Бахшҳо
01 окт 2014 16:28Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

HelpAge International: Вазъи солмандон дар Тоҷикистон бадтар шудааст (ВИДЕО)

Созмони ғайридавлатии HelpAge International аз бадтар шудани вазъи солмандон дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ хабар додааст.

Ин созмон дар пайи омӯзиши вазъи куҳансолон дар гӯшаву канори олам гузоришеро таҳти унвони “Индекси глобалии солмандон дар соли 2014” нашр карда, Тоҷикистонро дар миёни 96 кишвари дунё дар мақоми 61 нишондааст.

Дар ҳоле, ки дар таҳқиқоти соли гузаштаи ин созмон Тоҷикистон миёни 91 кишвар мақоми 52-юмро соҳиб шуд. Аз байни давлатҳои пасошӯравӣ мақоми баландро Эстония гирифтааст. Он дар ҷои 20-ум қарор дорад. Дар ин раддабандӣ Гурҷистон дар мақоми 28, Латвия – 35, Арманистон – 40, Қирғизистон – 49, Литва – 60 ва Молдов дар мақоми 74-ум ҷой гирифта, Озарбойҷону Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон имсол ба феҳрист роҳ наёфтаанд.

Норвегия, Шветсия, Швейтсария, Канада ва Олмон ба панҷгонаи беҳтарин кишварҳо барои зиндагии солмандон шомил шуда, мақоми охири радабандӣ насиби Афғонистон шудааст.

Ба омори Созмони милали муттаҳид то соли 2030 теъдоди афроде, ки синашон аз 60 боло мебошад, ба 1,4 миллиард хоҳад расид. HelpAge International дар ин гузориши худ қайд кардааст, то соли 2050 21 дар сади аҳолии дунёро афроди синашон аз 60 боло ташкил хоҳанд дод.

Гузориши HelpAge International дар бораи бад шудани вазъи зиндагии солмандон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бештари афроди бузургсол дар як назарпурсӣ ба “Озодагон” гуфтанд, вазъи зиндагияшон олӣ аст ва шикояте надоранд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Агар хаму сагерахои бечорату,ки дар зери зулму ситами омони русу скинхедо дар росия чоншона ба кафи даст гирифта, боазоб чор танга кор мекунанду роиту мекунанд, дар барту бошанду аз бекори чи кор карданшона надонанд, ана баъд мебинем, ки чи хел ика дагдага мекунен бо 150 сомони пенсиятон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)