Бахшҳо

Мақоми давлатии забони тоҷикӣ дар Узбакистон. Танҳо баъди Ислом Каримов?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Пулод Охунов, вакили пешини Шӯрои СССР дар нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Варшаваи Лаҳистон пешниҳод кардааст, дар Узбакистон ба забони тоҷикӣ мақоми расмӣ дода шавад.

Ин пешниҳоди сиёсатмадори узбак дар ҳоле садо медиҳад, ки соҳибназарон солҳост аз вазъи нигаронкунандаи забони тоҷикӣ дар Узбакистон мегӯянд. Сиёсати имрӯзи ҳукумати Узбакистон бар пояи “тоҷикситез”-ӣ устувор аст ва рӯз аз рӯз забони тоҷикӣ дар ин кишвар маҳдуд мешавад. Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба ин омилҳо бовар надоранд, ки ҳукумати Узбакистон ба ин содагӣ пешниҳоди мақоми давлатӣ додани забони тоҷикиро бипазирад. Аз сӯйи дигар ин коршиносон муътақиданд, мақоми расмӣ касб кардани забони тоҷикӣ дар он кишвар бар суди худи узбакҳо хоҳад буд.

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири райиси ҷумҳури Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба миён гузоштани чунин пешниҳод аз ҷониби донишманди узбак зарурати мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар Узбакистонро таъйид мекунад. Ба бовари ин коршинос ба сифати забони расмӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ метавонад ба қисме аз мушкилоти иҷтимоии он давлат хотима гузорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, мақомоти Узбакистон ба ин содагӣ чунин пешниҳодеро қабул нахоҳанд кард: “Тасавввур кардан душвор аст, ки ин пешниҳод дар Узбакистон амалӣ мешавад. Ман гумон мекунам, ҳукумати Узбакистон қудрати онро дорад, ки рӯйи ин масъала андеша кунад, аз ҷумла раҳбараш Ислом Каримов”.

Бархе соҳибназарон бар ин боваранд, агарчи узбакҳо нажодан турк шумурда мешаванд, аммо фарҳангашон комилан тоҷикӣ-эронӣ мебошад. Бо такя ба ин омил онҳо меафзоянд, мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ дар ин минтақа метавонад бар суди худи узбакҳо бошад. Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик, таъкид мекунад, “аз замони ташкили ҷумҳурии Узбакистон сиёсати давлатмардони Узбакистон сиёсати зиддитоҷикӣ буд. Тамоми корашон дар зарфи 70 сол ин будааст, ки забони тоҷикиро дар Узбакистон маҳдуд кунанд”.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, дар замони фурӯпошии Шӯравӣ тоҷикони Узбакистон натавонистанд ба дарёфти мақоми расмӣ барои забони тоҷикӣ даст ёбанд. Аз ин рӯ дар шароити имрӯз давлатмардони узбак, ки мухолифати шадид ба забони тоҷикӣ нишон медиҳанд, пешниҳоди олими худро намепазиранд. Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик ҳам гуфт, дар солҳои наздик амалӣ чунин пешниҳод аз воқеият дур аст: “Дар вазъияти кунунӣ ман ба амалӣ шудани ин пешниҳод бовар надорам”.

Бо ин вуҷуд, коршиносон таъкид мекунанд, дар сурати суқути режими Ислом Каримов ва рӯйи кор омадани низоми нисбатан озод, тоҷикон аз ҳуввияти худ дифоъ хоҳанд кард. Масъалаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ки ҳоло ба гунае мисли сароб ба назар мерасад, фардо амалан дар хоки Узбакистон бидуни ҳеч тарсу ҳарос матраҳ хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эксперт
Ин бехтарин мавзуе буд ки дар 10 соли охир дар расонахо хусусан расонахои точик мехонам албатта аз назари худам ва гумони ман ин аст ки агарчи мо точикони Точикистон сохиби истиклол хастем ва як чумхурии мустакилро дорем бе доштани шаххое чун Самарканду Бухоро Тирмизу Фаргона комил нахохем буд. Мо мустакилем аммо комил нестем.. комил набудан ба маънои доштани заъфи чиддист. Хар чое дунё равед (албатта ба гайри мардуми курд ки холашон аз мо табохтар аст дар ин масъала) ки хеч давлате надоранду дар чандин кишвари чахон пароканда хастанд табохтарин холро мо точикон дорем.. Точикистон 7 миллион точики "холис" дорад аммо Афгонистону Узбакистон бино ба маълумотхои дакики гайрирасми хар кадом ду баробар бештар аз Точикистон точик доранд..

Dev
In korshinosonu sijosatshinosoni mo hama chun tuti yak gap dorand:nameshavad. Ohir shutur ob hurdani shavad gardanashro daroz mekunad, mo hama bo yak ovoz guem,ki nameshavad, pas nameshavad.Kushish kardan darkor ,ki shavad! Samarkandu Buhororo niz hamin "nameshavad"-i mo ba digaron dod. Hamin "nameshavad"-i mo bud,ki lavozimoti jangiyu bazai harbii az Shuravi monda ba mo natrasid.Agar mo intizorem,ki kase ba joi mo hamin korro dar Uzbakiston kunad, pas mo kistem?

Абдукодири Рустам рост мега ташкил шавии давлати УЗССРда аввалин рохбарош Усмон Юсупов, Охунбобоев ...Нишонов хозир Ислом Каримов инхо асосан точик хастан локин инхо худошонро точик намехисобан . Мумкин аз точик буданшон ор кунад.

Фирдавс
Мақоми давлатии забони порсӣ дар ТОҷикистон. Танҳо баъди Эмомалӣ Раҳмон.

бигузор макомотхои мохам чорахо бинанд то забони узбакиро низ махдуд кунанд дар мо... барои чи узбакхо инро метавонистаанду мо не?

Мумин
Агар рохбари давлати Узбакистон ягон марди узбак интихоб шавад мумкин баъд забони точики давлати шавад то вакте, ки точикон рохбарии ин давлатро ба душ доранд забони точики давлати намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)