Бахшҳо

Ҷазои сокини Душанбе баъди 18 соли дузанагӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Рустам Ахмедов, сокини кӯчаи Сари Осиёи Душанберо барои дузанагӣ ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум карда, аз 20 дарсади маошаш маҳрум намудааст.

Тибқи қарори додгоҳ Ахмедов давоми як сол дар ҳар ҷойи ноҳияи иқоматаш бо нишондоди мақомот ба корҳои ислоҳӣ машғул шуда, инчунин 20 дасади маошаш ба фоидаи давлат мусодира мегардад.

Ба иттилои манбаъ зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шуд, ки Ахмедов ҳанӯз санаи 21 августи соли 1981 расман оила барпо намуда, то имрӯз соҳиби 5 фарзанд шудааст: “Баробари оилаи аввалаш дар кӯчаи Сари Осиё Ахмедов соли 1996 дар ноҳияи Ҳисор бо зани дигар никоҳи мусулмонӣ баста, то имрӯз соҳиби се фарзанд шудааст.”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ин сокини Душанбе дузанагияшро дар мурофиа эътироф кардааст ва “додгоҳ бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои нав ва ислоҳи шахси ҷиноятпеша ӯро ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.”

Ин дар ҳолест, дар Тоҷикистон 98 дарсади аҳолӣ мусалмон буда, борҳо пешниҳод шуд, ки барои бисёрзанӣ расман иҷоза дода шавад, аммо дар сатҳи мақомот ин масъала ҳатто мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
Мӯҳр
Voh
Агар ин шахс то хол чиноят накарда буд, акнун мекунад. ОО агар 20 дарсади маошашро кашида гиред, чанд сомони дигар маош мегирад, ки 8 фарзанд ва ду занашро хуронад? хатман дуздли ё ягон чиноят хохад кард. Монед ба холаш ки хамин фарзандхояш хам аз дасти беадолатии шумо чинояткор нашаванд. хай занхояш рози бошанд шумо чи кор доред.

Чамшед
Рахимзода. Салимзода, Алимардонов ва г Шералироо чи додгох намебинад? Мардак нест з монед гирад, маъшукабози намекунанд охир ку.

[b]корҳои ислоҳӣ? ЯЪНЕ ЧИ? НАФХМИДАМ ЯГОН КАС ФАХМОНАД ШУКР ГЗОРАМ

Тибки карор баъди суд никохи дуввум бекор карда мешавад, ё новобаста ба чазо харду оила пойдор мемонанд? Лутфан ба хамин савол посух гуед. Зеро метарсам, ки ин холат рузи ба сари ман хам меафтад. Ман тайёрам чарима пардохт кунам, вале аз занхо ва фарзандонам ба хеч вачх чудо шудан намехохам.
Агар чудо кунад алиментро ки бояд пардохт кунад? Давлат ё махкумшуда?

Ақлак
Бечораро ситораи бахташ омад накардааст, да....
О агар ин қонун ин хел зур кор кардан гирад, дар ҳукуматамон одам намемонад! Пешниҳод мекунам қозие, ки ҳамин ҳукмро баровардааст, худаш ба додгоҳ кашида шавад! Агар ин қонун ин тавр кор мекардагӣ бошад, яъне танҳо барои Зайд Саидов ва атрофиёни ӯ ва ин бечораи дигар не, бовар кунед, кишвар ба буҳрон гирифтор мешавад, 60% ҳукумат , 50% суду прокурорҳо, 70% дигар ҳама мансабдору бизнесменҳо ҳамаашон бояд ҷазо гиранд. Барои ҳамин, рафиқони азиз, пешиҳод мекунам, ҳамин қозӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Shahrvand
Чамшед,
Shumo mard boshed tavoned agar zuraton rasad dah zan gired kori Shumo chi

ризки кудакони уро ки фикр мекунад, ин се нафар бо хамдигар тифок бошанд хеч гап неку, барои уро чазо додан дер шудааст, у оиладории хуб мекардагист. у акнун набояд барои судяхо шуда аз зану фарзандонаш чудо бошад, ин козихои хозиразамона худо акл тияд.

Инсоф
Баръакс бо назардошти вазъи кунунии кишвар (вазъи иҷтимоию демографӣ) таъқиби шахсоне, ки ду ва ё зиёда зан доранд худаш зулм аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба адолати иҷтимоӣ ҷавобгӯ нест. Мақомот ин қадар худро бо ин корҳои сатҳиатон нишон надиҳед. Баръакс дузанагиро расмӣ намуда тамоми масъулиятро дар қонунгузории оилавӣ ва гражданӣ инъикос намудан зарур аст. Меъёри ҳуқуқ ҳам догма нест, бояд шароити имрӯзаро ба инобат гирад, фақат илтимос бо эҳсосот вокуниш накунед. Ташаккур.

шохназар
мардхои харому занхои харома чазо намедиханд 8фарзанд бо гадои хуран

Dev
Dar in guna holat vazifai hukumati Tojikiston yak chiz ast.
1. Hamin 8 kudakro jo begizo mondan, jo dar kucha sarson kardan, jo yatim kunondan.
2. Hardui in zanro jang andohtanu hamin oilaro tamoman parokanda kardan.
3.Zanhoro ba korhoi gajriahloki majbur kardan.
4.Hudi Rustam Ahmedovro ba jinoyat tela dodan jo ba sarash yakchand gunohhoi "nappa nav"-i akai Abdufattohi Goibro bor kardan...

qonun
о бародарҳо агар ҳамин қонун баъд аз соли 1996 яъне бади издивоҷу дуюми бародар эълон шуда бошад, на бояд ин бародари мо гунаҳгор дониста шавад.

Анти гумрох
мулло дах зан гирад хапу прокурор ду зан гирад талхакаф мешавед акунн донистед одами бад хастед шумо фанатикхо....

Ай хитоиву, урусову дига миллатода як точик бгира хуб набудаст. Ман худма зомин мекунам ки хучаино бисьёрзана набошан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)