Бахшҳо

ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...

1 октябр 274-умин рӯзи сол ва аввалин рӯзи моҳи дуюми тирамоҳ аст. То поёни сол 91 рӯз монда.

1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.

Мавзуна тайи бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени “Шараф” сарфароз гардонд.

Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад. Номи Мавзуна чанд рӯз пештар дубора ба сархати хабарҳои варзишии ҷаҳон баромад. Дар нахустин дидораш дар Бозиҳои XVII-уми Осиё (Кореяи Ҷанубӣ) Аяко Минова, намояндаи Ҷопонро дар сонияи 56-ум ба нокаут фиристод, аммо дар қувваозмоии баъдӣ шикаст хурд.

ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...


*Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
*Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон;
*Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951);
*Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
*Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
*Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих;
*Низомиддин Валиев (1949) – меъмор;
*Николай Детсик (1922) – коргардони театр;
*Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор;
*Дилмурод Каримов (1947) – меъмор;
*Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор;
*Маҷид Салим (1959) – нависанда;
*Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор;
*Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ;
*Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим;
*Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ;
*Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон;
*Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир;
*Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
*Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
*Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;

ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...


# Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ (аз соли 1975);
# Рӯзи ҷаҳонии солмандон (аз соли 1991);

Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад. Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи “пиршавӣ” кумак намоянд. 1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд. Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст. Хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе бо нафарони сину соли бузургтар суҳбат кард, ки наворашро инҷо бубинед.



# Рӯзи кормандони додситонӣ дар Озарбойҷон;
# Рӯзи иттиҳод дар Камерун;
# Рӯзи истиқлол дар Нигерия;
# Рӯзи муаллимон дар Узбакистон;
# Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии мардумии Чин

ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...


= Фабрикаи мебелсозии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба фаъолият оғоз кард (1960);
= Телевизиони марказии СССР пахши барномаҳои рангаро оғоз кард (1967);
= Пеле футболи “калон”-ро тарк кард. Ин футболбози маъруф дар 1363 бозӣ 1281 гол задааст (1977);
= Тими миллии СССР мунтахаби Бразилияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, қаҳрамони олимпӣ шуд (1988);
= Дар СССР қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ” қабул шуд (1990);
= Шӯрои амнияти СММ таҳримҳо алайҳи Югославияро бекор кард (1996);

ВИДЕО: Мавлуди Мавзуна, карераи Пеле, Рӯзи солмандон, Фабрикаи мебелсозии Ленинобод...


^Шаҳри Душанбе – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 10-12, рӯзона 30-32;
^ Навоҳии тобеи марказ: – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9-14, рӯзона 28-33, дар баландкуҳҳо шабона 6-11, рӯзона 21-26;

^ Шаҳри Қӯрғонтеппа – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 16-18, рӯзона 31-33;
^ Шаҳри Кӯлоб - Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 16-18, рӯзона 31-33;

Вилояти Хатлон – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ 2-7 м/с. ТҲарорат: дар водиҳо шабона 14-19, рӯзона 29-34, доманакуҳҳо шабона 9-14, рӯзона 24-29;

^ Шаҳри Хуҷанд – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 3-8 м/с. Ҳарорат: шабона 15-17, рӯзона 26-28;

Вилояти Суғд – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти Шарқ 4-9 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12-17, рӯзона 24-29, дар куҳҳо шабона 4-9, рӯзона 17-22;

^ Шаҳри Хоруғ – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол 2-7м/с. Ҳарорат: шабона 4-6, рӯзона 20-22;
^ Шаҳри Мурғоб – Тағйирёбандаи бебориш. Шамол 2-7м/с. Ҳарорат: шабона 1-3 хунук, рӯзона 14-16 гарм;

ВМКБ – Тағйирёбандаи бебориш, 4/10 борони кӯтоҳмуддат (дар баландии беш аз 3000 метр барф). Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 5-10, рӯзона 21-26, дар ШВМКБ шабона 0-5 хунук, рӯзона 12-17 гарм.

Маълумот аз торнамои meteo.tj

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
дуст
имруз зодрузи Умед Ахмадов -Сармухаррири идораи Чавони ва варзиши телевизиони Сафина низ хаст. Дустони ин журналисти варзида Уро бо ин санаи фархунда табрик мекунем!! Саломат бошед дустам ва ГАП_ГАП - аз нав ташкил кунед !

Глоббер
Аз хама асосаш зодрузи нависандаи бузург Юсуфчон Акобиров хастанд.Дигар ин варзишгархои хурду миёна назди зодрузи чунин бузургворон хеч астанд!Бозихои Осиёи вокеъан нишон дод,ки олимпиадаи Лондон барои занони муштзан аввалин бор буд,аз ин ру дар хар вазн аз 3-4 кас беш набуд ва кариб хамаи боксёрони зан медал гирифтанд!Холо бошад вазъ дигар аст.Занони зиёд барои медал на аз 10 кас мубориза мебаранд.Олитмпиадаи Бразилия-16 боз пурракобат мешавад.Олимпиадаи Лондон ин як имтихон барои ичозати занон дар риштаи бокс буд.Дигар чунин олимпиадаи беракобат дар риштаи бокси олими намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)