Бахшҳо

Президент устодашро ба ҳаҷ фиристод: Шумо барои муаллиматон чӣ кардед?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири қадрдонии меҳнатҳои омӯзгор, дар маъракаи Ҳаҷ-2014 роҳбари синфаш Куган Изутуллоевро ба зиёрати Хонаи Худо фиристодааст. “Озодагон” дар арафаи Рӯзи муаллимон, ки шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон суол кард, ки барои қадрдонии муаллиматон то имрӯз чӣ кор кардаед?

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос

Замони хонандаи мактаб ва донишҷӯ буданам барои муаллимони худ бисёр корҳои хайр ва туҳфа кардам. Аммо, туҳфаи ман таҳсили хуб, ахлоқи намунавӣ, иштирок дар корҳом ҷамъиятӣ, гирифтани ҷойи аввал дар мусобиқаҳо, эҳтироми волидайн ва муаллимон буд. Бинобар ин муаллимон бо ман ифтихор мекарданд. Дар он замон туҳфаҳои моддӣ ҳамчун таҳқир дониста мешуданд. Давлати дигар буд, системаи маориф дигар буд, ки дар он ба ғайр аз дониш чизи дигаре қадр надошт.

Шаҳноз Комилзода, раҳбари бахши равобит бо ҷомеаи ширкати “Мегафон Тоҷикистон”


Албатта, меҳнати муаллимон бояд қадр шавад. Воқеан, кори онҳо хеле душвор аст, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ман аз муаллимони худ Гулбаҳор Шарипова ва Ирина Анатолева хеле миннатдор ҳастам, ки дар мактаби 21-уми Душанбе кор мекунанд. Соли гузашта бо писарам аз коғазҳои ранга гул сохтем ва дар ҳар барги он сифатҳои беҳтарини муаллимонро навиштем ва пеш аз омадани муаллима онҳоро дар мизу тахтаи синф часпонидем. Ғайр аз ин ҳамроҳи бачаҳо синфхонаро бо пуфакҳо оро додем ва гулу ширинӣ овардем. Вақте ӯ вориди синфхона шуд ҳама ба якбор гуфтанд: “Рузи таваллудат муборак!” ва ӯро ба оғӯш гирифтанд. Муаллима аз ин бениҳоят хушнуд шуд ва ашк рехт. Имсол ҳам як сюрприз кардем ва умед дорам хушаш омад.

Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало”


Муаллими аввалини худро дар ёд дорам. То синфи 3-юм ба мо дарс дод ва ба Исроил рафт. Аз ин лиҳоз мо натавонистем чизи арзишмандро ба ӯ туҳфа кунем. Вале, Худоро шукр, ҳамаи ҳамсинфон муаллими дигарро, ки аз синфи 4 то 10 раҳбари синфи мо буду то ҳол дар қайди ҳаёт аст, қадрдонӣ мекунанд. Барои мисол, баҳори имсол ба қиммати 900 доллар барои ӯ дастгоҳи шунавоӣ харидем. Вале ҳар коре, ки ба хотири муаллимон анҷом медиҳем, боз ҳам ҷуброн кардан меҳнати вазнини онҳо хеле душвор ҳаст.
Мӯҳр
Аз Президети ЧТ эхтиромон хохиш менамоем, ки оиди, гуё амр бароварда бошанд, ришхо тарошида сатрхо аз сари мардуми мусулмонони Точикистон кашида шавад, дахолат намоянд, ки кормондони хифзи хукук аз руи барномаи КОР БО ЧОМЕЪАИ ворид намудаи Амрикохо ба ВКД ЧТ руи кор гирифта аз номи Президенти ЧТ ба мардум расонидаан. ки ин амрхои ПРЕЗИДЕНТ мебошад, холо он ки Президенти кишвар чанди маротибахо пуштубони аз дини ислом кардаан он кас ягон вакт мукобили суханхои худованд , ки дар КУРОНИ КАРИМ омадаст сухан накардаанд ва АМР хам набаровардаанд, аз кормандони хифзи хукук хохиш дорем ки хеч вакт нахонда надониста аз номи Президент кишвар ба мардум сухан накунанд, то нисбати ин шахс бадбини мардумро зиёд накунад ва мардумро мукобили Хукумату давлат нахезонад , ки ин хатогии масх аст.Максад аз ин барномахои амрикоихо нисбати давлату хукмат бархезондани мардум аст ва амрикохо нагз медонад ,ки 99 фоизи мардуми точик мусулмонад ва бо воситаи ин корхояшон ба максади худашон расидан аст .

..
Бакозода

Офарин ба химмататон. Лекин хамон 900 долларро бояд едовар намешуди. Садакаро бояд бо дасти рост дод, ки дасти чапат хабар наебад. Ту боши дар сайт аз маблаги садакаат хамаро хабардор мекуни.

..
хакиат,

Гапхои содда назан. Дар Точикистон сиесатро танхо як шахс муайян мекунад. Дигарон, аз он чумла МВД, фармонбардор хастанд.

То ин,ки тифл хонаду сохибхунар шавад !
Устоди мехрубони у,хуни чигар шавад!
Лаънат ба он касе,ки пас аз хатми мактабаш !
Зи устоди мехрубони худ,бехабар шавад !

Бунёд
Чаноби Бакозода! Дар вакташ бо хамсинфонатон доду фарёдкунон гуши муаллиматонро карррр намекардед, имруз 900$ ро сарф карда дастгохи шунавои намехаридед. (Хазл) Иди муалимонро ба тамоми муаллимон "мурак бошад-ее" мегуям!

55
Як е ду муаллимро не балки хаммаашонро хурсанд кардан лозим бо сиесати хуби давлати яъне:
-аз андози замину амвол озод карда шавад
-кувваи барк-50%
-хизмати комунали-50%
-маоши чавобгари замона
ана инаст тухфа ба муаллим ва пас донишро аз хонанда талаб кунем хам мешавад боки хама хеч.

Правилно что Куган Изатуллаев дядя Главредактора "Народной газеты"? Якобы эта информация правилно. Вот вам ступенка!

Kamol
Мебахшед, раис ба кумита фармон медихад, ки муаллими маро ба хач фиристед, аммо мо чи. Мо дар точикистон касе нестем, хатто ба хотири аз дигар махал буданамон хатто хукук ва хакки конунии худро бо чи кадар мушкили ба даст меорем. Кадом як бефазл танхо ба хотири аз кадом як махал буданаш аз ту имтиёзи зиёд дорад. Ин чи адолат аст? Ва ачиб ки даар тамоми система хамон як тоифа чамъ шудаанд, тамоми ммардум ба таври киёсношудани ва ба таври дилбехуузуркунанда ба доду ба шур омадаанд. Тамоми Точикистон хаста шудааст аз ин гуна махалбозии нотакрори таърихи. Он тоифа хуш андешае хам намекунад, шарм хам намедоранд.

Dev
Mansabi Rahmona ba man dihed , bad pursed,ki ba muallimam , chu u chi hizmat kunam.Ajab mukoisakunie.Ohir u dar kursie nishasztaast,ki metavonad va boyad ba hamai muallimoni Tojikiston hizmat kunad. U boshad boz az hamun Dangara berun naraft.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)