Бахшҳо
03 окт 2014 12:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тоҷикистониён ҳамроҳ бо шиаҳои Лубнону африқоиҳо ид мекунанд

Дақиқ намудани рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги пайравони дини мубини Ислом, ки ба 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа рост меояд, имсол баҳси зиёдеро дар пай дошт. Дар баъзе кишварҳо Иди Қурбон рӯзи 4 ва дар бархеи дигар 5 октябр эълон шудааст.

Аксар давлатҳои исломиву мусулмоннишин, бо шумули Миср, Фаластин, Тунис, Ироқ, Яман, Урдун, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Судон, Сурия, Уммон, Туркия ва Афғонистон, дар муайян кардани ид ба Арабистони Саудӣ пайравӣ карда, 4 октябрро Иди Қурбон эълон кардаанд. Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари ду кишвари африқоӣ- Мағриб (Марокаш) ва Мавритания 5 октябрро рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа ва Иди Қурбон гуфтаанд.

Аммо лубнониҳо дар таҷлили Иди Қурбон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд. Шайх Абдуллатиф Дариён, муфтии аҳли суннати Лубнон барои сунниҳо рӯзи 4 ва Маҷлиси исломии шиаҳои ин кишвар барои пайравони аҳли ташайюъ 5 октябрро Иди Қурбон муайян кардаанд. Дар Сенегал низ бар асари ихтилофҳои зиёд Иди Қурбон ду рӯз – 4 ва 5 октябр эълон шудааст.

Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломӣ ва мусалмонишини ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистону Узбакистон рӯзи Иди Қурбонро 4 октябр медонанд, Тоҷикистон дар қатори Эрону шиаҳои Лубнон ва ду кишвари африқоии Мағриб ва Мавритания 5 октябр аз он таҷлил мекунад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, рӯзи Иди Қурбон ё Азҳоро 5 октябр, дақиқан дар рӯзи таваллуди раиси ҷумҳури кишвар - Эмомалӣ Раҳмон таъин кард.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баъди бо вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шудани қарори шӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шарҳи он пардохта, гуфт, аъзои ниҳоди зертобеаш баъд аз баҳсу баррасӣ ва ҳисобҳои зиёд Иди Қурбонро 5 октябр таъин кардаанд ва аз мардум хост, аз он пайравӣ намоянд. “Аъзои Шӯрои уламо рӯзи идро 5 октябр эълон кардааст ва бояд ҳамаи мову шумо пайравӣ аз Шӯрои уламо кунем. Агар аъзои шӯро хато карда бошанд, онҳо гунаҳкор ҳастанд. Ба мову шумо ҳеч гап нест. Агар савоб карданд, аҷру подош мегиранд”,-таъкид кард ӯ.

Тоҷикистониён рӯзи 5 октябр дар баробари Иди Қурбон аз Иди забони давлатӣ ҳам таҷлил мекунанд. Инчунин, сабқати дзюдо барои дарёфти Ҷоми президент низ дар ин рӯз баргузор мешавад.

Иди Қурбон Дар Тоҷикистон баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Shia - ho malum shudestan ki and))

Лубнон
аз дастаи сиёсату ракобати носолим ва ман маниву шахспарасти, лагандбардориву беимони, дини мубини ислом ва як миллати сохибтамаддун зиён дида истодааст

Зинда бод, сиёсат Як чахон ташаккур

рамз
ин боз як далели дигар ки исломи суннатиимруз дар асри 21 бе сохиб мондааст. даъво дар таквим. бурузи толибон, инфичори мардуми бегунох дар кучаву бозору масочид, даъват ба чиход ба хотири пайрави аз мазхаби худ, талафи 2500 мусалмон дар мукобили 60 сарбози яхуди ва шикастхои пайдарпайи дигар. ба илму аклу дониш ру овардан даркор на ба одату хурофоти пусидаи асри 7 Хукумат Президент олимон акли солим аз мо хамин даъватро доранд. гарданшахихои ифроти чомеаи моро ба нести мебарад. ба худ ойед ин аср асри ришу калтапочаву калушу трубапуфкунихо нест. асри АКЛУ ХИРАДУ ДОНИШУ ТАХАММУЛУ ЛАЁКАТУ ПАЗИРИШИ ЧАНДАНДЕШИ АСТ.
БО ДУСТОН МУРУВАТ БО ДУШМАНОН МАДОРО.
ЗАМОНИ муосир шоххои тезро мешиканад....

илтимос бародархо хамаи мо мусулмонем охир намебинед ки дар чахон чи шудааст хама чо куштор мусулмон мусулмона мекушад мазхаб кати чудо одам накунед чи фарк шиа ё суни одам бошад шуд Ё ХУДОВАНД ин халки мазлуми бечораро аз балои охирузамон начот тех ОМИН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)