид аз олам чашм пӯшида, ҷанозаааш дар деҳаи Ваҳдатобод (Туркобод) ба хок супорида шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
асалом мардуме ки ин торномаро мехонед, шоир гуфтааст,

Сухандони парварда пири кухан,
Биандешад вонгах бигуяд сухан,
Мазан бе тахамул ба гуфтордам,
Наку гуи магар дер гуи чи гам,
бочунин сабру тахамул то баин дарача расидаан, на бамонанди муллохои охурьину бе гайрат, аз пеши худашон харгуна фатвохои беасосро аз пешихудашон мегуянд аз тарси вазифа шуда,

Абдулло
Худо рахмату магфират кунад устоди азизро.

нишонахои охиратзамон! акнун Турачонзодахо худро 5-ум имом муаррифи карданианд чи? Хамун китобхояшон аз дигар китобхо гирифташудааст, вагарна фатвохои нодурусти онхо ба бетартибии дини оварда мерасонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)